Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ барои омӯхтани забонҳои англисӣ ва русӣ, ки аз зумраи забонҳои муоширати байналмилалӣ ба ҳисоб мераванд, барои ҳамаи кормандони сохторҳои давлатӣ ва хусусан ҷоавонон хеле писанд буда, моҳияти онро ҳар як корманди соҳа хуб дарк намуда, бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ онро меомӯзанд. Зеро омӯхтани ин забонҳои хориҷӣ дар замони муосир хеле муҳим буда, барои дастрас ва азхудкунии маълумоти зарурӣ оид ба самтҳои мухталиф, аз ҷумла илму фарҳанг, тартиби самаранок истифодабарии техникаву таҷҳизотҳои навин ва бартараф кардани ягон нофаҳмоӣ дар раванди фаъолияти корӣ барои ҳар як шахс бисёр ҳам қулай ва муфид мебошанд.

Таълими забонҳои хориҷӣ, хусусан забони англисӣ тавссути технологияи инноватсионӣ дар шароити имрӯзаи тараққиёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, рушди таълиму тарбия, фарҳанг, васеъ намудани муносибатҳои байнифарҳангӣ ва воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бозори байналмилалии таҳсилот рӯз то рӯз муҳимияти бештар пайдо намуда, мавриди таваҷҷуҳи хоссаи ҳукумати кишвар қарор дорад.

Масъалаҳои марбут ба таълиму омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва тайёр намудани мутахассисони соҳаи муносибатҳои байнифарҳангӣ дар замони муосир мавриди таваҷҷуҳи ҷиддии ҳукумат ва роҳбарияти кишвар қарор дошта, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи сиёсати маорифпарваронаи худ таъкид намуданд, ки “…. омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла англисиву русӣ дар муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳо бидуни истисно ҳатмӣ мебошад.  … авзои зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза низоми маорифи муназзам, мустаҳкам ва дар айни замон ҷавобгӯ ба талаботи рӯзафзуни ҷомеаро тақозо менамояд. Дар чунин шароит омода кардани кадрҳои баландихтисос, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад”.

Хусусан забони англисӣ аз бузургтарин забонҳои дунё ва яке аз шаш забони кории Созмони Милали Муттаҳид мебошад. Имрӯз аксари маҳсулоти истеҳсолкардаи мамлакатҳое, ки дар бозорҳои ҷаҳон ба фурӯш бароварда мешаванд, албатта бо забони англисӣ нишондоду дастурамал доранд. Шахс агар ин забонро ба таври даркорӣ надонад, ашёи харидорӣ намудаашро ба таври лозимӣ истифода бурда наметавонад. Бинобар ин, забони англисиро забони илму техникаи ҷаҳонӣ меноманд.

Дар даврони истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа ва ҷаҳон ҷойгоҳи вижаеро касб намуда, узви комилҳуқуқи як қатор созмонҳои байналхалқию минтақавӣ, институтҳои молиявӣ буда, инчунин бо зиёда аз 180 кишварҳои олам муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи дипломатиро ба роҳ мондааст, ки ин омил дар раванди ҷаҳонишавӣ ҳамаи мутахассисонро новобаста аз касбу корашон водор менамояд, ки манфиатҳои давлат ва миллатро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ ва ҳифз карда тавонанд. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати хориҷии «Дарҳои боз»-ро пеш гирифта, дар ҷаҳон ҳамчун давлати накухоҳ, сулҳпарвар ва ташаббускор шинохта шудааст. Айни замон зиёда аз 41 ҳазор ҷавонони боистеъдоди тоҷик дар беш аз 40 кишвари дунё ба омӯзиши илму дониш машғул ҳастанд, ки ин ҳам шароити фароҳамовардаи истиқлолият ва сиёсати пешгирифтаи ҳукумат мебошад.

Дар замони ҷаҳонишавӣ ҳифзи забону фарҳанги миллӣ низ бояд дар мадди аввал гузошта шавад ва таълимоти забони хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот дар заминаи фарҳангу маънавиёти миллӣ роҳандозӣ гардад. Пешвои муаззами миллат бо камоли дилсузӣ ва нигаҳдошти арзишҳои миллӣ қайд намуданд, ки «Донистани забонҳои дигар, махсусан забонҳои русӣ ва англисӣ барои наврасону ҷавонони мо зарурати воқеии рӯз аст. Аммо ин тамоюл набояд сабаби ба забони шевои тоҷикӣ роҳ ёфтани унсурҳои нозарури бегона гардад. Аз ин рӯ, мо дар оянда низ дар самти ҳифзу гиромидошт, тозагии забони давлатӣ ва рушди ҳамаҷонибаи он ҳамаи иқдомоти заруриро амалӣ хоҳем кард».

Ҳамчунин бори дигар таъкид намуда буданд, ки “Дар раванди ҷаҳонишавӣ, мо бояд зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем, яъне дар ғафлат намонем, кишвар ва мардуми худро аз таъсири хатарҳои замони имрӯза эмин нигоҳ дорем, барои ҳифзи давлати соҳибистиқлол ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ, инчунин, забон, таърих, фарҳанг, расму ойинҳо ва дигар арзишҳои миллӣ ҳамеша омода бошем. Аз ин рӯ, мо бештар ба тарбияи кадрҳои сатҳи байналмилалӣ, ки дорои ҷаҳонбинии васеъ, дониши амиқи касбӣ, қобилияти баланди ташкилотчигӣ ва забондон бошанд, эътибори аввалиндараҷа медиҳем”.

Дар пайравӣ аз дастуроти Пешвои миллат ҳаминро зикр намудан лозим аст, ки дар омӯзиши забони англисӣ барои тайёр намудани мутахассисони варзида дар самти муносибатҳои байнифарҳангӣ ва ҳифзи фарҳанги милливу маъанавии ҷомеаи башарӣ бояд тамоми шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шавад. Вагарна дар ҳоле, ки барои омӯзиши забони англисӣ шароити мусоид фароҳам нагардад, чӣ гуна метавон натиҷаҳои назаррасро мунтазир шуд? Чунон ки дар боло қайд намудем, аз таҳлилҳо бармеояд, ки барои рушди омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилоти кишвар ҳатман забони хориҷии дар заминаи миллӣ таҳияшуда истифода бурдан зарур аст.

Дар ин раванд бояд ҳисси миллии донишомӯз боло бурда шавад ва бештар дар зеҳни онҳо ҳисси ватандӯстиву нигаҳдошти фарҳангу маданияти миллӣ ва эътибори фарҳанги маънавӣ ҷой дода шавад, то ӯ мустақилона худ кӯшиш намояд, ки дар баробари омӯзиши фарҳангу забони бегона баръакс фарҳангу суннатҳои волои тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд. Чунонки Сарвари давлат қайд намуданд: “Яке аз ҳадафҳои муҳимме, ки дар назди устодону омӯзгорон қарор дорад, тарбияи мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир ва мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мебошад” инчунин ҷое дигар хотиррасон намуданд, ки “… вақте миллат бесавод мемонад, ҷомеа дар торикӣ мемонад ва ба ҷаҳолат гирифтор мешавад”. Аз ин лиҳоз, мо бояд тамоми қудрату неруи худро дар ҳама шароит чӣ омӯзиши забоҳои хориҷӣ, чӣ таъсири омилҳои беруна ва чӣ ҷаҳонишавӣ ва рушди мунорсибатҳои байнифарҳангӣ сарф намуда, барои тарғибу ташвиқи фарҳанги миллӣ ва расму оинҳоямон кӯшиш ба харҷ диҳем,то ки насли имрӯзии ҷомеа хусусан ҷавонону наврасон ба фарҳанги беруна камтар таваҷҷуҳ намуда, рӯ ба фарҳанги миллииамон оранд ва барои насли оянда низ ба мерос гузоранд.

 

Меҳриддин ХОЛОВ – сардори раёсати

робитаҳои байналмилалии

ДДФСТ ба номи М. Турсунзода