Санаи 5 апрели соли 2024 устодони Филиали Консерваторияи давлатии Ӯзбекистон дар шаҳри Нуқуси Қарақалпоқистон профессор Раҷабов Ҳикмат – дрижёри оркестри созҳои халқӣ ва дотсент Чаршемов Жамил бо роҳбарии директори муассисаи мазкур профессор Рудакӣ Алламбаев  ба Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ташриф оварданд. Дар даромадгоҳи донишкада меҳмононро раёсати робитаҳои байналмилалӣ дар якҷоягӣ бо муовинони ректор пешвоз гирифта, барои анҷом додани мулоқоти судманд ба толори вохӯрӣ роҳнамоӣ намуданд.

Меҳмонон аз ҷониби ректори донишкада профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин пазируфта шуда, бо иштироки ҷонибҳо мулоқоти судманди таълимиву илмӣ ва эҷодӣ сурат гирифт.

Аввалан ректори донишкада Низомӣ Муҳриддин Зайниддин аввалан ташрифи меҳмононро ба донишкада шодбошӣ намуда, доир ба самти фаъолияти донишкада ва факултаву ихтисосҳои ҷойдошта маълумоти муфассал манзур намуд. Ёдоварӣ карда шуд, ки миёни муассисаҳо соли 2023 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шудааст ва ин қадамҳои аввали амалигардониии робитаҳои байнимуассисавӣ мебошад. Ҳамчунин доир ба рафти таълими ихтисосҳои соҳаи мусиқӣ суханронӣ намуда, қайд намуданд, ки “Дар донишкада 14 ихтисосҳои эҷодӣ вуҷуд дошта, раванди таълими онҳо аз ҷониби профессорону ҳунармандонӣ касбӣ ба роҳ монда шудааст. Донишкада дорои шароити хуби таълимӣ барои тайёр намудани мутахассисони касбӣ буда, дорои базаи моддӣ – техникии ҳозиразамон мебошад. Дар ин замина донишкада ҳамкориҳои байналмилалиро бо муассисаҳои таҳсилоти олии соҳавии хориҷи кишвар ба роҳ монда, пайваста чорабиниҳои муштараки илмиву таълимӣ ва эҷодӣ мегузаронад, ки натиҷаҳо дар ин самт назаррас мебошанд”.

Дар навбати худ профессор Рудакӣ Алланбаев баъди муаррифии хеш ҳамроҳони худро ба ҳайати иштирокчиёни вохурӣ шинос намуда, доир ба самту фаъолияти касбиашон маълумот дод. Ҳамчунин ҳадафу нақшаҳои ҳамкорӣ дар оянда бо донишкадаро пешниҳод намуда, қайд намуд, ки “Филиали Консерваторияи давлатии Ӯзбекистон дар шаҳри Нуқуси Қарақалпоқистон ҳамагӣ 3 сол пеш таъсис ёфта, дар зинаи роҳандозии ҳамкориҳои байналмилалӣ мебошад ва ҳадафи асосии сафари мазкур низ шиносоӣ бо раванди таълим дар ихтисосҳои соҳаи мусиқии донишкада мебошад. Филиали мазкур дорои як факултет ва 5 ихтисоси соҳаи мусиқӣ буда, дар оянда бо истифода аз таҷрибаи муассисаҳои ҳамкоридошта тайёр намудани мутахассисони варзидаро пешбинӣ намудааст”.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо нисбат ба роҳандозии ҳамкориҳои соҳавӣ бештар таваҷҷуҳи хосса намуда, омодагии хешро барои дар оянда ба роҳ мондани чорабиниҳои таълимиву илмӣ ва эҷодии муштарак, инчунин ба роҳ мондани табодули устодону донишҷӯён ва амалӣ намудани лоиҳаҳои илмиву таҳқиқотии муштарак баён намуданд.

Дар қисмати ҷамъбастии мулоқот миёни ҷонибҳо супоридани туҳфаҳои хотиравӣ сурат гирифта, аз ҷониби ректори донишкада Низомӣ Муҳриддин Зайниддин ба ҳамаи меҳмонони ташрифоварда туҳфаҳои хотиравӣ ва чандин китобҳои таълимиву бадеӣ, инчунин дастуру китобҳои таълимии соҳаи мусиқӣ супорида шуд. Дар навбати худ меҳмонон низ туҳфаи хотиравӣ ва чанд асари илмиву таълимии соҳаи мусиқӣ, инчунин маҷаллаи илмии муассисаи номбурдаро ба донишкада тақдим намуданд. Ҳамчунин, меҳмонон барои чопи мақолаҳои илмии устодони донишкада дар маҷаллаи илмии муассисаи номбурда изҳори омодагии хешро баён намуданд.

Пас аз вохӯрӣ барои меҳмонон дар толори “Арғунун”-и донишкада консерти хурд бо иштироки устодону донишҷӯён намоиш дода шуд. Меҳмонон ба ҳунарнамоии касбии устодону донишҷӯёни консерт баҳои баланд дода, бо болидарӯҳӣ барои ташкили чунин як вохӯриву чорабинии хотирмон изҳори миннатдорӣ намуданд.

Меҳриддин Холов

Сардори раёсати робитаҳои байналмилалии

ДДФСТ ба номи М.Турсунзода