Таҳлилу мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки содир гардидани ҳуқуқвайронкунӣ ва баъзе ҷиноятҳо аз ҷониби наврасону ҷавонон аксаран аз бемасъулиятии падару модарон ва риоя нагардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба амал меояд.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 23 декабри соли 2022  аз кулли модарони тоҷик даъват ба амал оварда шуд, ки ба таълиму тарбияи фарзандон диққати ҷиддӣ диҳанд, зеро муаллими аввалини ҳар шахс  модар мебошад.

Зимни ироаи Паём Роҳбари давлат таъкид карданд, ки «таваллуд кардем, тарбия низ бояд кунем. Бетарбия, ки монд, ба ҳар гуна равия меравад. Ҳатто дар баъзе ҳолатҳо раҳм ба падару модари худ низ намекунанд». Ин таъкиди Сарвари кишвар аз бетараф набудани Пешвои миллат ва дар симои он кас Ҳукумати мамлакат аз тақдири кӯдакон, ки ояндаи миллат мебошанд, дарак медиҳад.

Бояд тазаккур дод, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон пайваста кӯшиш намуда, мақомоти дахлдорро низ вазифадор менамояд, ки дар ин самт ҷиддӣ кор баранд.  Аз ҷумла, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ дар муассисаҳои таълимӣ пайваста суҳбату вохӯрӣ ва корҳои фаҳмондадиҳиро мунтазам  ба роҳ монанд.

Маврид ба зикр аст, ки сарчашмаи донишу маърифати ҷавонон аз оила сар мезанад. Ҷавонону наврасон дар кадом муҳите, ки ба воя мерасанд, онро аз худ намуда, ба он тақлид мекунанд. Барои ин, пеш аз ҳама, падару модарон ба тарбияи фарзанд бояд диққати ҷиддӣ диҳанд.

Ҳамзамон, таҳқиқоти илмии хониши кӯдакону наврасон шаҳодат медиҳад, ки дар раванди ташаккули фарҳанги мутолиаи кӯдакони синни томактабӣ ва синни хурди мактабӣ имконияти мавҷудаи оила, муассисаҳои томактабӣ, мактаб, китобхонаҳои мактабӣ ва бачагона ба қадри кофӣ ва самаранок истифода бурда намешавад ва робитаи мутақобилаи онҳо ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нест.

Бояд тазаккур дод, ки чорабиниҳои бо ин мақсад роҳандозишуда бештар гурӯҳӣ буда, бе назардошти психологияи инфиродиву синнусолӣ баргузор мегарданд ва натиҷаи онҳо аксаран аз рӯи нишондиҳандаҳои шуморавӣ арзёбӣ мегардад. Ҳол он ки дар ин маврид арзёбии мундариҷаи чорабиниҳо аҳамияти бештар дорад. Қисми муайяни падару модарон оид ба хониши фарзандони худ ва унсурҳои ба он алоқаманд бо мураббиён ва омӯзгорону китобдорон дар сатҳи зарурӣ ҳамкорӣ надоранд.

Нақши оила дар таълиму тарбияи фарзандон дар тамоми ин марҳилаҳо бениҳоят бузург аст. Вобаста ба ин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ зимни мулоқоти хеш бо аҳли маорифи кишвар иброз доштанд, ки  «…падару модарон ба сифати неруи асосӣ ва фаъоли  ҷомеа бояд ба таълиму тарбияи фарзандон зиёдтар аҳамият диҳанд, онҳоро дар рӯҳияи ватанпарварӣ, инсондӯстӣ, эҳтироми калонсолон ва омӯзгорон тарбия карда, барои боло рафтани сатҳи ҷаҳонбиниву дониши наврасону ҷавонон саъю талош варзанд, завқи онҳоро ба китобхонӣ, донишомӯзӣ, забономӯзӣ ва варзиш зиёд гардонанд ва барояшон ҷиҳати омӯхтани касбу ҳунарҳои замонавӣ шароити хуб фароҳам оваранд». Иқдомҳои хеле наҷиби Сарвари давлат, яъне баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», «Илм — фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» дар баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо,  калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун нақши бузург доранд. Педагогҳои барҷаста ба такрор таъкид намудаанд, ки ҳар бадбахтӣ, мусибат ва нокомию шикаст пайомади тарбияи  нодуруст аст.

Месазад, ки дар ин ҷода барои ҷалби наврасон ба китобхонӣ Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пажуҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии фарҳанг ва иттилоот лоиҳаи «Барномаи рушди китобхонаҳои мактабӣ ва бачагона дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030»-ро таҳия намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

Қайд кардан зарур аст, ки таҷҳизонидани китобхонаҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар бо технологияи муосири иттилоотӣ, таъсиси китобхонаи электронӣ, пайваст намудани онҳо ба шабакаи ҷаҳонии Интернет ва ғанӣ гардонидани хазинаи китобхонаҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз ҳисоби китобҳои тозанашри соҳаҳои гуногун, махсусан, илмҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ, инчунин адибони классику муосир дар самти ҷалби наврасон ба китобхонӣ мусоидат менамояд.

Дар «Қобуснома»-и Унсурулмаолии Кайковус дар мавриди тарбияи насли наврас, пеш аз ҳама, падару модарон, омӯзгорон масъул дониста шуда, зикр гардидааст, ки «… бояд, ки ҳарчӣ омӯхтанӣ бошад, аз фазлу ҳунар фарзандро биёмӯзӣ, то ҳаққи падариву шафқати падарон ба ҷой оварда бошӣ ҳар ҳунареву фазле рӯзе ба кор ояд. Пас дар фазлу ҳунар омӯхтан тақсир набояд кардан…».

Дар роҳи худшиносиву хештаншиносӣ ҷавононро, пеш аз ҳама, мебояд, ки осори пурғановати олимону адибони барҷастаи тоҷикро мутолиа намоянд. Аз ҷумлаи беҳтарин осор дар ҷодаи тарбияи ҷавонон асарҳои пурғановати Пешвои миллат «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Тоҷикистон дар остонаи фардо», «Ҷавонон- ояндаи миллат», «Тоҷикон дар оинаи таърих, Аз Ориён то Сомониён», «Зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад», «Истиқлолият неъмати бебаҳост», «Тоҷикистон: даҳ соли истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ», «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат», «Сарнавишти миллати соҳибтамаддун», «Мероси Имоми Аъзам ва гуфтугӯи тамаддунҳо», «Чеҳраҳои мондагор» мебошанд, ки ба тақвияти зеҳну  шуури ҷавонон таъсири хуб доранд.

Дар ин замина мо — кормандони МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллатро сармашқи фаъолияти хеш қарор дода, дар тарбияи ҷавонон дар руҳияи китобхонию китобдӯстӣ ва ба ин восита баланд бардоштани сатҳи худшиносию худогоҳии онҳо саҳми арзанда мегузорем.

Зафари ШАРИФ,

 декани факултети китобдорӣ

ва иттилоотшиносии МДТ

«ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода»