Дирӯз бо ҳамин унвон дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз конфронси илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Ба кори конфронс муовини ректор оид ба таълим Махсудзода Фарҳод ҳусни оғоз бахшида, тазаккур дод, ки Наврӯз яке аз ҷашнҳои маъруф ва бошукӯҳтарини халқҳои ориёӣ, алалхусус форсизабон буда, аз сапедадами фарҳангу тамаддуни ориёӣ то ба имрӯз, новобаста ба вазъи сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва идеологии давраҳои таърихӣ, дар байни мардуми мо бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мешавад. Зикр гардид, ки ба шарофати Истиқлоли давлатӣ ва ба мақоми сарварии Тоҷикистон омадани фарзонафарзанде, чун Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон тамоми анъана ва суннатҳои ниёгонамон, назири Наврӯз дубора эҳё гардида, миллати куҳанбунёди тоҷик аз ҳастӣ ва мақоми волои хеш дар арсаи байналмилалӣ ба оламиён бори дигар мужда расонд. Саъю талошҳо ва заҳматҳои пайвастаи Пешвои миллат буданд, ки тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун миллати тамаддунофар, халқи сулҳдӯсту ваҳдатофар ва кишвари ташаббускору бунёдкор шинохтанд ва эътироф карданд.
Сипас устодони донишкада Дона Баҳром, Муминова Ҳаётхон, Сафари Гулназар, Раҳимов Бобоҷон, Боев Собир, Ғафурова Сайёра, Гурезов Шамсиддин, Наимова Фарзона, Ғоибов Абдулвоҳид, Каримова Фазилат, Холов Пайрав, Собиров Фирӯз ва Мамадносирова Гулсара маърузаҳои омоданамудаи худро ироа намуда, доир ба таърих ва ҷойгоҳи Иди байналмилаии Наврӯз маълумот доданд.
Иштирокдорони конфронс ба ин назар буданд, ки посдории расму суннатҳои наврӯзӣ василаи беҳтарини поксозии ботини инсонҳо аз бори гарони адовату кина мебошад. Ин амр онҳоро водор месозад, ки адлу инсофро риоя намоянд, ҳамдигарро дӯст доранд ва ба корҳои неку созанда даст зананд. Ин суннати нек ва фарҳанги воло, ки аз таърихи пурифтихори аҷдоди мо сарчашма мегирад, асрҳо боз ба миллати мо ва халқҳои дигари дунё хизмат мекунад.
ҚУДРАТОВ Сино