Имрӯз таҳти ҳамин унвон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Нақшаи баргузории силсилаи мулоқоту вохӯриҳои масъулини Дастгоҳи марказии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода” бо омӯзгорону донишҷӯёни факултаҳои мусиқӣ-омӯзгорӣ ва журналистикаи ТВ ва радио вохӯрӣ доир гардид.
Дар вохӯрии мазкур муовини ректор, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Иззатзода Зулайхо, намояндаи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши н.Сино Шералиев Парвиз, мутахассиси пешбари кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аминов Бурҳониддин, табиби силшиноси маркази шаҳрии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил Баҳромбоева Хуршеда, декани факултаи журналистикаи ТВ ва радио Ниёзов Лутфулло ширкат намуданд.
Вохӯриро муовини ректор, дотсент Иззатзода Зулайхо ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро хайрамақдам гуфт. Қайд карда шуд, ки чунин вохӯриҳои судманд метавонад, тарбияи ватандӯстии шаҳрвандонро боло бурда, дар замири онҳо ҳисси ватандӯстиро бедор намояд.
Аминов Бурҳониддин дар мавзуи “Хатари хурофот ва ифротгароӣ ба арзишҳои миллӣ” суханронӣ намуда, роҷеъ ба масъалаҳои хурофоту хурофотпарастӣ ва ифротгароӣ дар ҷомеаи муосир, ифротгароӣ манбаи таҳдид ва хатар ба ҷомеа, хурофот ва хурофотпарастӣ – монеаи рушди ҷомеа, усул ва роҳҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди ақидаҳои ифротгароӣ дар миёни ҷавонон, маърифаткунонии ҷомеа усули фаъоли мубориза ба ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ, нақши мазҳаби ҳанафӣ дар пешгирии хурофотпарастӣ ва ифротгароӣ, фарҳанги таҳаммулпазирӣ ва ҳамзистии осоишта ҳамчун омили пешгирӣ аз тафаккури ифротгароӣ ва тундгароӣ ибрози назар намуд.
Баҳромбоева Хуршеда ба донишҷӯён оид ба бемории сил, нишонаҳои ин беморӣ, роҳҳои сироятёбӣ ва табобати он маълумоти муфассал дода, таъкид намуд, ки барои беҳдошти саломатии худ ва ояндаи нек ҷавононро мебояд, ки ба қоидаҳои оддитарини гигиенӣ риоя намоянд, аз истеъмоли хӯрокҳои тезтайёр худдорӣ намуда, аз алоқаҳои мобилӣ камтар ва самаранок истифода баранд.
Дар интиҳои вохӯрӣ миёни донишҷӯён ва меҳмонон суҳбати озод баргузор гардида, донишҷӯён ба саволҳои худ аз меҳмонони чорабинӣ ҷавобҳои қонеъкунанда гирифтанд.
Бахши тарбия