Санаи 21 майи соли 2024 бо ташаббуси Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи мирзо Турсунзода» II-юмин Озмуни байналмилалии рушди санъати миллӣ таҳти унвони «Дӯстӣ бимонад ҷовидон!» бахшида ба «23 май – Рӯзи ҷавонон» тариқи ҳузурӣ ва ғайриҳузурӣ (бо пешниҳоди сабти видеоӣ) баргузор гардид.
Бо сабаби дар сатҳи байналмилалӣ баргузор гардидани озмуни мазкур қисмати ифтитоҳӣ ва ҳадафу мақсадҳои озмун бо 4 забон – тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва ӯзбекӣ аз ҷониби ровиён пешкаши ҳозирин гардид. Баъдан ректори донишкада доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин иштирокчиёну устодони донишкадаро ба муносибати Рӯзи ҷавонон самимона табрик намуданд ва дар кору фаъолияташон, инчунинин дар иҷрои номераҳои озмунӣ муваффақиятҳои беназирро таманно намуданд.
Ҳамчунин, дар қатори ҳайати ҳакамони муайяншудаи озмун сардори шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон — Ҳаётзода Алиакбар ширкат варзида, ба ҳунару маҳорати довталабон баҳои баланд дод.
Мақсад аз баргузории озмун рушд додани шавқу ҳаваси намояндагони халқу миллатҳои гуногун ба эҳё, ҳифз ва тарғиби санъати миллӣ, шиносоӣ бо санъати халқӣ, тарғиби рақси миллӣ, иҷрои мусиқӣ бо истифода аз асбобҳои миллӣ, рушди маҳорати суханварӣ, шинос шудан бо санъати миллии кишварҳои ҳамҷавор, табодули таҷриба ва мустаҳкам намудани робитаҳои байнифарҳангии халқҳои гуногун мебошад.
Вазифаҳои озмун, пеш аз ҳама, ба дастгирӣ ва тарғиби санъати миллӣ ҳамчун воситаи муттаҳидкунандаи намояндагони миллатҳои гуногун дар рушд ва инкишофи фарҳанги башарӣ, фароҳам овардани шароит барои мубодилаи корҳои эҷодӣ, хамкории байнифарҳангӣ ва мустаҳакам намудани робитаҳои эҷодии байни халқҳо, ташкили фазои маънавӣ ва таҳкими дӯстию ҳамкориҳои судманд миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои гуногун, баланд бардоштани сатҳи иҷроиши асбобҳои халқӣ, рақси миллӣ, сурудхонии халқӣ, санъати суханварӣ ва тарғиби хусусиятҳои хоси онҳо ба ҷомеа, дарёфт ва муаррифӣ намудани истеъдодҳои беназир аз миёни наврасону ҷавонони эҷодкор дар мактабҳои олӣ ва истифодаи неруи эҷодии донишҷӯён дар ташкили муҳити солими маънавию эҷодӣ бо мақсади ҳифз намудани санъати миллӣ ва тақвияти дӯстиву ҳамкориҳо нигаронида шуда буд.
Дар озмуни мазкур тариқи ҳузурӣ ва тамошои пешниҳоди сабти видеоӣ дар доираи номинатсияҳои пешниҳодшуда аз муассисаҳои таҳсилоти олии соҳавӣ 22 нафар тариқи ҳузурӣ ва 76 нафар тариқи ғайриҳузурӣ аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Белорус, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин иштирок намуданд. Сабтҳои видеоии аз хориҷи кишвар ба унвонии озмун воридшуда низ аз ҷониби ҳайати ҳакамон мавриди тамошо ва баҳогузорӣ қарор гирифта, ғолибон қадрдонӣ мегарданд.
Озмун аз рӯи чаҳор номинатсия — сурудхонии халқӣ, навозиши асбобҳои миллӣ, санъати суханварӣ ва рақси миллӣ баргузор гардида, ба ҳунару маҳорати довталабон аз ҷониби ҳайати ҳакамон холисона баҳогузорӣ карда шуд. Иҷроиши инфиродӣ ва гурӯҳиро ҳайати ҳакамони озмун, ки аз ҳисоби устодони донишкада, навозандагон, сарояндагон, суханварон ва балетмейстерҳои касбӣ таъсис ёфтааст, баҳодиҳӣ намуда, ғолибонро муайян карданд.
Дар асоси хулосаи ҳайати ҳакамон ва натиҷагирии баҳогузорӣ ба маҳорату иҷроиши довталабони озмун, дар фазои тантанавӣ аз ҷониби роҳбарияти донишкада ғолибон бо гран-при, дипломҳои дараҷаи 1, 2, 3 ва диплом барои иштироки фаъол сарфароз гардонида шуданд. Ҳамчунин, устодони довталабони озмун барои фаъолияти хуби касбӣ дар тайёр намудани ғолибон бо сипосномаи озмуни байналмилалӣ қадрдонӣ гардиданд.
Меҳриддин Холов
Сардори раёсати робитаҳои байналмилалии
ДДФСТ ба номи М.Турсунзода