
Чорабиниро ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ ҳусни оғоз бахшида, меҳмонон ва ҷамъи ҳозиринро бо шукргузорӣ аз сулҳу ваҳдати миллӣ ва дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, хусусан, «Шашмақом», ки дар зеҳну тафаккури миллати тамаддунофари тоҷик ҷойгоҳи махсус дорад, бо беҳтарин ва самимитарин таманниёт табрику муборакбод намуда, барояшон саломатию сарбаландӣ, шодкомию хуррамӣ, саодатмандию нусрат, рӯзгори пурфайзу баракат орзу намуд.
Муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Манучеҳр Муртазо зикр намуд, ки бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва амнияту осоиштагӣ мо ба арзишҳо ва асолати миллии худ рӯ оварда, баҳри ҳифз, рушд, эҳё ва муаррифии фарҳанги хеш саҳм гузошта истодаем. Истиқлоли фарҳанги миллат тақозо менамояд, ки мо тамоми самтҳои ҳаёти фарҳангии ҷомеаро бо таври яксон ва муназзам инкишоф дода, бедории миллӣ ва фарҳангиро таъмин намоем. Чанд рӯз аст, ки ба ифтихори Рӯзи «Шашмақом» дар саросари кишвари азизамон ҷашнворавутантанаҳоҳамоишҳои илмӣ-эҷодӣ ва чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, азҷумла Фестивал-симпозиуми байналмилалии «Шашмақом» баргузор гардида истодааст ва табиист, ки ба истиқболиин рӯз аҳли эҷоду фарҳанг низ кӯшиш намуданд, то барои мо армуғоне омодасозанд. Бо итминон метавон иброз намуд, ки Фестивал-симпозиуми байналмилалии «Шашмақом» бори дигар мақоми санъати волои Шашмақомро дар ташаккули ҷаҳонбинии ҷомеа боло бурда, нақши тарбияи маърифатӣ ва иттилоотии онро боз ҳам афзун намуд. Фестивал-симпозиуми мазкур аҳли фарҳанги кишварҳои гуногунро бозҳам муттаҳид намуда, фазои муосири фарҳангии кишварро ғанӣ гардонд.

Ҳайатҳои ҳунарии кишварҳои Озарбойҷон, Туркманистон, Эрон ва Тоҷикистон бо пешниҳоднамудани барномаҳои фарҳангии худ табъиҳозиринро болида гардонида, шарои мусоиди табодули таҷрибаро ба миён оварданд.
Дар анҷоми чорабинӣ аз тарафи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саҳми назаррас гузоштан дар ташкил ва баргузории Фестивал-симпозиуми байналмилалии «Шашмақом» муовини ректор оид ба илм ва рушди инноватсия Аминӣ Алишер, дотсенти кафедраи сарояндагии халқӣ, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Ҳаётой Муминова васардори шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиакбар Ҳаётзода бо сертификат ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
ҚУДРАТОВ Сино