Устод Айнӣ яке аз поягузорони навъи нома дар замони муосир буда, дар ин ҷода асосан аз соданависӣ кор гирифтааст. Ба андешаи муҳаққиқ Н. Аслонова, номанигорӣ дар эҷодиёти С. Айнӣ дар даҳсолаи аввали асри ХХ, ҳангоми дар мадрасаҳои Бухоро таҳсил намудан ва бо қозӣ Шарифҷон-Махдуми Садри Зиё ҳамкорӣ доштан арзи вуҷуд  кардааст ва худи устод иқрор шудааст, ки мактубҳояш ба дасти Садри Зиё бисёр расидааст.

Масъалаи ҳамкорӣ ва робитаю алоқаҳои эҷодии ин суханварони бузург то ин дам аз тарафи муҳаққиқони тоҷик Р. Ҳошим, М. Шакурӣ, Х. Отахонова, К. Айнӣ, Ш. Раҳмонов ва дигарон то андозае мавриди баррасӣ қарор гирифта буд. Бояд гуфт, ки ин дӯстӣ ва ҳамкории эҷодӣ аз саҳифаҳои бисёр дурахшони қаробати коргоҳи эҷодии адибони тоҷик ба ҳисоб меравад. Аз ин нигоҳ мавзуи мазкур таҳқиқу баррасиҳои комилтару аниқтареро тақозо дорад.

Устод Айнӣ, пеш аз ҳама, барои фаҳмидани забони осори классикон дар «Намунаи адабиёти тоҷик» чигунагии шеърҳои равони ҳаяҷонбахши онҳоро аз нуқтаи назари худ муайян ва баррасӣ намуда буд. Ӯ шеъри Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ, Камол ва дигаронро аз нигоҳи забонӣ ҳадди аъло муаррифӣ намуда, ин ҷиҳати кори худро барои адибони навқалам заминаи бевоситаи ташаккули забони имрӯза донистааст. Ба қавли айнишиносон: «Дар замони нав собит шуда буд, ки устод Айнӣ ягона ва бузургтарин набардгари ҳифзи забони зебои ҳазорсолаи мо – забони форсӣ — тоҷикӣ дар Осиёи Марказианд. Ва ин худ, мешавад гуфт, ки як ҳақиқати баҳснопазир аст. Ин ҳақиқати воқеиро дар қарни бист хориҷиён – ховаршиносони бузурги кишвари Шарқу Ғарб низ пазируфтаанд. Ва бештар ва муҳимтар он аст, ки адибони бузурги кишвар дар натиҷаи омӯзиши асарҳои эшон ва баррасиҳои эшон дар шинохти забони классикии форсӣ — тоҷикӣ ва шинохти шеваи нигориши адабӣ ва таҳлили вожашиносии ӯ мабнӣ бар навиштаҳои нависандагони тоҷик дар замони нав – мақолаҳо ва таҳқиқот ва изҳори андешаҳои хешро дар ин боб кардаанд».

Яке аз масъалаҳои муҳимме, ки дар мактубҳои устод Айнӣ ва устод Лоҳутӣ мавқеи марказӣ пайдо кардааст, ин нигоштаҳои С. Айнӣ дар ашъори А. Лоҳутӣ доир ба забони асари бадеӣ ва хусусиятҳои он мебошад.

Устод Айнӣ бо ҳидояти худ дар ин маврид забони асари нависандаро он гоҳ мақбулу писандида медонист, ки бо баёну таъбирҳои обдори халқӣ пур буда, забонаш аз роҳи табиии инкишоф берун нарафтааст. Устод Айнӣ бештар ба ду масъалаи забон аҳаммият медод. Якум масъала ин тозагии забони адабии тоҷик, дуюм бо саҳеҳӣ истифода кардани захираҳои ғании забони халқ ва классикони адабиёт буд. Вай асарҳои асили адибони тоҷику шоирони классикро бо диққат назар карда, дар ҳошияи онҳо қайдҳои муҳим мегузошт.

Табиист, ки бунёди аксарияти нигоштаҳо, аз ҷумла мактубҳои ба шоирону нависандагони тоҷик навишташудаи устод Айнӣ ин тарбияи адибони ҷавони навқалам, дилсӯзӣ нисбат ба эҷодиёти онҳоро ташкил кардааст.

Устод Айнӣ дар навиштаҳои худ ҳамеша ғановати забони зиндаро таъкид мекард. Ӯ ба ин восита ҳамеша кӯшиш мекард, ки роҳи дурусти инкишофи забони асари бадеиро нишон диҳад.

Аз мактубҳое, ки А. Лоҳутӣ ба устод Айнӣ мефиристод, як қатор андешаҳо доир ба шеър ва нуқтаи назари устод Айнӣ ба назми А. Лоҳутиро дидан мумкин аст. Устод Айнӣ соли 1925 замони мураттабсозии «Намунаи адабиёти тоҷик» якчанд шеъри А. Лоҳутиро ба китоби мазкур ворид кард. Минбаъд ҳар як шеъри тозаи А. Лоҳутӣ зери таҳрири устод Айнӣ қарор мегирифт. А. Лоҳутӣ бештар ба шеърҳояш тағйиру иловаҳо ворид мекард ва ба тариқи нома нисбат ба онҳо фикри устодро гирифтан мехост ва баъди таҳрири устод, ки эродҳои дуруст мегирифтанд, ба идомаи онҳо бештар ва бо ҷиддияти том мепардохт. Эҷодиёти А. Лоҳутӣ аз назари устод Айнӣ бисёр ҳам хуб ба назар мерасанд ва каму беш илова ва қайдҳои худро барои хубтару бештар шудани забону услуби онҳо устод Айнӣ дареғ намедошт.

Таҳлили эҷодиёти А. Лоҳутӣ аз ҷониби устод Айнӣ, ки аввалин муҳаррир ва хонандаи қариб ҳамаи шеърҳои баъд аз соли 1925 навиштаи шоир буд, дар маҷмуъ, як мактаби бузург дар шинохти ҳусну қубҳи шеър аз зовияи ҳам забонӣ, ҳам баёну маъно ва ҳам сабку услуб гаштаанд. Чуноне ки дар номаи худ аз 11-уми феврали 1939 нисбати шеъри «Ёр аз дили ман хабар надорад»-и А. Лоҳутӣ фикрҳояшро иброз доштааст. Аз гуфтаҳои устод Айнӣ дар нома бармеояд, ки ғазали мазкури А. Лоҳутӣ аз тарафи ӯ хуш истиқбол шудааст ва устод ӯро дорои истеъдоди баланд қаламдод намудааст. Лекин мисраъҳои

 «Ё бар рухи ман намешавад боз,

   Ё қалъаи бахт дар надорад», –

аз назари устод нисбати дигар мисраъҳои шеъри мазкури А. Лоҳутӣ суст омадаанд. Устод Айнӣ ду фикрро пеш меорад ва мегӯяд: «Ин бояд дар қатори он байтҳое, ки барои ғазали ҷудогона мондаед, дароварда шавад, ё ки дар ҷойи калимаи «бахт» калимаи «васл» дароварда ба ин тариқа:

 «Ё бар рухи ман намешавад боз,

  Ё қалъаи васл дар надорад».

хонда шавад».

Ҳамчунин, аз нигоҳи устод Айнӣ, дар мисраъҳои дигар иваз кардани калимаи «дил» ба «ман» бо байтҳои дигарӣ мувофиқ меояд.

Устод Айнӣ ба нигоштаҳои А. Лоҳутӣ бодиққат назар карда, фикри худро нисбати мисраъҳое, ки забонашон мувофиқтаринанду мақбул, аммо барои содагӣ ва равониву мантиқнокии сухан дар шеърҳои ӯ ҷойҳояшон номуносиб аст, иброз доштааст.

С.  Айнӣ ҳамчун нависанда ва олим доир ба забони шеърҳои А. Лоҳутӣ муҳокимаронӣ намуда, маълум мекунад, ки шоир содагию равонии тарзи баёнро дар шеърҳояш риоят намудааст.

Аксар вақт бе тааммул шеърҳояш аз ӯ сар мезадааст (А. Лоҳутӣ– Ф. Н.)  ва дар зимн боз назари устод Айниро барои ҳавсалаи хуб пайдо кардан интизор мешудааст. Доир ба ин шеъри боло бошад, устод Лоҳутӣ аз 1 феврали соли 1939, вақте ки ғазалро ба итмом мерасонад, ба устод Айнӣ мактуб навишта равон мекунад. Дар он чанд мисраи дигар дар хотираш омадаро мувофиқи ин ғазал намеҳисобад, бо вуҷуди ин, андешаи С. Айниро мехоҳад бидонад, ки байтҳои мазкур ин гунаанд:

    « Ё бози ситам ҳаво гирифтаст,

       Ё тоири сидқ пар надорад.

  Ё ҷинси вафо шудаст нобуд,

       Ё ҷайби замона зар надорад.

       Ё гӯши суханшунав намондаст,

       Ё гуфтаи ман асар надорад»

Устод Айнӣ дар ҷавоб менависад: «Ҳарчанд баҳо додан ба шеърҳои шумо бо дастхатҳои худатон аз ғунҷоиши иқтидори ман берун аст, ба мазмуни «алмаъмуру маъзур» амал намуда, маҷбур шудам, ки нуқтаи назари худро баён кунам».

Устод Айнӣ, ки шеърҳои Лоҳутиро зиёд меписандид, эҳтироми ҳалимонаи худро зикр намуда, дар идома баҳои сазовори шоиронаро ба ӯ тақдим менамуд. Табодули номаҳо байни онҳо аксар вақт боис мешудааст, ки А. Лоҳутӣ барои гуфтани шеъри тозае илҳом бигирад. Худи ин нуктаро устод Лоҳутӣ дар номаҳояш таъкид кардааст. Яъне устод Лоҳутӣ ҳамеша ҷавоби номаҳои фиристодаашро аз устод мунтазир мешавад, чунки ба фикри наве дар шеъри пештар фиристодааш дучор  меояд. Масалан, устод Айнӣ 6 марти соли 1939 дар номааш мухтасаран бо аҷала дар ғазали «Кораш ҳама ноз аст..» мисраи «Ҷон медиҳамаш дар ивази бӯсаву гӯяд»-ро бо мисраи «Ҷон дар ивази як нигаҳаш додаму гӯяд» иваз менамояд.

А. Лоҳутӣ аз ҳавас доштанаш нисбат ба шеър вазъи ҳол ва саломатиашро ба риштаи назм кашида, ба устод Айнӣ аҳволи бемориашро дар шеъраш баён намудааст, ки ин ҳам дар номаи 10 марти соли 1939 ҷо афтодааст ва дар ҳолати беморӣ қувваи шеъргӯйии баланди пуртаъсири ӯ дар шеъраш чунин тасвир ёфтааст: «… соати 4-5 субҳ. Бо 40 дараҷа таб дар санотурӣ:

 Чи дарди сахтею оташфишон табе дорам,

 Саҳар намешавад асло, аҷаб шабе дорам!

 Рафиқи муҳтарам Айнӣ, бешубҳа шумо бидуни тавзеҳи ман ҳис кардед, ки ин ғазал аз байти 2 шуруъ шудааст. Сахтии ҳолатам дар он шаб аз мазмуни ин байт ҳам болотар буд. Ҳоло (рӯзи 10 феврали 1939) беҳтар шудам, 37,5 таб дорам».

Дар идома менависад, ки: «Хушбахтам, ки ман метавонам ба шумо ин хатчаро нависам».

Чи навъе ки аз ин мактубҳо маълум мегардад, А. Лоҳутӣ ҳар фикри наве, ки нисбати шеърҳояш дар ӯ сар мезадааст, дарҳол қайд менамуд ва назари устод Айниро боз дар ин бора мехост. Устод Айнӣ хушпазироии А. Лоҳутиро бо хурсандӣ ва шавқи беандоза дар ҷавоби мактубаш аз 12 марти соли 1939 изҳор намудааст.

 Ин мисраъҳо устод Айниро ба қавли худаш «девона» кардааст, ки ба ин «шоҳғазал» ном гузоштааст. Ҳатто сазовори болонишинӣ гуфтааст.

С. Айнӣ ҳамеша ғамхору фидокори шоирони муосири худ буд ва ҳамеша тавсияи худро нисбати ашъори онҳо доир ба тарзи дурусти забону услуб  дареғ намедошт.

Ӯ боз нисбати як шеъри А. Лоҳутӣ бо номи «Достони гул», ки ба муҳофизати Михоэлс ном ҳунарманди театри яҳудиёни Москва навишта шудааст, баёни андеша мекунад. А. Лоҳутӣ ин шеърро бо номи Сталин равона карда, Сталинро боғбон (Сталин ва Михоэлсро – Ф. Н.) ва Михоэлсро гулҳои шукуфони боғи ӯ тасвир карда, аз боғбон хоҳиш кардааст, ки барои рӯ ба завол ниҳодани ин гул ва роҳ надодан ба хушкиданаш чораандешӣ кунад.

 Устод Айнӣ дар мактуби худ ба А. Лоҳутӣ аз 2 феврали 1939 дар бораи ин шеър изҳори ақида карда, ӯро аз баъзе навоқиси он огоҳ намудааст. Дар ҷавоби ин нома, ки А. Лоҳутӣ ақидаи устодро доир ба «Достони гул» ва «Шамъи бино» фаҳмидан мехост, С. Айнӣ дар навбати худ ба забони ин шеърҳо баҳои баланд додааст, аммо бевосита ҷой додани номи шахси маълумро дар шеър маслиҳат намедиҳад, ба ҳамин мазмун навиштааст: «Рафиқи муҳтарам, мактубҳо ва шеърҳои дар 2 феврал фиристодаатон расида, маро аз ҳад зиёд мамнун кард…

Достонҳо саъдиёна ё ин ки румиёна мегӯем, аз ҷиҳати мазмунҳои бикр – бериёёна мегӯям, ки онҳо ба гӯяндаи ин достонҳо нахоҳанд расид. «Шамъи бино» – ин унвон ва исботи ин унвон ба мисоли ҳаётии ҳақиқӣ дар фикри ҳеҷ классик нарасида буд.

Ё ин ки нишон додани образи боғбони пурасрори мо бо он ифодаҳое, ки тамоми муваффақиятҳои имрӯзаи моро дар бар мегиранд, аз иқтидори башарӣ берун аст.

Ин корро танҳо он башарӣ метавонад, ки аз мотериоли дигар сохтаанд. Руҳи раҳбари башариятро дар худ ҳулул кунонида тавониста бошад.

Ин нуктаро ҳам гӯям, ки таҷрибаҳои порсола ба мо нишон доданд, ки ҳарчанд ба тарзи символ аст, номи шахсҳои ҷудогонаро (ғайр аз он шахсе, ки мустасност) дар шеър овардан мувофиқ нест. Бинобар ин, ман дар бастани достони гул ба номи «Михоэлс» мухолиф ҳастам, шояд он шахс ба ин кор ва ҳатто зиёдтар аз ин кор ҳам арзад. Лекин ҳарчӣ бошад шахс аст» [8, с. 66-67].

Назариёти устод Айнӣ нисбат ба забони шеърҳои А. Лоҳутӣ аҳаммияти махсуси иҷтимоӣ ва маданӣ доранд. Аз ин лиҳоз, А. Лоҳутӣ фикри расо ва заковати олии устод Айниро эҳтиром менамуду бисёр ҳам хуб дарк мекард ва ба ӯ пайравӣ карда, ин тарзи баёни устодро дар ҳамаи нигоштаҳояш риоя менамуд.

Ҳамин тавр, хадамоти устод Айнӣ дар роҳи ғанисозии забони адабии тоҷикӣ ва пок кардани он аз ноҷӯриҳо дар тамоми мақолаву мактубҳо ва қайдҳои ӯ дар хусуси забони адабӣ, забони асарҳои бадеӣ мунъакис шудаанд. Ин ақидаҳои устод Айнӣ барои забоншиносии замони мо низ пураҳаммият буда, аз ҳар ҷиҳат қобили таваҷҷуҳ ва  пажӯҳишоти тоза бояд бошанд. С. Айнӣ дар мактубҳое, ки ба А. Лоҳутӣ фиристодааст, дар бораи масъалаи забони асари бадеӣ, махсусан забони шеърҳои ӯ ҷавобҳои муфассале гуфтааст, ки бори дигар бузургии дониши ин шахсияти соҳибтаҷрибаро бозгӯ мекунад.

 Номаҳое, ки ба суроғаи А. Лоҳутӣ фиристода шудаанд, дорои мавзуъҳое мебошанд, ки ба забону адабиёт, фарҳанг ва оила умуман, тарзи дурусти эҷоди асарҳову шеърҳо бахшида шудаанд.

Номаҳое, ки мавзуи мазкурро дар бар мегиранд, аз муносибати бисёр нек ва дилсӯзонаи устод Айнӣ ва А. Лоҳутӣ башорат медиҳанд. Махсусан, маълумоте, ки С. Айнӣ дар номаҳояш  ба  А. Лоҳутӣ дар хусуси маҳорати суханварӣ, хусусан доир ба забони шеърҳои А. Лоҳутӣ иброз доштааст аз ҳар ҷиҳат арзишманд буда, ба сифати дастур ва нишондод доир ба хусусиятҳои забони шеър инчунин  забони адабии тоҷик, барои пешравии адабиёт то кунун самараи хубе медиҳанд.

                                                                               Наимова Фарзона Меҳрубоновна  

                                                                     н.и.ф., омӯзгори калони кафедраи  

                                                                     филологияи тоҷик ва забонҳои  

                                                                     хориҷии МДТ «ДДФСТ ба номи

                                                                      М. Турсунзода»