Имрӯз дар толори Китобхонаи илмии Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» вохӯрии роҳбарияти донишкада, ҳайати профессорон, омӯзгорону донишҷӯёни факултети фарҳангшиносӣ бо волидайни донишҷӯён дар доираи нақша-чорабиниҳои корҳои тарбиявии муассисаи мазкур баргузор гардид.       Вохӯриро ректори донишкада доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин ҳусни ифтитоҳ бахшид. Мавсуф дар суханрониаш иброз намуд, ки падару модаронро зарур аст, ки ба таълиму тарбияи фарзанд эътибори ҷиддӣ диҳанд. Онҳоро дар руҳияи инсондӯстӣ, меҳру вафо, садоқат ба меҳану миллат, ҳуввияти баланди миллӣ, муҳофизи марзу буми Ватан, парчамбардорони ҳақиқӣ ва донишманду соҳибкасб будан тарбия намоянд, то ки фарзандон ба муқобили падидаҳои манфии ғаразнок устувор ва муқовиматпазир ба воя расанд.
   Дар ин хусус суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр муҳим ва дорои аҳаммияти хос аст: «Имрӯз, ки мо зери парчами Ватан ва давлати соҳибистиқлол гирд меоем, бояд, пеш аз ҳама, ҷавонони мо мазмуну моҳияти арзишҳои истиқлолият, худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва ваҳдату ягонагии миллатро аз худ намоянд».       Маврид ба зикр аст, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» масъалаҳои хеле муҳими тарбияи насли наврас ба назар гирифта шудаанд, то мо тавонем дар ҷомеаи имрӯза фарзандони солим ва боодобу фозил тарбия намоем. Агар мо имрӯз насли дорои ахлоқи ҳамида ба камол нарасонем, фардо ҷомеа ба мушкилоти сангини иҷтимоиву фарҳангӣ дучор меояд. Ба ин хотир ҳам таълиму тарбия, омӯхтани илму дониш ва аз худ намудани касбу ҳунар аз ҷониби наврасону ҷавонон яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, таваҷҷуҳу ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин қишри ҷомеа сол то сол зиёд мегардад. Дар қонуни мазкур зикр шудааст, ки падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ҳуқуқ ва уҳдадориҳои баробар доранд.
    Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки баҳри баланд бардоштани ҳисси ватандустии ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, илмомӯзӣ ва ҳурмату эҳтиром нисбати падару модарон, омӯзгорон ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Муссаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақвият бахшем.
    Сипас муовини ректор оид ба таълим номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Махсудзода Фарҳод Махсуд суханронӣ намуда, иброз дошт, ки ба воя расонидани фарзанд ва тарбияи дурусти онҳо вазифаи аввалиндараҷа ва масъулияти падару модар дар назди ҷомеа, миллату давлат мебошад. Оид ба уҳдадориҳои падару модар дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» зикр гардидааст. Аз ин рӯ, ҳар як волидайн масъул аст, ки дар роҳи маърифатнок гаштани фарзанди худ шароитҳои мусоидро фароҳам созад.
    Ҳамчунин, дар ҷараёни ҷаласа муовини ректор оид ба корҳои тарбия ва иҷтимоӣ номзади илмҳои филологӣ, дотсент Изатзода Зулайхо Тоир чунин ибрози андеша намуданд, ки моро лозим аст, ки ба масъалаҳои риояи сару либос, фарҳанги касбият ва маърифати муоширати донишҷӯён таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоем. Донишҷӯёнро зарур аст, ки ба риояи дастурамали либосҳои тавсиявии аз ҷониби Вазорати маориф пешниҳодгардида аҳаммияти ҷиддӣ дода, сари вақт бо ашёҳои хониш ба дарс ҳозир гарданд.
Ҳамчунин, мавсуф афзуд, ки ташкили муҳити солим дар оила ва дар шароити он тарбия гирифтани фарзандон боиси васеъ шудани ҷаҳонбинии фарҳангию маърифатии онҳо мегардад. Чунин вохӯриҳо ҷиҳати тақвият бахшидан ва равобити дуҷонибаро бо оила барқарор кардан баргузор карда мешавад.
     Декани факултети фарҳангшиносӣ Саидов Қобилҷон Олимович вохӯриро ҷамъбаст намуда, аз волидони донишҷӯён даъват ба амал овард, ки ҳар як падару модарро зарур аст, ки ин вазифаи ҷонӣ ва қарзи шаҳрвандиро хуб дарк намуда, фарзандони худро бо роҳи дуруст, омӯзиши илму ҳунар ва азхуднамоии технологияҳои муосир, ширкати фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ва ободониву созандагии Ватани азизамон — Тоҷикистон, ҳидоят кунанд то тавонанд, ки дар оянда аз фарзандони содиқу номбардори миллати худ ифтихор намоянд.
   Роҳбарияти муассиса падару модаронеро, ки фарзандашон бо баҳои хубу аъло ва рафтори намунавӣ таҳсил мекунанд, бо сипосномаи донишкада қадрдонӣ намуданд.
    Дар чорабинии мазкур масъалаҳои муҳим, аз ҷумла риояи тартибу интизом дар хобгоҳ, тарзи либоспӯшӣ, одоби сухан, риояи ҳолати санитарӣ ва гигиенӣ дар хобгоҳ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Саидов ҚОБИЛҶОН,
декани факултети фарҳангшиносии МДТ
«ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода»