Бо шарофати истиқлолияти давлатӣ самтҳои гуногуни фарҳанг, махсусан фарҳанги китобу китобдорӣ хеле пеш рафта, дар низоми арзишҳои маънавии ҷомеа мақоми шоиста ва устувор  пайдо кард.

Ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба китобу китобдорӣ, ки аз сиёсати мароифпарварона ва фарҳангдӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, омили асосии рушди фаъолияти китобдорӣ гардида, китобхонашиносӣ ва библиографишиносии ватанӣ ҳамчун соҳаҳои мустақили дониш ташаккул ёфта, дар байни афкори китобдории ҷаҳон мақом ва мавқеи устувор пайдо намуданд.

Дар фазои озоди истиқлол барои инкишофи соҳаи китобдории миллӣ заминаҳои зарурии меъёрии ҳуқуқӣ ва моддӣ-техникӣ фароҳам омада, туфайли ин олимону мутахассисони соҳа асосҳои методологӣ ва назариявии онро таҳқиқ намуда, барои ҳамчун соҳаҳои мустақили дониш арзи вуҷуд намудани бахшҳои алоҳидаи он пажӯҳишҳои арзандаро анҷом доданд.

Имрӯз муҳимтарин омили пешрафти ҷомеа мавҷудияти дониш ва иттилооти фаровон аст. Чунин иттилооту донишҳо танҳо бо роҳи мутолиаи китоб ва дигар воситаи илмию адабӣ ба даст меояд.

Чун  бузургон китобро  сармояи ақлу хирад сарвати бебаҳо кони ганҷу маърифат ва маҷмуи ахлоқи накӯӣ маънидод намудаанд, мо бо ҷамъи ҳамкорон таҳти роҳбарии фарди китобдӯст, арҷгузор Низомӣ Муҳриддин кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ҷавонони донишкада, хоса донишҷӯёни факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносиро дар руҳияи меҳр варзидан ба китоб раҳнамун созем.

Тоҷикон миллати соҳибкитобанд. Андешамандони олам, аз ҷумла, нависандаи барҷастаи муосири тоҷик Темур Зулфиқоров китобхонаро дорухонаи рӯҳи инсон номидаанд. Воқеъан китобхона камтар аз дорухона нест. Таъсири китобхонии ҳадафманд бар андешаву ахлоқ ва зиндагии инсон камтар аз доруву табобат нест. Китобро бояд беҳтарин доруи рӯҳ ва фикр донист. Ба ҳар шахс ва ҷомеае, ки бемори камхонист бояд чун ба бемор муносабат кард ва ба дармонаш пардохт. Вақте китоб дармони рӯҳ асту китобхонӣ ғизои фикру ҷон, дар муроҷиат ба пизишкон (муаллифони китоб) ва интихоби «дору», яъне китоб, бояд диққати махсус дод.

Аз гузашта то ба имрӯз китоб барои инсон як маъхази бебаҳои ақлу хирад аст. Ҳар як халқу миллат, маҳз тавассути китоб тамоми мероси гаронбаҳои худро дар тӯли асрҳо омӯхтааст. Таърихи пайдоиши китоб ба пайдоиши хат ва забон мансуб аст. Баъди зуҳури хат одамони қадим имкон пайдо кардаанд, ки да рӯйи санг, чӯб, сафол, барги дарахтон, устухонҳо, пӯсти хайвонот нақш офаранду нависанд. Бо мурури замон дар натиҷаи ихтирои қоғаз низоми нави китобдорӣ ҷорӣ гардид.

 Дар Аврупо низ китобчопкунӣ аз варақҳои яклухт, баъд ба пӯст ва ниҳоят ба қоғаз гузашт. Ҳамчунин халқи тоҷик низ аз шумораи он халқҳоест, ки ба китобу китобдорӣ эҳтиром ва эътиқоди хоса дорад.

Китоб манбаи илму дониш, сарчашмаи дарёи ақл, маҳзани фарҳанги миллӣ, пояи тамаддуни чаҳони мутамаддин, хосса оинаи ҳаёт ва калиди дари ганҷи суханҳо аст. Осори классикон низ тавассути китоб то замони мо эҳё гардида, олами тафаккури мардумро мисли субҳ равшан мекунад. Агар дақиқтар андеша ронем, китоб рафиқи ҷонии инсон аст. Дар лаҳзаи вазнинӣ, бахусус танҳоӣ китоб дар бари мост.

Воқеан, дар ягон давру замон бе китоб ғизои маънавии зиндагии рангинро наметавон тассавур намуд. Ба таъбири халк: «Хонаи бе китоб рӯзи бе офтоб аст». Хушбахтона, ин анъанаи неки гузаштагон, яъне санъати китобдориву сухансозӣ имрӯз низ дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо мавқеи шоиста дорад. Ҳар рӯз аз тариқи нашриётҳои давлативу хусусӣ садҳо китоб ба нашр расида, ҳамчун неъмати бузург ба хони маънавии мардум гузошта мешавад.

Миллати тоҷик аз азал китобдӯсту китобофар будаву мардуми сайёра ин миллатро ба ҳайси миллати китобдӯст ва хоки ин сарзаминро хоки шоирхез ном мебаранд. Дар радиф ва тақвияти ин гуфтаҳо бо ифтихор арз медорем, ки тарғиби китоб ва муҳаббат варзидан ба дури маънӣ аз рӯзҳои аввали ба пешаи воломақоми роҳбарӣ пазируфтани фарзанди баруманди тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бамаротиб афзуд.

Бунёди Китобхонаи миллӣ ва даҳҳо китобхонаҳои замонавӣ дар вилоят ва шаҳру навоҳии кишвар, ҳамчунин баргузории озмуну фестивалҳо ба хотири гиромидошти китоб шаҳодадест аз таваҷуҳи  хосаи Пешвои муаззами миллат. Мавриди зикр аст, ки танҳо соли ҷорӣ дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шарифова Мавҷуда дар номинатсияи «Эҷоди назм» сазовори ҷойи дуюм гардида, бо маблағи 25 000 (бисту панҷ ҳазор сомонӣ) мукофотонида шуд. Ҳамчунин, Самадзода Шукрона низ дар ҳамин номинатсия сазовори ҷойи сеюм гардида, бо маблағи 20 000 (бист ҳазор сомонӣ) мукофотонида шуд. Ҳамчунин, дар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» муаллими донишкада, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Аминӣ Алишер сазовори ҷойи сеюм гардид, ки боиси ифтихор ва сарфарозӣ мебошад.

Истиқлолияти давлатӣ дар ҳаёти миллати тоҷик рӯйдоди муҳими таърихӣ буда, дар баробари дигар соҳаҳои иқтисоди миллӣ барои пешрафти илму маориф, фарҳанг, аз ҷумла рушди соҳаи китобдорӣ шароитҳои воқеан мусоидро фароҳам овард.

Дар як фосилаи кӯтоҳи таърихӣ соҳаи китобдорӣ бо дастовардҳое ноил гардид, ки дар қиёс ба даврони шуравӣ дар самти рушду такомули фаъолияти китобхонаҳо, таҳқиқу баррасии илмии масъалаҳои мубрами соҳа, барномарезии давлатӣ, тайёр кардани кадрҳои баландихтисос, таҳияву интишори осори илмӣ, маводи таълимӣ ва таълимию методӣ ба забони давлатӣ беназиранд. Маҳз баланд гардидани сатҳи ҳуввияти миллӣ, арҷ гузоштан ба фарҳангу маориф, ки ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ муяссар гардид, соҳаи китобдорӣ беш аз ҳарвақта рушд намуд.

Имрӯз дар заминаи баланд гардидани нақш ва мақоми китоб ҳамчун манбаи муҳимтарини донишандӯзӣ таҳқиқи масоили гуногуни таъриху сиёсат, иқтисодиёту маънавиёт ва маорифу фарҳанги  халқамон беш аз пеш меафзояд.

Бо дарки муҳиммияти соҳаи китобдорӣ барои пешрафти дигар соҳаҳои иқтисоди миллӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми солҳои 2005-2022 панҷ барномаи давлатии рушди соҳаи китобдорӣ, аз ҷумла «Барномаи рушди Китобхонаи миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027»-ро ба маблағи беш аз 13 млн. сомонӣ қабул намуд. Илова бар ин, масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаи китобдорӣ дар дигар барномаҳои давлатии рушди соҳаи фарҳанг ворид карда шудаанд.

Татбиқи нақша чорабиниҳои барномаҳои мазкур барои афзоиши шумораи китобхонаҳо ва хонандагон, мутобиқ гардонидани ҳаҷми фонди онҳо ба суръати афзоиши аҳолӣ, дар сатҳу сифати баланд қонеъ гардонидани талаботи рӯзафзуни аҳолӣ нисбат ба иттилоот имкониятҳои боз ҳам васеътарро фароҳам овард.

Тибқи омор айни замон, дар ҷумҳурӣ беш аз 6 ҳазор китобхонаҳо бо фонди зиёда аз 30 млн. нусха китоб ва дигар маводи иттилоотӣ фаъолият доранд.

Миллати  мо дар ҳама давру замон новобаста аз сардиву гармиҳои таърих китобхону китобофар буда, зиндагии хешро бидуни китоб тасаввур карда наметавонад ва рӯзгори хешро бо мутолиаи китоб рангу бори маънавӣ мебахшад. Аҳамияти китоб, бахусус дар тарбия ва ташаккули шахсияти насли наврас бениҳоят бузург аст. Ба ин маънӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр карданд, ки «табъу нашри китоб ва масъалаи таблиғи китобхонӣ таваҷҷуҳи ҷиддиро талаб мекунад. Китобхонӣ ҷузъи муҳимми тарбияи насли наврасро бояд ишғол кунад. Миллати мо бо китоб ва китобхонӣ, заковат ва маърифатнокии худ дар ҷаҳони мутамаддин мақоми шоиста касб кардааст».

Бо ҳидоят ва дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти арҷгузорӣ ба китобу китобдорӣ дар мамлакат корҳои зиёде ба анҷом расонида шудаанд, ки дар ин радиф метавон аз бунёди бинои наву муҳташами Китобхонаи миллӣ ва таҷлили “Рӯзи китоб” ёдовар шуд.

Бо мақсади бедор намудан ва баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нав дар соҳаи суханвариву сухандонӣ, арҷ  гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ ва инкишофи қобилияти эҷодии мардум, таҳкими эҳсоси худшиносӣ, ғанӣ гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ, васеъ намудани доираи забондонӣ миёни  қишрҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни тамоми зинаҳои таҳсилот ва  шаҳрвандони кишвар бо амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм-фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» роҳандозӣ гардиданд.

Ин иқдоми оқилонаи фарҳангӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ,  бархӯрди тамаддуну қудратҳо ва авҷ гирифтани фаъолияти равияву гурӯҳҳои ифротию тундрав  барои ҷалби наврасону  ҷавонон ба китобу китобхона  тадбири  мубраму саривақтӣ  ба шумор меравад. Зеро ҷавонони соҳибхираду  босавод ва дорои  маърифати  баланди сиёсӣ ҳаргиз фирефтаи  дасисаҳои  муғризона нахоҳанд шуд.

Раёсати МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» барои дар амал татбиқ намудани сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, аз ҷумла амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озмунҳои номбурда тадбирҳои муассир андешида, дар ин самт як қатор чорабиниҳои муфидро ба нақша гирифтааст.

Баргузории чунин чорабиниҳо насли ояндасози миллатро ба мутолиаи китоб, аз бар намудани каломи бадеъ ва илму ҳунар ҳидоят намуда, дар замири онҳо меҳри китобу донишро ҷой дода, сатҳи маънавиёташонро баланд мебардорад.

Ҳамин тавр, бо шарофати сиёсати маорифпарварона ва фарҳангии Пешвои миллат имрӯз муҳаббати насли навраси тоҷик ба китобу китобхонӣ бештар ва мақоми ин ду падида дар ҳаёти иҷтимоию фарҳангии ҷомеа беш аз пеш афзуда истодааст. Фаромӯш набояд кард, ки китоб аз зумраи гаронбаҳотарин мероси ниёгонамон буда, ба шарофати он насли имрӯзу оянда аз дастовардҳои тамаддуни ҷаҳонӣ, илму адаб, маънавиёти халқияту миллатҳои гуногун баҳраманд мегардад ва ҳамчун ворисони арзандаи мактаби бузурги худогоҳию хештаншиносии ниёгон баҳри ҳифзу гиромидошти арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ пайваста саъю талош хоҳанд кард.

Бо назардошти муҳиммияти масъала Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаан, ки «Дӯсти ҷавони ман. Бидон ва огоҳ бош, ки китоб дар радифи Модар ва Ватан арзандатарин муқаддасот ба ҳисоб меравад. Тамоми бузургон, донишмандон ва хирадмандони гузаштаву муосир китобро яке аз беҳтарин арзишҳои зиндагӣ дониста, онро «аниси кунҷи танҳоӣ» ва «фурӯғи субҳи доноӣ» пиндоштаанд».

Баҳри тақвияти ҳисси худшиносӣ, худогоҳӣ, ватанпарастӣ, таҳкими пойдории миллату фарҳанг ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ҷавонон бояд пеш аз ҳама осори пурғановати олимону адибони барҷастаи тоҷикро мутолиа намоянд. Дар ин радиф бешак беҳтарин осор дар ҷодаи тарбияи ҷавонон асарҳои пурғановати Пешвои миллат – «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Тоҷикистон дар остонаи фардо», «Аз Ориён то Сомониён», «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат», «Сарнавишти миллати соҳибтамаддун», «Мероси Имоми Аъзам ва гуфтугӯи тамаддунҳо», «Чеҳраҳои мондагор» ва ғайра ба шумор мераванд, ки дар ташаккули зеҳну  шуури барои ҷомеаи соҳибистиқлоли тоҷик созгори насли наврас ва такомули ҳисси ифтихори миллӣ ва ватандӯстии онҳо таъсири мусбат мерасонанд.

Китоб ва китобхонӣ беҳтарин роҳи расидан ба хушбахтӣ ва оромию осӯдагии рӯзгор аст, қуфлкушои ҳама дарҳост, аз нодонӣ инсонро берун меоварад, забонро фасоҳат ва баёнро малоҳат меафзояд. Китоб донишро зиёда мекунад ва обрӯйро меафзояд. Аз ин ҷо ҳаким Фирдавсӣ таъкид мекунад, ки «ба дониш дили пир барно бувад».

 

Зафари ШАРИФ,

 декани факултети китобдорӣ

ва иттилоотшиносии МДТ

«ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода»