Бо иқдоми факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ дар ҳамкорӣ бо Китобхонаи илмии Муассисаи давлатии таълимии  «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода», ҳамоиши илмӣ дар мавзӯи «Паёми пешвои миллат ва масъалаҳои  рушди фаъолияти китобдорӣ ва бойгонишиносӣ» баргузор гардид.  Дар он  ректори МДТ «ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода», доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин ва муовини ректор оид ба таълим, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Махсудзода Фарҳод, муовини ректор оид ба илм ва рушди инноватсионӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Аминӣ Алишер, муовини ректор оид ба корҳои тарбия ва иҷтимоӣ,  номзади илмҳои филологӣ, дотсент, Изатзода Зулайхо ва ҳайати порофессорон, омӯзгорон ва донишҷӯёни факултет ширкат варзиданд.

Сараввал декани факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ Зафари Шариф ҳозиринро бо рӯзномаи ҳамоиши илмӣ таҳти унвони «Паёми пешвои миллат ва масъалаҳои рушди фаъолияти китобдорӣ ва бойгонишиносӣ»  шинос намуд. Сипас у сухани ифтитоҳиро ба ректори МДТ «ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода», доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин пешниҳод намуданд.

Ректори донишкада зикр намуданд, ки Президенти мамлакат дар Паёми хеш арҷ гузоштан ба фарҳангу таърихи бостонии миллат, омӯхтани он, аз худ кардани мероси ҷовидонаи садҳо ва ҳазорон нафар фарзандони фарзонаи халқамон, ба оламиён муаррифӣ кардани осори илмиву адабӣ ва намунаҳои фарҳанги тоҷиконро ҳамчун миллати соҳибмаърифату тамаддунсоз, шаҳрсозу шаҳрдор ва соҳиби девону дафтар, аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини аҳли илму адаб ва фарҳангу санъат маънидод намуданд. Пешвои миллат тазаккур доданд, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик дар дохили кишвар ва дар арсаи байналмилалӣ иқдомҳои зиёде амалӣ гардида истодаанд.

Сарвари давлат зимни ироаи Паём бо ифтихор ва қаноатмандӣ иброз доштанд, «ки соли 2023 15 ёдгории таърихиву фарҳангии тоҷикон ба Феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид карда шуд, ки боиси эътибори бештар пайдо кардани фарҳанги бостонии миллати тоҷик дар байни ҷомеаи башарӣ гардид».

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш инчунин зикр намуданд, ки «бо мақсади густариш бахшидани тармиму барқарорсозӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, инчунин, рушди сайёҳӣ дар ин самт пешниҳод менамоям, ки дар назди Ҳукумати мамлакат сохтори алоҳида-Агентии ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ таъсис дода шавад». Раёсати Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» бо мақсади татбиқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, омодасозии мутахассисони баландихтисоси соҳаи фарҳангу санъат кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Сипас, устодон, докторантон ва магистрони факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ Холибоева Нарзӣ дар мавзӯи «Нақши Пешвои миллат дар рушди соҳаи бойгонишиносӣ», Ҷамолова Ҳуснофарин дар мавзӯи «Паёми Пешвои миллат-барномаи ояндасози соҳаи китобдорӣ», Шарифова Дилрабо дар мавзӯи «Вазъи библиографинамоии осори Пешвои муаззами миллат», Раҷабов Абдукарим дар мавзӯи «Нақши бойгонии давлатии таърихи навтарин дар нигоҳдориии ҳуҷҷатҳои таърихӣ», Равшанова Нилуфар дар мавзӯи «Инъикоси масъалаҳои китобдорӣ дар матбуоти тахассусӣ» ва «Қироати шеър дар васфи Паём» донишҷӯи курси 2-юми факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ Саодати Сайвалӣ суханронӣ намуда, анедешаҳояшонро доир ба мавзӯҳои интихобнамудаашон баён намуданд.

Иштирокдорони ҳамоиши илмӣ иброз доштанд, ки мо кормандон, ҳайати профессорону устодон, донишҷӯёну магистрантон, унвонҷуёну докторантони МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода», дастуру ҳидоятҳоеро, ки аз Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, сармашқи фаъолияти хеш қарор дода, дар раванди ташаккул ва рушди фарҳанги китобхониву китобдӯстии ҷавонон фаъолона ширкат варзида, ба ин васила дар рӯҳияи хештаншиносӣ, ватандӯстиву ифтихори миллӣ тарбия намудани онҳо саҳми арзандаи худро мегузорем.

Зафари ШАРИФ,

 декани факултети китобдорӣ

ва иттилоотшиносии МДТ

«ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода»