Дар тамаддуни башарӣ аз аҳди бостон то инҷониб мақоми устод, омӯзгор, муаллим — нафаре, ки ба фарзандони мардум донишу маърифат меомӯзонад, онҳоро таълиму тарбия медиҳад, хеле баланд аст. Тавре,ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд “Ҷомеае, ки ба аҳли маориф, ба устод, омӯзгор, зиёӣ, эҳтиром намегузорад, ба пешрафт муваффақ шуда наметавонад”. Ин таъкиди Сарвари давлат ба кулли ҷомеаи имрӯза як навъ даъват аст, ки иҷрои он моро ба ояндаи дурахшон рӯ ба рӯ мекунад.  Ниёгони фазилатманду донишпарвари мо ҳамеша ба шахсияти омӯзгорони худ эҳтиром доштанд ва барои наслҳои имрӯзу оянда як фарҳанги ғании бузургдошти омӯзгорро мерос гузоштаанд.

Устод, омӯзгор машъалафрӯзи хираду одамият ва озодагист. Пешаи омӯзгорӣ волотарин, муқаддастарин ва беҳтарин касби рӯйи ҷаҳон буд ва мебошад. Рисолати омӯзгор рӯшангарӣ, созандагиву тарбияи шоистаи шогирдон аст ва ҷавҳари бузурги устод дар он аст, ки ба ному фаъолият ва кору пайкори ҳикматофаринаш аҳли ҷомеа ва шогирдонаш пайваста ва дар ҳама давру замон дуруд мефиристанд.

Дар ҳақиқат, ояндаи мамлакат, пешрафти ҷомеа,  инкишоф ва рушди ҳама соҳаҳо, пеш аз ҳама, аз фаъолияти омӯзгорон ва рушди илму маориф ва фарҳанг вобаста аст.

Зикр ҳамин нукта ба маврид аст, ки бо дастгириҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат имрӯз дар ҷумҳурӣ муассисаҳои таълимӣ мутобиқи  талаботи замон ҷавобгӯ ва муҷаҳҳаз бо технологияи муосири иттилоотӣ мавриди истифода қарор доранд.

Дар мақолаи профессор Саймумин Ятимов қайд шудааст, ки «Дар ҷараёни таълиму тарбия муаллим шахсияти марказӣ, офарандаи фазо ва амаликунандаи мақсадноки тарбия аст. Бинои ҳозирзамони мактаб, васоити техникӣ, синфҳои компютерӣ, майдончаҳои барҳавои варзишӣ, гарчанде муҳиманд, аммо нақши марказонидашудаи муаллим меҳвари муайякунандаи ҷараёни маърифаткунонии бунёдии ҷомеа буд, ҳаст ва боқӣ хоҳад монд».

Мутолиаи мақолаи мазкур имкон дод, ки муаллимро ба равшангари ҷаҳони шогирдон ташбеҳ диҳем, нуре гӯем, ки чашмони шогирдонро равшанӣ мебахшад, оламро мунаввар ва мушкилии ҳамаро осон мегардонад. Муаллимро оинаи халқ мегӯянд. Оинае, ки ба он нигариста, камбудиву нуқсонҳоро бартараф мекунанд. Яъне, муаллим онест, ки ҳар калому ҳар нигоҳу қадамаш саропо ибрати соҳибдилон аст.

Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр кардаанд: «Танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро пайдо намояд».

Олими шинохтаи рус Д.И.Менделеев нисбат ба муаллими асил чунин андеша дорад: «Муаллими ҳақиқӣ ҳамонест, ки дониши ӯ дониши хонандагон мегардад». Маълум, ки ҳар шахс наметавонад муаллими воқеӣ шавад. Чунки ҳар шахс наметавонад он донишеро, ки дар тӯли солҳои омӯзиш аз худ кардааст, ба самъи хонандагон расонад. Аз ин суханон бармеояд, ки омӯзгори ҳақиқӣ бояд ҳамеша дар мутолиа бошад, то ки сифати муаллимӣ барҳам нахӯрад».

Дар баробари ин, бояд муаллим робитаи ҳамешагӣ бо ҷомеа дошта бошад. Муаллим хуб метавонад такони ҷиддӣ ба тафаккур ва зиндагии мардум бубахшад.

Агар муаллим барои эҳёи тафаккури насли нав хизмат намекард, зиндагӣ як лаҳза ҳам пеш намерафт. Яъне, омӯзгор сабабгори пешрафти тамоми ҷомеаи башарӣ ба шумор меравад.

Шарофати инсон илму амал ва ахлоқу одоби наку бувад. Инсоният танҳо бо шарофати илму дониш, таҷриба, хираду ҳунар метавонад ба мақоми шоиста бирасад.

«Ифтихори ватандорӣ аз донистани таърих, забон ва фарҳанги Ватан сарчашма мегирад» Ин суханони Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як навъ даъват аст дар боби рушду нумӯ, тараққиёт ва инкишофу пешрафти ҷомеа. Дарвоқеъ, беҳбуди вазъи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ, марбут ба омӯзиши мероси гаронбаҳои ниёгон ва ба ин васила тарбияти комил ёфтани ахлоқи ҷавонон аст. Тарбияи насли наврас, ки ояндаи давлату ҷомеаи тозаистиқлоли Тоҷикистонанд, қабл аз ҳама, аз заҳмати омӯзгор вобаста аст.

Устоди ҳақиқӣ дар назди шогирдон бояд ҳамеша мисли баҳри беканори дониш дар талотум бошад, аз ҳар суҳбати ӯ як сухани тоза, як чизи барояш нав гирифта тавонанд. Барои ин омӯзгор бояд пайваста ҷӯяд, хонад, омӯзад, дониши худро такмил диҳад. Барои омӯзгор дар баробари дониш дили нарму ҳассос ва нисбат ба касбу шогирдонаш меҳру муҳаббат доштан зарур аст.

Имрӯз дар кишварамон зери роҳбарии сиёсати маорифпарварона ва фарҳангдӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзгорон таваҷҷуҳи махсус равона гардида, барои кору фаъолияти судманду мондагори онҳо дар ҷомеа шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Боиси хурсандист, ки барои қадр кардани заҳмати омӯзгорон ва ёдоварӣ намудан аз фаъолияти содиқонаву самимонаи онҳо дар самти таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавон ҳар сол дар ҳафтаи аввали моҳи октябр ҳамчун «Рӯзи омӯзгор» дар сатҳи баланд баргузор мешавад. Таҷлили «Рӯзи омӯзгор» дар кишвар шаҳодати он аст, ки роҳбарияти олии мамлакат ба омӯзгорон таваҷҷуҳи ҳамешагӣ доранду нақши онҳоро дар ба камол расидани насли ояндаи кишвар муҳим медонанд.

Ба таъкиди бештари равшанфикрон дар соҳиби илму дониш ва ахлоқи ҳамида гардидани фарзандон дар баробари волидайн омӯзгорон ҳам вазифадоранд. Ва хеле хуб аст, ки имрӯз омӯзгорон ин вазифаи хешро дар сатҳи зарурӣ иҷро намуда истодаанд. Дар ин маврид низ Пешвои муззами миллат иброз доштаанд: “Нақши омӯзгор дар таълиму тарбияи насли наврас бениҳоят бузург аст. Муаллим, пеш аз ҳама, афрӯзандаи чароғи дурахшони илму дониш аст ва хушбахтона, қисми асосии зиёиёни кишварро муаллимон ташкил мекунанд. Бинобар ин, вазифаи асосии муаллим дар баробари омӯзонидани илму дониш, инчунин омӯзонидани адаб ва ҳидояту роҳнамоии шогирдон ба роҳи рост мебошад. Ин амр бояд ба меъёри ахлоқии фаъолияти муаллим табдил ёбад”. Дар воқеъ, омӯзгорон роҳнамову роҳкушои аҳли башар ба сӯйи дониш, илм, маърифат ва камолоти маънавиянд. Онҳо ҳидоятгари роҳи ростӣ, роҳи орӣ аз ҳама гуна кирдорҳои бади инсонӣ, ташвиқкунандаи роҳи дониш, худшиносӣ, ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ аз ватану ватандорӣ ва камолоти инсониянд. Ва онҳоянд, ки имрӯз мо якояк аз илму дониш бархурдорему ҳама баҳри ҳаёти маърифатнок доштан саъю талош менамоем.
Хулоса, дар тарбияи насли худогоҳу худшинос ва ватандӯст муаллим нақши муҳим дорад ва калиди ҳама гуна дастоварду пешравӣ ва истиқлолияти фикрӣ ва хазинаи маънавию илмии ӯ ба шумор меравад.

Г. Маҳмудов, Б. Сайфуллозода ва

Зафари Шариф омӯзгорони

МДТ«ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода»