ДУШАНБЕ, 18.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Байни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон, аз ҷумла, Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Узбекистон, Донишгоҳи давлатии Фарғона, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва ҳифзи ёдгориҳои фарҳангии «Шоҳроҳи Абрешим» ва Филиали Донишгоҳи давлатии умумироссиягии кинематография (ВГИК) дар Тошканд созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расид. Ин созишномаҳо зимни баргузории Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон имзо шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати робитаҳои байналмилалии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон хабар доданд.

Созишномаҳои мазкур амалишавии ҳамкории байналмилалии донишкадаро ҷиҳати омӯхтани таҷрибаи навтарини таълимиву илмӣ ва эҷодии байналмилалӣ, ташкили табодули таълимиву академии донишҷӯён ва омӯзгорон дар хориҷи мамлакат, таҳия ва баргузории чорабиниҳои муштараки байналмилалӣ, ба монанди конференсияву семинарҳои илмӣ ва озмуну фестивалҳои эҷодӣ фарогир мебошад.

Ёдовар мешавем, ки 15-16 апрели соли равон дар шаҳри Тошканд Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон доир гардид. Дар қатори роҳбарони муассисаҳои олӣ Ректори донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат, профессор Муҳриддин Низомӣ дар бахши сеюми кори форум дар мавзуи «Робитаҳои дӯстона – омили стратегии рушди ҳамкории таълимӣ ва фарҳангӣ» маъруза пешниҳод намуда, баҳри рушди ҳамкории байналмилалии муштарак чандин тавсияҳову пешниҳодҳои муфидро иброз дошт.