Санаи 29-уми апрел дар МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» бо иштироки донишҷӯёну омӯзгорони ин муассисаи олӣ дар доираи нақшаи факултет ба факултет таҳти унвони «Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон — омили таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ» вохӯрӣ доир гардид.
Дар кори раёсати он директори корхонаи воҳиди давлатии “Маркази ташаккули фарҳанг ва рушди иҷтимоии ҷавонон» Муродзода Муҳсин, корманди Кумитаи дин, танзими анъана ва расму маросими ҶТ Аминов Бурҳониддин ва муовини ректор оид ба корҳои тарбия ва иҷтимоии донишкада Зулайхо Иззатзода иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни мулоқот ироа гардид, ки тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон рукни асосии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакатро ташкил намуда, вобаста ба ин, бевосита дар моддаи 43 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати тақвияти ҳимоя ва ҳифзи Ватан, арзишҳои миллӣ ва манфиатҳои давлату ҷомеа муқаррарот пешбинӣ гардидааст.
Таъкид гардид, ки таҳкими раванди тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон зери таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти олии сиёсии кишвар қарор дошта, Пешвои миллат дар ҳар як суханронӣ ва паёмҳо ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаи мазкур ибрози назар менамоянд. Маҳз таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти олии сиёсии кишвар аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ, дар ин самт як қатор санадҳои қонунгузорӣ ва ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ қабул ва мавриди амал қарор дода шудааст.
Илова гардид, ки имрӯз ҷомеаи мадании кишвар пай бурдааст, ки ниҳоли истиқлол дар сурате ба дарахти бузургу борвар табдил хоҳад ёфт ва меваи ширин хоҳад дод, ки пайваста ба нигоҳубин ва парвариши он таваҷҷуҳ дошта бошем. Яъне мо бояд ҳамеша барои густариш ва афзудани дастовардҳои истиқлол бо эҳсоси гарми ватандӯстиву ватандорӣ, дилсӯзиву масъулиятшиносӣ кору фаъолияти содиқонаву софдилона ва саъю кӯшиши доимӣ намоем. Зеро фалсафаи ҳастӣ чунин аст ва таърихи башар собит намудааст, ки ҳифзи истиқлолият дар қиёс бо ноил шудан ба он амри мушкилтар аст.
Бахши тарбия