Санаи 2 сентябри соли 2024 гурӯҳи меҳмонон дар ҳайати 13 нафар аз кишварҳои аврупоӣ ба монанди Олмону Швейтсария ва Австралия дар асоси мактуби Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ва розигии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ташриф оварданд. Дар даромадгоҳи донишкада меҳмононро бо нону намак ва гулдастаҳо таҳти навои мусиқии асбобҳои зарбию нафасӣ муовинони ректор ва сардори раёсати робитаҳои байналмилалӣ пешвоз гирифта, барои анҷом додани мулоқоти судманд ба толори вохӯрӣ роҳнамоӣ намуданд.
Меҳмонон аз ҷониби ректори донишкада профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин пазируфта шуда, миёни ҷонибҳо шиносоӣ ва мулоқоти судманд сурат гирифт.
Аввалан ректори донишкада Низомӣ Муҳриддин Зайниддин ташрифи меҳмононро ба донишкада шодбошӣ намуда, ҳайати раёсати донишкадаро, ки дар вохӯрӣ иштирок доштанд муаррифӣ намуд. Баъдан доир ба самти фаъолияти донишкада ва тайёр намудани мутахассисони соҳаи фарҳангу санъат, инчунин дастовардҳои донишкада дар ин самт маълумоти лозимаро пешкаши меҳмонон намуд.
Дар навбати худ меҳмонон худро муаррифӣ намуда, ҳадафу мақсад ва нақшаҳои дар раванди ин ташриф доштаашонро иброз доштанд. Меҳмонон иброз намуданд, ки онҳо кормандони соҳаи санъату фарҳанг буда, ҳадафи ташрифи онҳо ба донишкада омӯзиши асбобҳои мусиқии тоҷикӣ ба монанди доира, рубоб ва най мебошад.
Пас аз вохӯрӣ меҳмонон аз толори Арғунун, толори театри таълимӣ ва синфхонаҳои махсуси таълимии соҳаи мусиқӣ дидан намуда, бо раванди таълими асбобҳои зарбию нафасӣ шинос шуданд. Дар ин раванд ба онҳо аз ҷониби устодону донишҷӯён иҷроиши чандд асбобҳои мусиқии миллӣ намоиш дода шуд. Пас аз он меҳмон ба омӯзиши асбобҳои мусиқии интихобшуда тибқи нақша шуруъ намуда, дарсҳои маҳорат аз ҷониби устодони донишкада барои онҳо оғоз гардид.
Ёдовар мешавем, ки дарсҳои маҳорату омӯзиши асбобҳои мусиқӣ барои меҳмонон барои меҳмонон то 14 сентябри соли 2024 ба нақша гирифта шудааст.
Меҳриддин Холов
Сардори раёсати робитаҳои байналмилалии
ДДФСТ ба номи М.Турсунзода