Бо қарори Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 марти соли 2024, №3 ба устоди донишкада Зокиров Сӯҳроб Ибодович барои сарбаландона дифоъ намудани рисолаи илмӣ Дипломи номзади илм дода шуд. Роҳбарият ва ҳайати устодону кормандони МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” Зокиров Сӯҳроб Ибодовичро барои сазовор шудан ба дараҷаи илмии номзади илми фалсафа табрику таҳният гуфта, барояш саломативу сарбаландӣ ва фаъолияти пурсамари илмиро дар оянда таманно доранд.
Рисолаи илмии Зокиров Сӯҳроб Ибодович дар мавзуи “Нақши арзишҳои маънавӣ дар фазои дигаргуниҳои фарҳангии ҷомеаи муосири Тоҷикистон» буда, арзишҳои маънавӣ дар равандҳои иҷтимоӣ -фарҳангии ҷомеаи муосири Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ ва таҳлил кардааст, ки аз манфиат холӣ нест. Умедворем, ки ӯ минбаъд низ дар ҷодаи илм ба мувафақиятҳои назаррас ноил гашта, саҳми арзандаи хешро баҳри рушди илми тоҷик мегузорад.