Имрӯз дар “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” бо мақсади дастгири ва ғамхорӣ зоҳир намудан бо донишҷӯёне, ки ятими кулл ва маъюб мебошанд вохӯрии судманд баргузор гардид. Дар вохӯри ректори донишкада доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ М. З., раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандон, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Хайруллозода Б. Х., муовини ректор оид ба таълим, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Махсудзода Ф. М., муовини ректор оид ба корҳои тарбия ва иҷтимоӣ, номзади илмҳои филологӣ Изатзода З. Т., ва декани факултаҳо иштирок доштанд.
Ректори донишкада доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ М. З. суханрони намуда, аз ҷумла зикр намуд, ки Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали истиқлоли давлатӣ ба ятимону маъюбон ва бепарасторону фарзандони оилаҳои камбизоат таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, на танҳо таълиму тарбияи онҳоро бар уҳдаи худ гирифт, балки барои ба камол расонидан ва ба ҳаёти мустақил гусел карданашон ҳамеша роҳнамоӣ менамояд. Таъкид гардид, ки донишҷӯён бояд бо истифода аз шароити мусоид бо хониши аъло таҳсил намуда, мутахассисони хуби соҳаи интихобнамудаашон гарданд.