Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар арафаи соли нави мелодии 2024 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро дарбар гирифта, дар баробари дигар ҷанбаҳои ниҳоят муҳимми ҳаёти ҷомеа, ба масъалаҳои рушди соҳаи фарҳангу маориф ҳамчун таҷассумгари симои маънавии халқ, муттаҳидсозандаи неруҳои зеҳнӣ, баёнгари таърихи гузаштаву муосир, оину анъана ва ташаккулдиҳандаи ахлоқу одоби ҳамида таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.
Президенти мамлакат дар Паёми хеш арҷ гузоштан ба фарҳангу таърихи бостонии миллат, омӯхтани он, аз худ кардани мероси ҷовидонаи садҳо ва ҳазорон нафар фарзандони фарзонаи халқамон, ба оламиён муаррифӣ кардани осори илмиву адабӣ ва намунаҳои фарҳанги тоҷиконро ҳамчун миллати соҳибмаърифату тамаддунсоз, шаҳрсозу шаҳрдор ва соҳиби девону дафтар, аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини аҳли илму адаб ва фарҳангу санъат маънидод намуданд. Пешвои миллат тазаккур доданд, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик дар дохили кишвар ва дар арсаи байналмилалӣ иқдомҳои зиёде амалӣ гардида истодаанд.
    Сарвари давлат зимни ироаи Паём бо ифтихор ва қаноатмандӣ иброз доштанд, “ки соли 2023 15 ёдгории таърихиву фарҳангии тоҷикон ба Феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид карда шуд, ки боиси эътибори бештар пайдо кардани фарҳанги бостонии миллати тоҷик дар байни ҷомеаи башарӣ гардид”.
    Пешвои миллат дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи илму маориф чунин таъкид карданд: ”Рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад”.
    Дар замони ҳозира илму маориф ҳамчун ниҳоди масъул маҳаки асосии таъмин ва рушди донишу иттилоот буда, онро ҳамчун заминаи асосии зеҳнии технологияҳои инноватсионӣ дар ҷомеаи муосири иттилоотӣ арзёбӣ метавон кард. Зикр кардан зарур аст, ки барои дуруст рушд кардани илму маориф ҷомеа ба мутахассисони ҳирфаӣ ва баландихтисоси касбӣ ниёз дорад, ки ин тавассути низоми маориф дар давлат ба роҳ монда мешавад.
    Раёсати Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” бо мақсади татбиқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, омодасозии мутахассисони баландихтисос, омӯзиши забонҳои хориҷӣ корҳои зиёдеро ба сомон расониданд. Аксари фанҳои таълимӣ дар кафедраҳои тахассусӣ ва умумидонишкадавӣ бо силлабус, барномаҳои фаннӣ, китобҳои дарсӣ, нақшаҳои нави таълимӣ, стандартҳои давлатӣ ва дигар маводи таълимӣ таъмин карда шудаанд. Мояи ифтихор аст, ки ширкати омӯзгорон ва донишҷӯёни донишкада дар озмунҳои сатҳи донишкадавӣ, ноҳиявӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ беш аз пеш фаъол гардида истодааст. Маврид ба зикр аст, ки рӯзҳои 30 – юми октябр то 10-уми ноябри соли 2023 дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид, ки дар номинатсияи эҷоди назму наср донишҷӯи курси чоруми шуъбаи журналистикаи телевизион ва радио Шарифова Мавҷуда сазовори ҷойи дуюм ва Самадзода Шукрона донишҷӯи курси 2-юми факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Ҳамчунин дар даврҳои 3-юм ва 4-ми ҷумҳуриявии озмуни мазкур муовини ректор оид ба корҳои тарбия ва иҷтимоӣ Изатзода Зулайхо Тоир дар номинаисияи адабиёти классикӣ сазовори ҷойи 2-юм, котиби Шурои олимони донишкада Синои Абуалӣ дар номинатсияи эҷоди назм сазовори ҷои 3-юм ва донишҷӯи шуъбаи журналистика Муқимзода Фозил дар номинатсияи эҷоди назм сазовори ҷойи 3-юм гардида буданд.
Боназардошти ин нуктаҳои муҳимми Паём, таъмини рушди фазои ягонаи фарҳангии мамлакат дар заминаи ҳифз, эҳё ва густариши анъанаю суннатҳои миллӣ, дастовардҳои фарҳанги миллии даврони соҳибистиқлолӣ ва арзишҳои умумибашарӣ, баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти омӯзгорон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ, мусоидат ба такмили касбияти аҳли фарҳанг ва санъати касбӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, ҷалби таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба ҳифз ва густариши мероси моддӣ ва ғайримоддии кишвар, мусоидат ба баланд бардоштани мақоми фарҳанг дар ҷомеа, вобаста кардани фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ ба иҷрои вазифаҳои муҳими муайянкардаи давлат дар самти ташаккули шуури ҷомеа дар руҳияи ватандӯстию меҳанпарастӣ, худшиносии миллӣ ва ифтихор аз соҳибистиқлолии давлатӣ ва амсоли инҳо бояд на танҳо дар меҳвари фаъолияти аҳли фарҳанги кишвар, балки аҳли ҷомеа қарор дошта бошанд.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш инчунин ҷиҳати баланд бардоштани музди меҳнат, андозаи нафақа ва стипендия суханронӣ намуда, супориш доданд, ки аз 1-уми июли соли 2024 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо дар ҳаҷми 30 фоиз зиёд карда шаванд;
-аз 1-уми июли соли 2024 маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилотҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 40 фоиз зиёд карда шаванд;
инчунин, аз 1-уми январи соли 2024 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони ин мақомот 40 фоиз зиёд карда шавад;
ҳамчунин, аз 1-уми июли соли ҷорӣ ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба андозаи 800 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда мешавад.
    Президенти мамлакат дар Паёми навбатии худ ба умдатарин масъалаҳо ҷиҳати пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва зиндагии шоистаи мардуми Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Аз қонуни асосии мамлакат Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, яке аз дастоварди муҳимми замони истиқлол қонуни асосиро арзёбӣ намуданд. Сарвари мамлакат иброз намуданд, ки “Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад”.
    Ин суханони Сарвари давлат бо назардошти муҳиммияти баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида, соли 2024-ро “Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намуданд. Ҳадафи ин иқдоми созандаро бояд тамоми қишрҳои гуногуни аҳолии мамлакат бо ҳисси масъулияти баланд дарк намоянд. Таблиғ ва азхуднамоии донишҳои ҳуқуқӣ, фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандони моро баланд бардошта, дар ташаккули маърифати ҳуқуқии хонандагону донишҷӯён, наврасону ҷавонон ва ҷомеа нақши созгор мебозад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон мисли паёмҳои қаблӣ оид ба масъалаи ҳифзи сулҳу субот ва таъмини амнияти пойдор дар минтақаи Осиёи Марказӣ, андешаҳои судманд баён намуда, қайд карданд, ки “Кишвари мо ба сифати авлавияти сиёсати хориҷии худ минбаъд низ ба густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷаворӣ бо давлатҳои Осиёи Марказӣ дар заминаи эҳтирому эътимоди мутақобила таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад”.
   Воқеан, Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, дар он оид ба таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд.
Бозор Сайфуллозода
номзади илмҳои педагогӣ, дотсент,
Гадобег Маҳмудов
омӯзгори калон