Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омадан ба соҳаи китобдорӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, рушди онро дар маркази фаъолияти хеш қарор доданд. Сарвари давлат ҷавҳари ҳастии миллатро дар пойдории фарҳанги миллии он дониста, маҳз китобдорию баҳрабардорӣ аз китоб ва китобофарии халқи тоҷикро яке аз воситаҳои боэътимоди наҷот ва бақои миллат маънидод карданд.
Мавриди зикр аст, ки дар муддат 32-соли истиқлол роҳбарияти олии мамлакат дар баробари ҳаллу фасли теъдоди зиёди масъалаҳои муҳимму мубрами сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ба соҳаҳои маориф ва фарҳанг таваҷҷуҳи ҳамаҷониба зоҳир менамояд.
Воқеан, давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ пешрафти бомароми соҳаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа, бавижа илму маориф ва фарҳангро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии худ қарор дода, вобаста ба ин тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодаааст. Ҳадафи асосӣ баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифатнокии миллат, боло бурдани сатҳу сифати таълим дар тамоми зинаҳои таҳсилот ва тарбияи кадрҳои баландихтисоси ба талаботи рӯз ҷавобгӯ мебошад. Маркази асосии тарбияи мутахассисони баландихтисоси соҳаи китобдории ҷумҳурӣ факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносии Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» ба ҳисоб меравад. Кадрҳои соҳаи китобдорӣ дар назди факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ омода карда мешавад.
Факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ соли 1967 ҳамчун шуъбаи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ дар ҳайати факултети санъати Институти давлатии педагогии шаҳри Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко фаъолият дошт. Аз сентябри соли 1973 бо унвони факултети китобдорӣ ва аз соли 1998 факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ фаъолият дорад. Ба унвони декани факултет соли 1973 И. А.Ҷӯраев, соли 1983 А. Ҳ. Раҳимов, соли 1991 Ҷ. Шерматов, соли 1995 Б. Сайфуллозода (Холов Б.С.), соли 2000 А. Хоҷаев, соли 2005 Б.Сайфуллозода, соли 2011 Б. Давлатбекова, соли 2013 Г. Маҳмудов, соли 2015 Б. Сайфуллозода, аз соли 2020 то ҳол Зафари Шариф фаъолият кардаанд.
Дар бунёд ва рушди факултет устодон И.А. Ҷӯраев, Р. Шарофзода, Г.А. Мушеев, Н. А. Сайфуллина, А.Хоҷаев, Т.Ҳакимов, А. Раҳимов, З. Шораҳматов, Қ. Сафаралиев, Р. Набиева, В.И. Михелева, С. Сулаймонӣ, Ҷ. Шерматов, Б. Сайфуллозода, С. Ҳ. Шосаидзода, Ш. Комилзода, Г. Маҳмудов, Қ. Ғуломзода, Қ. Абдураҳимзода хизмати арзанда кардаанд.
Факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ дар сохтори донишкада мақоми хосса дошта, зиёда аз 50 сол инҷониб дар таълиму тарбияи мутахассисони соҳаи китобдорӣ нақши созанда дорад. Аксарияти омӯзгорони факултет дорои дараҷаҳои илмӣ буда, дар кафедраҳои китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ва бойгонишиносӣ фаъолият менамоянд. Айни замон, дар факултет 342 нафар донишҷӯ, 136 нафар дар шуъбаи рӯзона ва 206 нафар дар шуъбаи ғоибона ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Донишҷӯён аз рӯйи ихтисосҳои китобхонашиносӣ ва китобшиносӣ, бойгонишиносӣ, бойгонии аудиовизуалӣ ва кори ноширӣ соҳиби касб мегарданд. Имрӯз зиёда аз 3000 нафар хатмкардагони факултет дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар, Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Китобхонаи марказонидашудаи шаҳрии ба номи А. Лоҳутӣ, китобхонаҳои вилоятӣ, шаҳрӣ, корхонаву ташкилот ва ғайра фаъолият менамоянд.
Як зумра дастпарварони факултет дар чандин мамолики хориҷӣ, аз ҷумла Русия, Беларуссия, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Олмон, Узбекистон, Қазоқистон, Туркманистон ва ғайра кор карда, шуҳрату эътибори донишкада ва факултетро гиромӣ медоранд.
Соли таҳсили 2009-2010 бори аввал бо ихтисоси бойгоншиносӣ ба курси 1 донишҷӯён қабул шуданд. Ин тахассус имкон медиҳад, ки Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бойгониҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо мутахассисони лаёқатманд таъмин гарданд.
То ибтидои солҳои 70-ум дар ҷумҳурӣ доир ба тахассуси китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ омӯзгорони соҳиби унвонҳои илмӣ мавҷуд набуданд. Сипас, факултет ба маркази илмӣ мубаддал гашта, мактаби китобдорӣ таъсис ёфт.
Эътибору нуфузи мактаби нави китобдории тоҷикро донишмандони кишварҳои дигар эътироф намуда, барои такмили он кумак расониданд.
Дастпарварони факултет ба аспирантура ва докторантураи шаҳрҳои Санкт-Петербург, Маскав шомил гашта, ба гирифтани унвонҳои илмии номзад ва доктори илм сазовор гардиданд. Соли 1995 Сафар Сулаймонӣ рисолаи докториро дар шаҳри Санкт- Петербург дифоъ намуда, аввалин доктори илми «Китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ» гардид. Аз ҳисоби хатмкардагони факултет то имрӯз 2 нафар доктори илм ва 16 нафар номзадҳои илм ба камол расидаанд, ки ба аксари онҳо Комиссияи аттестатсионии Русия унвонҳои илмии дотсентӣ ва профессориро муносиб донистааст.
Факултет бо дастпарваронаш — доктори илмҳои педагогӣ, профессор Сафар Сулаймонӣ, доктори илмҳои таърих, профессор С. Муҳиддинов, номзади илмҳои педагогӣ, профессорон А.Ҳ. Раҳимов ва Б.С. Сайфуллозода, номзадҳои илмҳои педагогӣ, дотсентон З. Шораҳматов, Ҷ. Шерматов, С.Ҳ. Шосаидзода, Ш. Комилзода, Ф. Ёров, Қ. Ғуломзода, С. Камолзода, дотсентон Қ. Абдураҳимзода, С.М. Мамадазимова, С. Ғуломшоев ва дигарон ифтихор дорад.
Факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ ҳамчун яке аз марказҳои бузурги илмӣ дар ҷумҳурӣ оид ба проблемаҳои илми китобдорӣ ва тарбияи мутахассисони ҷавон беш аз пеш нуфуз пайдо карда истодааст. Факултет бо назардошти талаботи ҷомеаи муосири иттилоотӣ фаъолияти худро бо муассисаҳои фарҳангии ҷумҳурӣ ва хориҷа густариш медиҳад.
Факултет бо донишгоҳҳои шаҳрҳои Маскаву Санкт-Петербург, Челябинск, Тошканду Минск, Киев, Исфаҳону Теҳрон, Линколн, Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Китобхонаи миллӣ, Китобхонаи давлатии ҷумҳуриявии бачагонаи ба номи М. Миршакар, Китобхонаи шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ равобити мустаҳками илмӣ ва эҷодӣ дорад.
Омӯзгорону донишҷӯёни факултет аксари ин марказҳоро чун манбаи таҳқиқоти илмӣ, такмили ихтисос, таҷрибаомӯзии таълимию истеҳсолӣ, пешаздипломӣ ва баргузории дарсҳои амалӣ истифода мебаранд.
Тибқи нақшаи равобити илмӣ бо дигар муассисаҳои таълимӣ ва пажӯҳишгоҳҳо олимони машҳури соҳаи китобдорӣ А.Н. Ванеев, В.С. Крейденко, Г.М. Михайлова, В.В. Скворцов, В.И. Терешин, Ю.С. Зубов, А.В. Суворова, Е.Леончиков, В. Веревкина ва дигарон баҳри хондани лексия ва расонидани кӯмакҳои илмию услубӣ оид ба масъалаҳои баландбардории сатҳу сифати раванди таълим, таҳияи нақшаҳои нави он, роҳҳои ҳалли проблемаҳои назариявӣ ва амалии китобу китобдорӣ ба факултет даъват шуда буданд.
Албатта, чунин комёбиҳо ба осонӣ ба даст наомадаанд. Факултет дар ҷумҳурӣ ягона буд, имконияти омӯхтани таҷрибаи дигарон маҳдуд ва омӯзгорони ботаҷриба намерасиданд, адабиёти дарсӣ камёб буд. Новобаста аз душвориҳо факултет соли 1971 аввалин мутахассисонро бо ихтисоси китобдор-библиографи китобхонаҳои илмӣ-оммавӣ ба истеҳсолот гуселонид. Ин ба талаботи ҳамонвақта мувофиқ буд. Зеро он замон аксари китобхонаҳо илмӣ-оммавӣ буданд.
Баробари бунёди китобхонаҳои соҳавӣ ва бачагона факултет омодасозии китобдоронро тибқи соҳаҳои дониш ба роҳ монд. Пас аз хатми донишкада донишҷӯён соҳиби се тахассус-китобдор- библиографи адабиёти ҷомеашиносӣ, китобдор-библиографи-адабиёти бадеӣ ва санъат, китобдор-библиографи адабиёти бачагона ва наврасон мегардиданд.
Соли 1991 факултет бо тақозои даврони соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ, боназардошти анъанаҳо, хусусиятҳои хосси миллӣ ва соли 1998 дар асоси ҷоринамоии маълумоти бисёрзинагӣ ба нақшаи нави таълимӣ ворид гардид. Тибқи ин нақшаҳо мазмуни таълим ва тахассусҳо шаклан ва сифатан дигаргун шуданд. Мустақилияти ҷумҳурӣ ва ҷоринамоии маълумоти бисёрзинагӣ тамоми муассисот масъулияти факултетро боз ҳам бештар намуд. Устодони кафедраҳои тахассусӣ бар он кӯшиданд, ки мазмун ва номгӯи фанҳо ба стандарти ҷаҳонӣ ҷавобгӯ бошад ва талаботи амалӣ, анъанаҳои миллиро инъикос намоянд.
Факултет тадриҷан ба стандартҳои нави давлатӣ ворид гардида истодааст. Имрӯз таълими фанҳои умумикасбӣ ва тахассусӣ тибқи стандартҳои давлатии таълимии таҳсилоти олии касбии ихтисосҳои «Китобхонашиносӣ ва китобшиносӣ», «Бойгонишиносӣ», «Бойгонии аудиовизуалӣ», «Кори ноширӣ» ва нақшаҳои нави таълимӣ ба роҳ монда шудааст.
Яке аз масъалаҳои умдатарин дар робита ба омодасозии китобдорон бо барномаҳои фаннӣ, китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимии тоҷикӣ таъмин намудани фанҳои тахассусӣ аст. Нерӯи илмии факултет бо саъйи муштарак чандин монографияҳо, маҷмуаҳои илмӣ, нашрияҳо, мақолаҳо ва якчанд китобҳои дарсӣ, аз ҷумла «Китобхонашиносии умумӣ» (Душанбе, 1998, 2012), «Таърихи китобдории кишварҳои хориҷӣ» (Душанбе, 1997,2013), «Маҷмуаи китобхона» (Душанбе, 1997), «Библиографияи адабии тоҷик» (Душанбе, 1988, 2014), «Таърихи номаҳои Аҷам» (Душанбе, 1997, 2010), «Аз таърихи китобдории тоҷик» (Душанбе, 1998), «Фаъолияти библиографӣ дар китобхонаҳо» (Душанбе, 2012), «Библиографияи адабиёт барои кӯдакон ва наврасон» (Душанбе 2011), «Самтҳои асосии маълумоти китобдорӣ дар Тоҷикистон» (Душанбе, 2013), «Библиографияи кишоварзии тоҷик» (Душанбе, 2011), «Таърихи библиографияи кишоварзӣ» (Душанбе, 2011), «Луғати русӣ-тоҷикии китобдорӣ ва иттилоошиносӣ» (Душанбе, 2012), «Менеҷмент ва маркетинги китобдорӣ» (Душанбе, 2007), «Менеҷменти фаъолияти китобдорӣ ва иттилоърасонӣ» (Душанбе, 2008), «Услубҳои китобдорӣ ва иттилоотии тарғиби китоб» (Душанбе, 2008), «Равандҳои инноватсионӣ дар фаъолияти библиографии китобхонаҳо» (Душанбе, 2018), «Библиографишиносӣ» (Душанбе, 2019), «Инноватикаи китобдорӣ» (Душанбе, 2019), «Истифодаи технолгияи муосири иттилоотӣ дар фаъолияти китобхонаҳо» (Душанбе, 2021), «Махзани маърифат» (Душанбе, 2014, 2023), «Ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба фаъолияти китобдорӣ» (Душанбе, 2008), «Фаъолияти китобдорӣ дар Тоҷикистон» (Душанбе, 2010, 2012, 2013) ва «Фаъолияти китобдорӣ дар даврони ҷаҳонишавии фазои иттилоотӣ» (Душанбе, 2012)-ро аз чоп бароварданд.
Олимони факултет дар таҳияи санадҳои давлатӣ — Консепсияи инкишофи маданияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи Китобхонаи миллӣ, Низомномаи китобхонаҳо ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг», «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» саҳми бузург доранд. Устодони факултет дар ташкил ва гузаронидани конфронсҳои илмию назарӣ, минтақавӣ, байналмилалӣ ва озмунҳо оид ба тахассуси китобдорӣ нақши босазо мегузоранд. Бо ташаббуси омӯзгорони факултет конфронси байналмилалии «Китоб ва эҳёи тамаддуни мардуми шарқ: дирӯз ва имрӯз» (соли 1990), конфронси умумииттифоқии «Масоили миллӣ ва интернасионалӣ дар ташаккули фарҳанги Шарқи Шуравӣ» (соли 1990) баргузор гардид, ки дар кори онҳо китобхонашиносон ва библиографони давлатҳои Эрон, шаҳрҳои Маскаву Санкт-Петербург, ҷумҳуриҳои Қазоқистону Узбекистон ва ғайра ширкат варзиданд.
Омӯзгорон ва донишҷӯёни факултет ҳамасола дар конфронсҳои илмӣ-назариявии сатҳи байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва донишкадавӣ бо дастовардҳои илмии худ иштирок менамоянд. Донишҷӯёни факултет дар муддати таҳсили чаҳорсолаи худ 3 маротиба ба таҷрибаомӯзӣ мераванд. Таҷрибаомӯзии онҳо дар китобхонаҳои беҳтарини шаҳри Душанбе, вилоятҳо ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ мегузарад. Солиёни пешин таҷрибаомӯзии донишҷӯёни факултет дар шаҳрҳои Санкт-Петербург, Алмаато, Тошканд, Ашқобод, Қарағанда, Бишкек, Фарғона, Самарқанд, Бухоро ва ғайра мегузаштанд.
Баҳри беҳтар намудани раванди таҷрибаомӯзӣ ва боло бурдани сифати он кафедраҳои тахассусӣ корҳои зиёдеро ба сомон расониданд. Қабл аз ҳама, тибқи нишондоди нақшаи таълимӣ ва боназардошти хусусиятҳои хосси фаъолияти китобхонаҳо барномаҳои таҷрибаи истеҳсолӣ барои донишҷӯёни курсҳои 2-юм, 3-юм ва пешаздипломӣ барои донишҷӯёни курси 4-ум таҳия гардиданд. Донишҷӯён дар ҷараёни таҷрибаомӯзӣ бо нозукиҳои кори китобдорӣ аз наздик шинос гардида, малака ва таҷрибаи хуби корӣ пайдо мекунанд.
Омӯзгорони факултет дар доираи татбиқи сиёсати фарҳангии Ҳуқумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ», таҳия ва татбиқи «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015», «Барномаи давлатии компютеркунонии китобхонаҳои давлатию оммавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013 «Барномаи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015», «Барномаи рушди Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020», «Барномаи рушди Китобхонаи миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027» ва амсоли ин саҳми арзанда доранд. Санадҳои мазкур барои пешрафти соҳаи китобдорӣ дар даврони ҷаҳонишавии фарҳанг тадбири оқилона ва басо муҳимму саривақтӣ ба ҳисоб рафта, барои воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фазои муосири иттилоотии ҷаҳон заминаҳои воқеан мусоидро фароҳам овард. Онҳо асосҳои ҳуқуқии созмондиҳӣ, ҳифз ва рушди фаъолияти китобдориро муайян намуда, татбиқи амалии ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро дар мавриди ҷустуҷӯ ва дарёфти иттилоот, истифодаи китобхонаҳо, дастрасии озодонаро ба комёбиҳои илмию фарҳангии ҷаҳони миллӣ танзим менамояд.
Татбиқи барномаҳои соҳаи китобдорӣ имкон дод, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол инфраструктураи боэътимоди соҳаи китобдорӣ-иттилоотӣ фароҳам омада, теъдод ва сифати фонди китобхонаҳои ҷумҳурӣ бештару беҳтар гарданд ва барои воридшавии китобхонаҳои давлатию оммавӣ ба фазои нави иттилоотӣ заминаҳои устувор муҳайё гарданд.
Самт ва мундариҷаи пажуҳишҳои илмию эҷодии профессорону омӯзгорони факултет бағоят бою рангин аст. Қисме аз онҳо ба омӯзиши низоми китобхонаҳо, феҳристнависӣ, маҷмӯасозӣ, тарбияи кадрҳо, таърихи китобдории хориҷӣ ва хадамоти хонанда машғул буда, қисми дигар проблемаҳои таърихи китоби тоҷик, махсусияти созмондиҳии хадамоти библиографии мактаббачагонро таҳқиқ менамоянд.
Факултет маркази асосии тарбияи кадрҳои баландихтисос ва рушду нумуи илми китобдорӣ ба шумор рафта, дорои ду кабинети тахассусии мукаммал бо адабиёти таълимӣ ва ду синфхонаи компютерӣ мебошад.
Омӯзгорони факултет дар таҳия ва чопи маҷаллаҳои илмӣ, фарҳангиву маърифатии «Анис», «Китобдор», «Паёмномаи фарҳанг», «Фарҳанг ва ҳунар» ва рӯзномаи «Дунёи китоб» нақши созанда доранд.
Соли чаҳорум аст, ки омӯзгорони факултет ба таҳқиқи лоиҳаи илмӣ бо унвони «Таҳқиқи салоҳияти инноватсионии китобдорон дар раванди хизматрасонии китобдорӣ-иттилоотӣ» машғул мебошанд. Дар доираи лоиҳаи мазкур як рисолаи номзадӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифта, 2 рисолаи доктор PhD барои ҳимоя пешниҳод гардиданд. Муҳаққиқон дар доираи мавзуи илмӣ 4 дастури таълимӣ, 10 барномаи фаннӣ ва 80 мақола ба нашр расониданд.
Барои хидматҳояшон дар рушди фарҳанги миллӣ ва тарбияи мутахассисони касбӣ омӯзгорони факултет Б. Сайфуллозода, С. Шосаидзода, Ш. Комилзода ва Г. Маҳмудов ва Қ. Абдураҳимзода бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофоти давлатии медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардонида шудаанд.
Кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ. Ҳамқадами донишкада буда, аз соли 1967 то соли 1971 ҳамчун шуъбаи китобдорӣ таҳти сарпарастии И.А. Ҷӯраев фаъолият дошт. Дар ин давра аввалин дастпарварони Донишгоҳи фарҳанги ш. Масква омӯзгорон — Р. Шарофов, И.А. Ҷӯраев, Г. Мушеев, Н.А. Сайфуллина, А. Ҳаётов ва К. Қурбонов ба донишҷӯён аз фанҳои тахасссусӣ дарс мегуфтанд.
Шиносоӣ бо ҳуҷҷатҳои бойгонӣ нишон дод, ки солҳои аввали таъсисёбӣ дар фаъолияти кафедра норасоиҳо мавҷуд буданд.
Ин пеш аз ҳама дар шумораи ками омӯзгорони соҳибтаҷриба, ки аксари фанҳои тахассусӣ бе нақшаҳои мавзуӣ, кумакдарсиҳо ва барномаҳо таълим дода мешуданд. Мушкилоти забонӣ низ имкон намедод, ки онҳо бо тайёрии хуб барои гузаронидани дарсҳо омода бошанд. Тавре ки маълум гардид, аксарият дарснома, барнома ва кӯмакдарсиҳои услубӣ ба забони русӣ буданд.
Бояд қайд кард, ки аввали солҳои 70-ум ба кафедра як зумра донишҷӯёне, ки донишкадаро хатм намуданд, аз қабили З. Шораҳматов, А.Ҳ. Раҳимов, Қ. Сафаралиев, А. Хоҷаев, Ҷ. Шерматов ва С. Сулаймонӣ ба кор ҷалб карда шуданд. Тайи ин солҳо омӯзгорон мавзуъҳои таҳқиқотии худро муайян карда, барои ба аспирантураи шаҳрҳои Санкт-Петербургу Масква дохил шудан, тайёрӣ медиданд. Натиҷаи заҳматҳо имкон дод, ки омӯзгорон З. Шораҳматов соли 1979, С. Сулаймонӣ соли 1981, Ҷ. Шерматов соли 1983 ба аспирантураи шаҳри Москва дохил шуда, ҳар кадом таҳти роҳбарии профессорони варзида И.М. Фрумин, В.И. Терёшин, ва Е. Шапошников аз рисолаҳои номзадии хеш дифоъ намуданд.
Охири солҳои 80-ум ва аввали 90-ум омӯзгорон Б. Сайфуллозода, С. Шосаидзода ва А. Султонов низ рисолаҳои илмиро дифоъ намуданд. Фонди кабинети кафедра аз ҳисоби адабиёти туҳфакардаи Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи А. Фирдавсӣ ва Китобхонаи марказии шаҳрии ба номи А. Лоҳутӣ зиёд гардид.
Дар ғанӣ гардонидани мавзуи корҳои илмию услубии кафедра, нақши факултетҳои такмили ихтисоси донишгоҳҳои Маскаву Санкт-Петербург хеле бузург аст. Омӯзгорони кафедра З. Шораҳматов оид ба фанни «Фонди китобхона», Ҷ. Шерматов аз фанни «Хизматрасонӣ ба хонандагон», С. Шосаидзода аз фанни «Китобхонашиносӣ. Курси умумӣ», Б. Сайфуллозода аз фанни «Феҳристнависӣ», И. А. Ҷӯраев оид ба фанни «Таърихи китобдорӣ дар Тоҷикистон» дар донишгоҳҳои шаҳрҳои номбурда, донишу маҳорати омӯзгории худро сайқал доданд. Давоми солҳои фаъолият кафедра як зумра олимони машҳури китобхонашинос: профессорон А.Н. Ванеев ва В.С. Крейденко аз Академияи фарҳанги шаҳри Санкт-Петербург, профессорони Донишкадаи фарҳанги шаҳри Москва В.В. Скворцов, В.И. Терёшин ва дигаронро барои хондани лексия ва расонидани кӯмакҳои илмию методӣ даъват намудааст. Қайд кардан бамаврид аст, ки маҳз бо дастгирии профессорон А.Н. Ванеев ва В.С. Крейденко як гурӯҳ донишҷӯёни факултети китобдорӣ соли 1991 таҷрибаи истеҳсолии худро дар Китобхонаи марказонидашудаи ба номи В. Маяковскии шаҳри Санкт-Петербург (Ленинград) гузарониданд.
Муҳимтарин самти фаъолияти кафедра ташкили дуруст ва аз ҷиҳати илмӣ асосноки ҷараёни таълим ба шумор меравад. Аз ин рӯ, иҷрои нақшаҳои таълимӣ ва таълими фанҳои тахассусӣ дар асоси таҷриба, равияҳои кори эҷодии омӯзгорон ба роҳ монда шудааст.
Сифат ва самараи таълимро бо болоравии сатҳи донишҳои омӯзгорон ва таъмини кафедраро бо мутахассисон вобаста дониста, аз имкониятҳои таҳсил дар докторантура ва дигар марказҳои илмӣ васеъ истифода бурда шуд. Дотсенти кафедра, номзади илми педагоги Сафар Сулаймонӣ соли 1987 ба докторантураи Донишгоҳи фарҳанги шаҳри Москва дохил шуда, онро хатм намуд ва кори илмии худро ба итмом расонид. Тайи ҳамин солҳо хатмкардагони Донишкадаи фарҳанги шаҳри Москва Г. Маҳмудов, Қ. Бӯриев, А. Файзуллоев ва Ҳ. Ҳусейнов ба ҳайси омӯзгори кафедра ба кор омаданд. Ҳар кадоми онҳо дар баробари таълими донишомӯзон ба корҳои илмӣ-услубӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ камари ҳиммат бастанд. Мақолаҳои аввалини онҳо дар саҳифаҳои матбуоти даврии ҷумҳурӣ чоп гардиданд. Омӯзгорони собиқадори кафедра ба онҳо тавассути суҳбату маслиҳатҳо, иштирок ба дарсҳо кумакҳои амалӣ расониданд.
Давраи таҳаввулоти пурҷӯшу хурӯш ва хеле масъулиятноки кафедра соли хониши 1990-91 ва солҳои минбаъда ба ҳисоб мераванд. Зеро ҳама дар андешаи бозсозии таълиму тарбия буда, дар раванди он ҷилавгирӣ аз хараҷу мараҷи солҳои гузашта (карахтӣ) карданд. Қабл аз ҳама танзими нақшаи нави таълимиро дар назар дорем, ки дар асоси он аз соли хониши 1991-92 кафедра фаъолият намуд. Дар асоси нақшаи номбурда, таълими донишҷӯён аз рӯи 3 тахассус: китобдори китобхонаҳои илмӣ-оммавӣ, китобдори китобхонаҳои техникӣ-кишоварзӣ, китобдори китобхонаҳои бачагона ва мактабӣ ба роҳ монда шуд.
Ҳангоми баррасии нақшаи нави таълимӣ вобаста ба талабот ва хусусиятҳои хосси ҷумҳурӣ то андозае унвон, сохтор ва мундариҷаи бархе аз фанҳои тахассусии кафедра тағйир дода шуданд. Масалан дар асоси фанни «Таърихи кори китобхонаҳо дар ИҶШС ва хориҷа» таълими ду курси нав «Таърихи китобхонаҳои Тоҷикистон» ва «Таърихи китобхонаҳои хориҷӣ» ба роҳ монда шуд.
Самт ва мундариҷаи ҷустуҷӯҳои илмию эҷодии омӯзгорони кафедра бағоят бою рангин аст. Яке аз равияҳои асосии илмии кафедра омӯзиши таърихи китобхонаҳои Шарқ-асосҳои илмии робитаи китобхонаҳо бо кишварҳои ҳамзабону ҳамфарҳанги мо, дар ин замина омӯхтан ва истифода аз таҷрибаи онҳо ба шумор меравад. Перомуни масоили номбурда қадамҳои устувор гузошта шуданд. Бо ташаббуси омӯзгорони кафедра моҳи июни соли 1990 дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалии «Китоб ва эҳёи тамаддуни Шарқ: дирӯз ва имрӯз» баргузор гардид, ки дар он олимону мутахассисон аз давлатҳои Эрону Афғонистон, шаҳрҳои Маскаву Санкт-Петербург ва ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ширкат варзиданд. Фишурдаи гузоришҳоро омӯзгорони кафедра дар китоби алоҳида аз чоп бароварданд.
Равияи дигари фаъолияти кафедра — «Китобхона ва мутахассис» ба шумор меравад. Дар ҳалли проблемаҳои ин равия устодон З. Шораҳматов, Бозор Сайфуллозода ва Сафар Сулаймонӣ саҳми босазо гузоштанд. Натиҷаи таҳқиқотҳои онҳо дар саҳифаҳои матбуоти собиқ Шуравӣ ва матбуоти маҳаллӣ аз чоп баромаданд. Омӯзгорони кафедра дар мизи мудаввари «Тайёр намудани мутахассисони маданият ва санъат дар Тоҷикистон дар давраи гузариш ба иқтисоди бозоргонӣ», ки бо ташаббуси донишкада доир гардид, ширкати фаъол варзиданд. Натиҷаи андешарониҳоро омӯзгорони кафедра дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ дастраси ҳамагон гардониданд.
Яке аз равияҳои муҳимми фаъолияти кафедра роҳбарӣ ба корҳои илмӣ-таҳқиқотии донишҷӯён мебошад. Барои роҳбарии мунтазам ба корҳои илмӣ дар кафедра рӯзҳои навбатдории устодон ба роҳ монда шудааст. Дар ин бахш аллакай корҳои ҷолиби диққате иҷро шудаанд. Баҳри ҷонноку самарабахш гардонидани ин самти фаъолият кафедра чораҳои зарурӣ андешид. Устодон С. Шосаидзода ва Б. Сайфуллозода нишондоди услубии «Услуби иншои кори курсӣ» ва «Осори чопии устодони кафедраи китобхонашиносӣ»-ро таҳия намуданд, ки дар онҳо тарзу услубҳои иншои корҳои курсӣ ва тамоми маводи чопии устодони кафедраро аз аввали таъсисёбии он то соли 1991 аз чоп бароварданд.
Солҳои охир неруи илмӣ ва таҳқиқотии кафедра сермаҳсул ва бонуфузтар гардид. Соли 1992 бори аввал маҷмуаи илмӣ бо номи «Китоб ва китобдорӣ дар фарҳанги мардумони иронӣ» ва соли 1993 «Истилоҳномаи китобдорӣ» аз тарафи устодони кафедра аз чоп баромаданд. Инчунин, дарсномаи «Маҷмуаи китобхона» дар тарҷумаи омӯзгор З. Шораҳматов чоп гардид.
Омӯзгорони кафедра ҳамасола дар конфронсҳои илмию назариявии донишкада ва берун аз он бо маърӯзаҳо баромад мекунанд. Агар қаблан устодон оид ба проблемаҳои гуногун дар конфронсҳо гузориш пешниҳод менамуданд, солҳои охир дар атрофи як мавзӯи муайян таҳқиқот анҷом медиҳанд.
Самти дигари фаъолияти кафедра таҷрибаомӯзӣ (таълимӣ ва истеҳсолӣ) ба шумор меравад. Кафедра дар факултет роҳбарии таҷрибаомӯзии донишҷӯёни шуъбаҳои рӯзона ва ғоибонаро ба уҳда дорад. Таҷрибаомӯзӣ дар китобхонаҳои калонтарини шаҳри Душанбе, вилоятҳо ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ мегузаранд. Қаблан, таҷрибаомӯзӣ дар шаҳрҳои Тошкант, Алма-Ато, Бишкек, Ашқобод, Қарағанда, Шимкент ва ғайраҳо мегузаштанд. Кафедра оид ба ҳар кадоми ин таҷрибаомӯзиҳо барномаҳои мушаххасро мураттаб сохтааст.
Солҳои 2000-ум аз ҷониби омӯзгорони кафедра корҳои назаррас анҷом дода шуданд. Онҳо дар ҳаллу фасли масъалаҳои идоранамоӣ ва танзими фаъолияти китобдорӣ, тарбия ва бозомӯзии мутахассисони касбӣ, истифодаи технологияи муосири иттилоотӣ дар фаъолияти китобхонаҳо, технологияи созмондиҳии феҳрист ва китобхонаҳои электронӣ, коркарду тавсияҳо оид ба истифодаи натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ, омӯзиши таърихи кори китобхонаҳо, менеҷмент ва маркетинг дар фаъолияти китобхонаҳо, таҳияи барнома, китобҳои дарсӣ ва санадҳои давлатӣ нақши бузург бозиданд. Маҳз дар ҳамин давра, омӯзгорони кафедра дар самти таҳия ва баррасии маводи чопӣ ба забони тоҷикӣ нақши созгор доранд.
Аз ҷониби онҳо дарсномаҳои «Китобхонашиносии умумӣ» (нашри дуввум), «Таърихи китобдории кишварҳои хориҷӣ» (нашри дуввум), «Дар оғӯши китобҳо», «Махзани маърифат» ва барномаҳои фании «Феҳристҳои китобхона», «Афкори китобхонашиносӣ», «Менеҷменти китобдорӣ», «Хизматрасонӣ ба хонандагон», «Системаи таснифоти китобхонавӣ», «Таърихи китобхонаҳои Тоҷикистон», «Китобхонашиносӣ. Курси умумӣ», «Педагогикаи китобдорӣ», «Иртиботшиносӣ», «Муқаддимаи ихтисос», «Ташаккули фарҳанги китобдорӣ», «Фонди китобхона», «Назария ва методикаи бойгонишиносӣ», «Коркарди аналитикӣ ва синтетикии иттилоот» ва барномаҳои таҷрибаи истеҳсолӣ барои донишҷӯён таҳия ва чоп гардиданд.
Аз ҷониби омӯзгорони кафедра чандин семинару, конфронсҳо ва мизҳои мудаввар бо унвонҳои «Вазъи кунунии фаъолияти китобхонаҳои Тоҷикистон ва роҳҳои рушди минбаъдаи онҳо», «Китоб ва рушди фарҳанги китобдорӣ дар Тоҷикистон», «Нақши таърихии Иҷлосияи ХVI-ум дар эҳё ва рушди фарҳанги миллӣ» ташкил ва гузаронида шуданд.
Соли 2003 омӯзгорони кафедра Сафар Сулаймонӣ ва Бозор Сайфуллозода бо фармоиши Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ»-ро таҳия намуданд. Қонуни мазкур асоси ҳуқуқии созмондиҳӣ, ҳифз ва рушди фаъолияти китобдориро дар ҷумҳурӣ муайян намуда, татбиқи амалии ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро дар мавриди ҷустуҷӯ ва дарёфти иттилоот, истифодаи китобхонаҳо, дастрасии озодонаро ба комёбиҳои илмию фарҳангии ҷаҳонию миллӣ танзим менамояд.
Ҷалби хатмкунандагони факултет ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ аз ҷониби омӯзгорони кафедра ба роҳ монда шудааст. Айни ҳол, хатмкардагони факултет Зафари Шариф ва Сайзароб Надиров зери роҳбарии номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Шосаидзода Сафар Ҳасан ба ҳимояи рисолаҳои илмӣ машғуланд. Теъдоди чанде шуъбаи магистратураро хатм намуданд.
Омӯзгорони кафедра дар таҳқиқи мавзуи илмии «Таҳаввули китобхонаҳо дар даврони ҷаҳонишавии фазои иттилоотӣ» ширкат варзида, теъдоди чанде аз маводҳои таълимӣ, барнома, мақола ва маҷмуаи илмиро бо унвони «Фаъолияти китобдорӣ дар даврони ҷаҳонишавии фазои иттилоотӣ» аз чоп бароварданд.
Дар марҳилаи аввали гузариш ба низоми кредитии таҳсилот дар донишкада, ки шуъбаи китобдории факултет ба он шомил гардид, аз ҷониби омӯзгорони кафедра Б. Сайфуллозода ва С. Шосаидзода силлабусҳои корӣ доир ба фанҳои «Китобхонашносии умумӣ», «Феҳристнависӣ» ва «Муқаддимаи ихтисос» таҳия гардиданд.
Соли чаҳорусм аст, ки омӯзгорони кафедра ба таҳқиқи лоиҳаи илмӣ бо унвони «Таҳқиқи салоҳияти инноватсионии китобдорон дар раванди хизматрасонии китобдорӣ-иттилоотӣ» машғуланд.
Навиштаҳои боло гувоҳи онанд, ки кафедра аз солҳои аввали фаъолият то кунун дар самтҳои мазкур ба як қатор комёбиҳои назаррас ноил гардидааст. Таҳрезии нишондодҳои услубӣ оид ба иҷрои корҳои курсӣ, назоратӣ, мустақилонаи донишҷӯён, танзими барномаҳои нави таълимӣ оид ба фанҳои тахассусӣ, таҳияи стандартҳои таҳсилоти олии касбӣ ва нақшаҳои таълимӣ, таҳияи силлабусҳои корӣ, чопи мақолаю нашри маводи таълимӣ ва услубӣ оид ба проблемаҳои гуногуни соҳаи китобхонашиносии тоҷик аз рушду камолоти фаъолияти илмию методии омӯзгорони кафедра шаҳодат медиҳанд.
Кафедраи бойгонишиносӣ. Кафедра дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 феврали соли 2008 таҳти рақами №34 2/45 дар назди факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ фаъолият дорад. Донишҷӯён аз рӯи ихтисосҳои бойгонишиносӣ, бойгонии аудиовизуалӣ дар шакли таълими рӯзона ва фосилавӣ (ғоибона) ба таълим фаро гирифта шудаанд. Кафедра аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ то имрӯз дар омода намудани мутахассисони соҳаи бойгонишиносӣ дар ҷумҳурӣ саҳми назаррас дорад. Дар бунёд ва рушди кафедра устодон Бозор Сайфуллозода, А. Ёрмуҳаммадов, Х. Сангалиев, Р. Муминова, С. Шарофуддинов, М. Мамадазимова, Д. Холмуродов, Р. Ҷобиров, Н.Б. Наҷотова ва Қосими Охун саҳми калон доранд. Маҳз бо талоши онҳо нақшаи таълимии ихтисоси бойгонишиносӣ, бойгонии аудиовизуалӣ таҳия ва ба тасвиб расида, аввалин маводҳои таълимӣ, нақшаҳои корӣ ва силлабусҳо мавриди истифодаи донишҷӯён қарор гирифтанд.
Ҳамкории кафедра бо Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қавӣ гардида, теъдоди чанде аз дарсҳои амалӣ ва назариявӣ дар синфхонаҳои ин муассисаи бонуфуз баргузор мегарданд. Донишҷӯёне, ки ихтисоси бойгонишиносиро хатм мекунанд, дар Бойгонии марказии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва филиалҳои он, Бойгонии марказии давлатии аксу садо ва синамои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бойгонии давлатии таърихи навтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон, бойгониҳои давлатии вилоятҳо ва филиалҳои онҳо, бойгониҳои байниидоравии ҳуҷҷатҳои ҳайати шахсии назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва бойгониҳои идоравӣ фаъолият менамоянд.
Айни замон дар кафедра омӯзгорон Д. Холмуродов, С. Шарофуддинов, Н. Холибоева, Собиров Н, А. Раҷабов, М. Мамадазимова ва Э. Исмоилов ба фаъолият машғуланд. Алҳол роҳбарии кафедраро номзади илмҳои таърих, дотсент М. Мамадазимова ба уҳда дорад.
Ҳамчунин, дар таърихи ташаккули факултет кафедраҳои библиографишиносӣ, информатика ва тарбияи ҷисмонӣ низ фаъолият доштанд, ки бинобар сабабҳои истеҳсолӣ ба ҳайати дигар кафедраҳо ё факултетҳо шомил карда шуданд.
Зафари ШАРИФ,
декани факултети китобдорӣ
ва иттилоотшиносии МДТ
«ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода»