Имрӯз бо ташаббуси Раёсати МДТ “ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода”донишкада ва садорати факултети журналистикаи телевизион ва радио ба ифтихори таҷлили 112 солагии Рӯзи матбуоти тоҷик ва 27-умин солгарди таъсисёбии кафедраи  телевизион ва радиошунавонӣ, конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони  “ВАО-нерӯи созанда” бо иштироки устодону собиқадорони соҳа ва магистрантону донишҷӯёни факултет баргузор гардид.

         Конференсияро  бо сухани ифтитоҳӣ ректори донишкада доктор илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин оғоз бахшида, зикр намуданд, ки 112 сол муқаддам санаи 11 март аввалин нашрияи тоҷикӣ-форсӣ бо номи “Бухорои шариф” таъсис ёфта, поягузори матбуоти тоҷик гардид. Ҳарчанд, ин рӯзнома умри кам дида бошад ҳам, аммо  давоми фаъолияти кутоҳи хеш дар маърифатнок намудани мардум, бедор намудани мафкураи аҳолӣ ва худшиносии миллӣ саҳми босазо гузошт. Мусаллам аст, ки дар ҳама давру замон расонаҳо дар ташаккули афкори ҷомеа нақши муҳиму арзанда доранд. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи тантанавӣ ба ифтихори 100-солагии матбуоти тоҷик таъкид доштанд: «Дар ҳақиқат матбуот ва воситаҳои ахбори омма ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири муқтадир ва муассир мерасонанд. Онҳо, хусусан дар замони таҳаввулот ва тағйирёбии самтҳои рушди ҷомеа, бадалшавии идеологияҳои ва ташаккули диди нави иҷтимоӣ аҳамияти хоса пайдо мекунанд. Ҳама гуна ҷомеаи демократӣ, алалхусус ҷомеаи кишварҳое, ки нав ба ин ҷода қадам гузоштаанд, ба воситаҳои ахбори омма ва фаъолияти пурсамари онҳо ниёзманд мебошанд».

Табиист, ки гузашти марҳилаҳои таърихӣ ва раванди муборизаҳои шадиди тамаддунҳо дар замони муосир собит менамояд, ки воситаҳои ахбори омма дар ҳама давру замон арзиши устувор доштанду доранд. Албатта, чунин омилҳо аз решаҳои мустаҳками таърихи деринаи онҳо ва доштани таҷрибаи пешқадам дарак медиҳанд. Дар ин замина матбуоти тоҷик низ таҷриба ва собиқаи беш аз садсола дошта, марҳилаҳои зиёди таърихиро паси сар намудааст. Таъсиси нахустин рӯзномаи тоҷикӣ таҳти унвони «Бухорои шариф» сароғози матбуоти миллӣ ба шумор рафта, бо ибтикор ва ташаббуси фарзонафарзандон – Мирзо Муҳиддин Мансурзода ва Мирзо Сироҷи Ҳаким рӯйи кор омад. Албатта, бо умри кӯтоҳи худ «Бухорои шариф» тавонист дар ин муҳлати на чандон зиёди вақт ба фаъолияти устувору дурнамои матбуоти миллӣ нақши муҳиму муассир гузорад. Тавре устод Садриддин Айнӣ иброз доштааст: «Бухорои Шариф» дар торикистони таърих чароғе буд, ки мардумро бо рӯшноияш ба роҳи саводу маърифат ва огаҳию худшиносӣ бурд». Ҳамчунин рӯзномаи мазкур барои вориди майдони матбуот шудану фаъолият намудани нашрияҳои баъдии тоҷикии «Шуълаи инқилоб», «Овози тоҷик» ва дигар рӯзномаву маҷаллаҳо замина гузошт, таъкид намуд ректори донишкада.

            Дар идомаи   конфронс профессорони кафедраи журналистикаи телевизион ва радио Зулфиддин Муъминҷонов, Гавҳар Умарова, декани факулта Лутфулло Ниёзов, сардори Хадамоти матбуоти донишгоҳи славянии   Тоҷикистону Русия Шариф Муллоев, ноиби ректор оид ба таълими Донишгоҳи байналмиллалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода Мирзода Зулфия, дотсенти кафедраи журналистикаи телевизион ва радиошунавонӣ Салимзода О. ва директори МДТ Телевизиони “Синамо” Набӣ Набизода баромад карда,  доир ба афкори умум таъсиррасон будани матбуот ва дигар воситаҳои ахбори оммаро таъкид намуданд.

Ҳамзамон, ба  як қатор омӯзгорону собиқадорони  факултети журналистикаи телевизион ва радио бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ва саҳми арзанда гузоштан дар рушди соҳа ва омодасозии мутахассисони ҷавон аз тарафи ректори муассиса профессор Низомӣ М.З сипоснома тақдим гардид.

 Саидзода Шодона  мудири кафедраи

технологияи ВАО

Сайфуллоев Беҳрӯз   донишҷӯи

 факултети  журналистикаи

 телевизион ва радиошунавонӣ