Дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» бахшида ба 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Рӯзи китоб» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ ва намоиши китобӣ бо унвони «Истиқлолият-марҳилаи сифатан нави рушди фаъолияти китобдорӣ» доир гардид.
Дар конференсия сардори шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳайётзода Алиакбар, сармутахассиси раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муминзода Некрӯз, олимону мутахассисон ва директорони китобхонаҳои вилоятӣ ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла директори Китобхонаи марказии илмии ба номи Индира Гандии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Сӯфизода Шодимуҳаммад, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Комилзода Шариф, номзади илмҳои педагогӣ, профессор Сайфуллозода Бозор Сайфулло, дотсент Маҳмудов Гадобег, директори Китобхонаи давлатии патентӣ-техникӣ Холиқов Тоҳир, директори МД «Хонаи китоби Тоҷикистон» Нодирзода Сайзароб, директори Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддини Шоҳин Юсуфзода Тутинисо, директори Китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи Аминҷон Шукӯҳӣ Муродзода Муаззама, муовини директори Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи С. Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб Обидзода Саймуҳаммад, директори Китобхонаи марказии ноҳияи Дӯстӣ Кабиров Шарифҷон, директори Китобхонаҳои марказонидашудаи ноҳияи Файзобод Файзов Раҳматулло, директори Китобхонаи илмии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ номзади илмҳои педагогӣ Сатторова Мавлуда, намояндаи Китобхонаи илмӣ-ҷумҳуриявии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳайати профессорону омӯзгорон, донишҷуёну магистрантон, докторанту аспирантон, унвонҷуёни факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносии Донишкада ширкат варзиданд.
Дар оғоз ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ ҳозиринро бахшида ба 33- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Рӯзи китоб» табрику таҳният гуфта, барояшон пирӯзиҳои рӯзафзуни касбиро орзу намуд. Мавсуф зикр намуд, ки Истиқлоли давлатӣ дар ҳаёти миллати тоҷик рӯйдоди муҳимми таърихӣ буда, дар баробари дигар соҳаҳои иқтисоди миллӣ барои пешрафти илму маориф, фарҳанг, аз ҷумла рушди соҳаи китобдорӣ шароитҳои воқеан мусоидро фароҳам овард. Дар як фосилаи кӯтоҳи таърихӣ соҳаи китобдорӣ бо дастовардҳое ноил гардид, ки дар қиёс ба даврони шуравӣ дар самти рушду такомули фаъолияти китобхонаҳо, таҳқиқу баррасии илмии масъалаҳои мубрами соҳа, барномарезии давлатӣ, тайёр кардани кадрҳои баландихтисос, таҳияву интишори осори илмӣ, маводи таълимӣ ва таълимию методӣ ба забони давлатӣ беназиранд. Маҳз баланд гардидани сатҳи ҳувияти миллӣ, арҷ гузоштан ба фарҳангу маориф, ки ба шарофати Истиқлоли давлатӣ муяссар гардид, соҳаи китобдорӣ беш аз ҳарвақта рушд намуд.
Ректори донишкада қайд намуд, ки бо ҳидоят ва дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти арҷгузорӣ ба китобу китобдорӣ дар мамлакат корҳои зиёде ба анҷом расонида шудаанд, ки дар ин радиф метавон аз бунёди бинои наву муҳташами Китобхонаи миллӣ ва таҷлили «Рӯзи китоб» ёдовар шуд.
«Мо ворисони шахсиятҳое ҳастем, ки», зикр намуд ректори Донишкада,-«дар саҳифаи таърихи миллат ва тамаддуни ҷаҳон бо осори гаронарзишу пурғановати хеш мақоми шоиста касб кардаанд, аз ин рӯ, дарки масъулияти баланди ворисият моро водор месозад, ки сабақи китобхонӣ, китобдорӣ, китобнависӣ ва муҳимтар аз ҳама, баҳрабардории амиқу самарбахш аз мазмуну асрори китобро на танҳо ба фарзандони хеш, балки ба насли навраси бани башар биомӯзонем. Мавриди зикр аст, ки ҳадафи асосии конференсияи мазкур дар он аст, ки тамоми кормандони китобхонаҳои мамлакат аз дастовардҳои соҳаи китобдорӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ ва навгониҳои он пурра огоҳӣ ёфта, дар фаъолияти ҳамрӯзаашон мавриди истифода қарор диҳанд. Бахши дуюми конференсияи мазкур, ки «Фаъолияти инноватсионии китобхонаҳо» унвон гирифта буд, декани факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ Зафари Шариф дар мавзӯи «Омилҳои рушди инноватсионӣ-методии китобхонаҳо», муаллимони калони кафедраи китобхонашиносӣ ва библиогафишиносӣ: Назаров Тағоймурод дар мавзуи «Нақши китобхонаҳо дар тарбияи маънавии ҷавонон», Равшанова Нилуфар–«Китобхона дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ», доктор-DhP Наботов Шариф-«Самтҳои асосии ҳамкории китобхона ва оила дар ташаккули фарҳанги хониш», доктор-DhP Ҷамолова Ҳуснофарин -«Мафҳуми «ахлоқ» дар таърихи фарҳанг» ибрози андеша намуданд.
Дар охир оид ба натиҷаҳои конференсия миёни иштирокчиён табодули афкори судманд сурат гирифт.
Зафари ШАРИФ,
декани факултети китобдорӣ
ва иттилоотшиносии МДТ
«ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода»