Ҳамаи шуморо ба рӯзи ҷашни зан — модар, ки оғози баҳорро низ ба мо мужда медиҳад, аз самими дил табрик мегӯям. Ин ҳама бузургиву беназирии модар аст, ки маҳз дар айёми дӯстиву муҳаббат, фасли нозанини баҳор ва лаҳзаи гуворои он “Рӯзи модар” таҷлил карда мешавад.
Дар баҳорон иди модар мешавад,
Дидаву дилҳо мунаввар мешавад.
Ҳусни нотакрори фасли навбаҳор,
Бо нигоҳи зан баробар мешавад.
Аз фурӯғи чашми модарҳои мо,
Тоҷикистон ҳамчун ахтар мешавад.
     Таҷлили рӯзи модар ҳамчун рамзи сипоси бепоён ба мақому мартабаи зан — модар мебошад, ки эълон гардидани ин сана дар кишвари мо ҳаргиз амри тасодуфӣ нест, балки иқдомест, ки ба суннату анъанаҳои неки миллати куҳанбунёди мо такя мекунад.
    Халқи тоҷик аз азал фарҳанги бою ғанӣ дорад, миллати ботамаддун шаҳомату манзалати худро гум накардааст. Тоҷикон фарҳанги ба худ хосро доранд ва ҳамеша анъанаҳои миллиро пос медоранд, метавон гуфт, ки таърих низ гувоҳ аст, ки зан ва модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллат буд ва яке аз нишонаҳои асосии фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик зан ва модари боиффату босавод ба ҳисоб меравад. Вақте сухан дар бораи зани бофарҳангу донишманд меравад, пеши назар модари тоҷик бо ҳамон симои зебову самимӣ ҷилвагар мешавад, ки ба симои зани тоҷик ҳамон покдоманиву фурутанӣ ва босавод буданаш як ҳусну таровати хоса зам менамояд, ки дорои чунин хусусиятҳои хоси занонаро доштаи зан -модари тоҷик муаррифгари ҷомеаи фарҳангӣ ба шумор меравад.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои милат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз вохӯриҳои худ бо занону модарони фаъолу эҷодкори мамлакат чунин иброз доштанд: «Давлате, ки нисбат ба модар-сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсонӣ бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад».
   Вақте ки модар мегӯем, зери ин калима самимияту садоқат, хушгуфторию хушахлоқӣ ва хоксориҳое ниҳон аст, ки симои пур аз нураш дунёи фарзандро ҷилло мебахшад. Мо наметавонем бузургии модарро васф кунем, зеро модар офтобест, ки лаҳзае аз болои кӯҳе боло шуда дунёро равшанию ҳаёт мебахшад ва беҳтарин пушту паноҳ, арзандатарин ҳастии ҳаёт, равшандиҳандаи ҳар як хонадон, қувватдиҳандаи мадори дилҳои нотавонанд ва умуман чи дар ҷомеа ва чи дар хонадон сабабгори ҳамаи афзалиятҳои зиндагианд.
   Воқеан, дар таҳкими ҷашнҳои миллии мардуми соҳибфарҳангу соҳибтамаддуни мо зеботару волотар аз ҷашни зан- модар ҷашне нест. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки бузургтар аз модар фарде нест ва олитар аз муҳаббати модар муҳаббате нест. Чуноне ки нависандаи фаронсавӣ Балзак мегӯяд: «Инро танҳо зан- модар метавонанд нуҳ моҳу нуҳ рӯз моро дар батнашон нигоҳ дошта, се сол дар кафи даст ва бағалашон гирифта парвариш мекунанд ва як умр дар қалбашон ҷой медиҳанд».
    Мо дар дунё як бор тавлид мешавем ва бо гузашти айём аз даврони тифлӣ то ба пирӣ бо инсонҳои мухталиф дар зиндагӣ такрор ба такрор дучор мегардем. Мо метавонем чанд додару хоҳар ё фарзанд дошта бошем, ҳамкасбу ҳамкор, умуман дӯсту душман пайдо кунем, лекин мо ҳеҷ гоҳ наметавонем чанд модар дошта бошем. Моро фақат як модар ба дунё меорад, ки шахси такрорнашаванда ва беназиру бетакрор аст дар рӯйи олам.
    Аз таърихи дини ислом ҳам ба мо маълум аст, ки гар чанде пайғамбаронро аз ҷинси мард Худованд офарида бошад, аммо модар онҳоро тавлид намудааст. Яъне сабаби ҷисман ба дунё омадани инсон ин зан -модар аст. Шоири халқии Тоҷикистон Рустами Ваҳҳоб ба маврид мегӯянд, ки:
Занонро гар зи дониш зеваре ҳаст,
Умеди рӯзгори беҳтаре ҳаст.
Агарчи аз занон пайғамбаре нест,
Ҳама пайғамбаронро модаре ҳаст.
    Ғайрату шуҷоати зан -модари мо аз ҳамин ҷо маълум аст, ки дар баробари мардон номуси ватандориро низ ба зима гирифта, дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва давлат мардонавор фаъолият намуда истодаанд ва дар давлату кишвари маҳбубамон бо ҳамон ҳусну таровати худ мақому манзалати волое доранд.
   Қалби поки занону модарони мо ҳамеша барои оромиву осудагӣ ва пояндаву устувор нигоҳ доштани оила, ҷомеа ва давлат метапад. Чунки онҳо бо дастони пурмеҳри худ ниҳоли ишқу муҳаббат, меҳру садоқат, саховату асолат ва илму маърифатро парвариш мекунанд.
   Мояи ифтихор аст, ки дар ҷомеаи фарҳангии Тоҷикистон занону модарони мо нақши муҳим доранд. Онҳо дар таҳким ва рушди ҷомеаи фарҳангӣ, бунёди оилаи хушбахт, таълиму тарбияи фарзандони солиму босавод ва афзоишу эътибори хонадонро вазифаи аввалиндараҷаи худ мешуморанд ва дар баробари ин бояд зикр намуд, ки дар доираи ҷомеаи фарҳангии Тоҷикистон мо на фақат симои занро ҳамчун модар, хоҳар ва ҳамсари бофарҳангу бо маърифат, донишманди асил мебинем, балки як сиёсатмадори бохирад, табиби ҳозиқу мураббии наслҳо ва дар тамоми соҳаҳои гуногуни кишвар шуҷоъатмандона хидмат намудани онҳоро ба мушоҳида мегирем, ки ин боиси ифтихору сарбаландии ҳар як сокини давлату миллат мебошад.
80 фоизи ҷомеаи фарҳангиро занону модарон ташкил медиҳанд.
   Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҷалби занон ба корҳои роҳбарикунанда барномаҳои махсусро қабул кард, ки дар пайи ин барномаҳо занон соҳиби грантҳо гардида, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо ба ҳайси раис, муовини раис ва дигар зинаҳои роҳбарикунанда кору фаъолият намуда истодаанд ва ҳамасола аз ҳисоби квотаи Президентӣ шумораи зиёди ҷавондухтарон шомили донишгоҳу донишкадаҳо мегарданд, ки ин имтиёз барои тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳо нақши муносиб мегузорад.
   Дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» наздики 300 нафари кормандондро занону модарон ташкил дода, 50 фоизи онҳо дорои маълумоти олӣ буда, 8 нафар дар вазифаҳои роҳбарикунанда, 15 нафар номзадони илм, 2 нафар дар арафаи номи номзади илмро мушараф шудан қарор доранд. Ифтихори мо кормандон бештар дар он аст, ки ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон аз қабили Моҳрухсор Сафиева, Ҳётой Муминова, Лола Азизова, Хосият Шарипова, Дилбар Шарипова ва ҳунарпешаҳои мардумӣ: Майрам Исоева Саодат Умарова, Моҳпайкар Ёрова, занону модарони собиқадори меҳнат аз қабили: Раупова Зуҳро, Гавҳар Умарова, Ғафурова Сайро ва номзади илмҳои педагогӣ Турсунова Муборак, Раҳмонова Нигина, Маҳмудова Саодат, Имомалиева Раъно, Юсупова Латофат, Раҷабгул Қосимова, Саидова Бибиой, Нуъмонова Гулчеҳра, Мамадазимова Майрам, Назарова Зебо, Тайғуншоева Ҷаҳонгул ва дигарон, ки аксарияте аз инҳо номзадони илм, дотсенту номи профессориро мушараф гаштаанд ва мо дар доираи чунин занони хирадпешаву фарҳангӣ чун роҳнамову маслиҳатгир дар таҷрибаҳои ояндаамон хушҳолона фаъолият намудаистодаем.
    Донишҷӯдухтарони донишкада наздики 800 нафарро ташкил медиҳанд, ки 60 нафари онҳо тариқи квотаи президентӣ ворид шуда, 95 нафар буҷавӣ, боқимонда тариқи шартномавӣ ва 3 нафар гирандаи идрокпулии президентӣ, наздики 500 нафари онҳо бо баҳои хубу аъло таҳсил намудаистодаанд.
   Дар баробари ин иштироки омӯзгорону донишҷӯён дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ аз ҷумла «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» фаъолона ба назар мерасад. Ректори донишкада доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин ҷиҳати ташкил намудани озмунҳо ва дар сатҳи баланд гузаронидани онҳо ҳамасола чораҳои ҷиддию зарурӣ дида, маҳфилҳои шеърхонӣ, саволу ҷавоб аз асарҳои машҳури адабиёти клласик, муосир ва адабиёти халқҳои ҷаҳон дар донишкада гузаронида мешавад.
   Дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ду нафар аз омӯзгорон банда Наимова Фарзона ва муаллимаи собиқадор Ғафурова Сайро дар номинатсияҳои адабиёти классик ва адабиёти халқҳои ҷаҳон ширкат варзиданд. Аз донишҷӯён Садирзода Ҳалима, Дилшодова Зуҳро, Самадзода Шукрона, Шарипова Мавлуда ва Шарифова Мавҷуда иштирокчии озмун буданд, ки хушбахтона дар даври ниҳоии озмун ду нафар аз номинатсияи эҷоди назму наср Шарифова Мавҷуда ва Шарипова Мавлуда сазовори ҷойи дуюм ва сеюм гаштанд.
   Бо боварии комил гуфтан ҷоиз аст, ки аз чунин ҷавондухтарон зан ва модари фарҳангмандро ҷомеаи ояндаи Ҳукумати Ҷумҳурӣ умед дорад.
   Ба ҳамагон маълум аст, ки бавуҷудоии насли солиму ботарбия ва пешбарндаи миллати бофарҳанг аз зан ва модари заковатманду бошуур вобастааст.
   Моро мебояд бо занону модарони тоҷик ҳамеша ифтихор кунем. Зеро модари тоҷик дар тули асрҳову садсолаҳои зиёд фарзандони фарзонаи тоҷикро ба монанди Устод Рӯдакӣ, Ибни Синою Саъдӣ ва алома Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Муъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ ва ғайраҳоро ба дунё оварду ба воя расонд, ки онҳо бо ақлу заковат, нури хиради хеш роҳи зиндагии аҳли башарро боз ҳам мунаввар сохтанд. Махсусан, фарзанди баруманди тоҷик Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зодаи зан, тарбиятёфтаи модар аст. Чуноне ки борҳо дар баромадҳояшон дастгириҳои модарро ба шаҳри Душанбе омадан, барои таҳсил намудан қисса менамуданд, ки бо дуои неки модар ва дилсӯзиву ғамхории ӯ то ба ин мартабаҳои муътабар расидаанд.
  Хираду бузургии модар дар адабу фарҳанги халқу миллатҳои мухталифи ҷаҳон, ҳамчун олиҳаи покиву садоқат, машъалафрӯзи зиндагӣ, мураббияи ғамхору меҳрубон ва ҳидоятгари некиву некукорӣ бо меҳру муҳаббат арҷгузорӣ ва ситоиш ёфтааст.
   Занону модарон дар баробари тавлидгару тарбиятгар будани фарзандон дар рушду такомули давлатдорӣ саҳми муносиб гузоштаанд ва мегузоранд, зеро зани тоҷик бо боиффатию заковати волои нотакрораш миёни бонувони олам машҳур гардидааст. Ба қавли ҳамкасбам Қудратов Сино:
Аввалин устоди ҳар фарди башар,
Донишу ақлу заковат аз зан аст.
Зан нахустин раҳбар асту раҳкушо,
Раҳбаронро асли қудрат аз зан аст.
   Дар замони муосир ягон самти фаъолиятро бидуни ширкати занон тасаввур намудан ғайриимкон аст. Саҳми онҳо дар ҷомеаи фарҳангии Тоҷикистон торафт афзун мегардад.
  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои милат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷойи дигар бо боварӣ ба нерӯи занҳои оқилу соҳибмаърифат чунин ибрози андеша мекунанд: «Ҷомеае, ки ба зан модар эътимод дорад, ҷомеаи пешрафтааст».
   Вобаста ба ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сиёсати иҷтимоии худ бо мақсади ҳалли бисёр масъалаҳои марбут ба ҳаёти занон як қатор барномаҳои муҳими давлатиро амалӣ намуд.
  Агар мо саҳифаҳои таърихро варақгардон кунем, мефаҳмем, ки зани тоҷик фарҳангпарвар аст, сиёсатмадор, илмдӯсту хирадманд ва ҳунарманду кордон аст. Нақшаш дар ҳамаи соҳаҳои фарҳанг назаррас аст. Заминаи бофарҳангу ватанпарвар будани зани тоҷик аст, ки имрӯз дар ҳамаи соҳаҳои калидӣ иштироки фаъоли занон дида мешавад. Тибқи таҳлилҳо дар Тоҷикистон ҷалби занону духтарон ба корҳои давлатию ҷамъиятӣ нисбати дигар ҷумҳуриҳои собиқи шуравӣ ҷойи намоёнро ишғол менамояд.
Гаҳе бинам, ки чун тоҷир ту дар бозор мегардӣ,
Гаҳе бинам ба беморе табибу ёр мегардӣ.
Гаҳе бинам, ки медӯзӣ ба тифлат ҷомаву дастор,
Гаҳе бинам ба ёрат мунису ғамхор мегардӣ,
Зани тоҷик, ба миллат боиси сад ифтихор астӣ.
Наимова Фарзона Меҳрубоновна-
н.и.ф; омӯзгори кафедраи филологияи
тоҷик ва забонҳои хориҷии МДТ
«ДДФСТ ба номи М. Турсунзода»