Имруз дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки афсарону сарбозони Горди миллӣ, ҳайати профессорону устодон, донишҷӯён ва кормандони донишкада чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.
Чорабиниро ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, афсарони шуҷоъи Ватан ва ҳозиринро самимона табрику муборакбод намуд. Мавсуф аз ҷумла иброз дошт, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллиамон мебошанд, баъд аз якуним соли ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ, яъне 18-уми декабри соли 1992 — дар марҳалаи ниҳоят вазнин ва ҳассоси таърихӣ, дар шароите, ки бақои давлати мустақили тоҷикон таҳти хатари ҷиддӣ қарор дошт, таъсис дода шуданд. Ва 23-юми феврали соли 1993 аввалин расми гузашти низомии афсарону сарбозони содиқи Ватан доир гардид.
Зикр гардид, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъи бисёр печида ва ҳассос дар замоне ки ҳанӯз дар кишвари мо ҷанги таҳмилии аз тарафи гурӯҳҳои манфиатталаб тарҳрезишуда дар ҷараён буд, таъсис ёфтаст. Вале новобаста ба шароити ҳассос ҷомеаи кишвари тозаистиқлоли мо ба оғоз ва дурнамои ин неруи қудратии навтаъсис хушбин буданд. Зеро баъд аз Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шурои Олӣ ва интихоби роҳбарияти нави ҷумҳурӣ дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низоми идораи давлат, ки дар ҳоли суқут қарор дошт, танзим ва шуълаи умед ба фардои дурахшони Ватан ба дилҳо роҳ ёфта буд. Ҳоло бо гузашти беш аз 30 сол аз таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ, ки яке аз дастовардҳои муҳими даврони Истиқлоли давлатӣ ба ҳисоб меравад, иқтидори мудофиавии кишвари мо аз сифр то ба ҳолати имрӯзӣ расид. Лиҳозо, воқеияти ҳол ва амри собит ин аст, ки ҳарчанд Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷудияти худро аз сифр оғоз кард, дар заминаи сиёсати дурбинона ва ғамхории доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба неруи тавоное табдил шуда, қудрати комили мудофиавӣ ба даст овардааст.Зикри як нукта муҳим аст, ки Ҳукумати мамлакат бо назардошти вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони муосир ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарнок, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, баҳри мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии Артиши миллӣ, баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангӣ, беҳтар гардондани шароити моддӣ — техникӣ ва боз ҳам хубтар намудани вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ пайваста ғамхорӣ зоҳир менамояд. Маҳз натиҷаи ҳамин ғамхориҳои рӯзафзун аст, ки имрӯз Артиши миллии мо ба як неруи тавонои ҳарбӣ табдил ёфтааст. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон ба муносибати 30-солагии таъсиёбии Қувваҳои Мусаллаҳ изҳор доштанд: “Давлату Ҳукумат ва мардуми шарифи Тоҷикистон фидокориву ҷонбозиҳои афсарону сарбозони шуҷои Ватанро ҳаргиз фаромӯш намекунанд ва хотираи неки ҷавонмардонеро, ки барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, ҳимояи марзу буми Ватан, пойдории сулҳу субот ва ҳифзи зиндагии орому осоиштаи сокинони мамлакат ҷони худро нисор кардаанд, ҳамеша пос медоранд.
Маҳз ба ҳамин хотир, ба мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла ба ҷавонони кишвар, инчунин, ба хизматчиёни ҳарбӣ доим таъкид менамоям, ки зираку ҳушёр бошед ва ҳаргиз фаромӯш насозед, ки фазои орому осудаи имрӯзаи мамлакат бар ивази ҷони ҳазорон нафар ҷавонмардони ватандӯсту ватанпараст ва бонангу номуси халқи тоҷик ба даст омадааст.
Шахсан ман ҳамчун Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ ҳар як сарбозро мисли фарзандони худ дӯст медорам ва ҳамеша кӯшиш мекунам, ки ба ҳамаи хизматчиёни ҳарбӣ ва дар навбати аввал, барои сарбозон шароити беҳтарини хизмат ва зиндагӣ муҳайё карда шавад.”
Вазъи имрӯзаи ҷаҳон ва минтақа,- иброз доштанд Сарвари давлат, — моро водор месозад, ки ба масъалаи таъминоти Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар беш аз ҳар вақти дигар таваҷҷуҳи ҷиддӣ диҳем. Зеро вазифаи аз ҳама муҳим — ҳимояи марзу буми давлат, таъмини амнияти давлату миллат ва ҳифзи суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва бартараф кардани ҳама гуна таҳдиду хатарҳои берунӣ, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ ба зиммаи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вогузор гардидааст.
Бо назардошти он ки сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамонро асосан ҷавонон ташкил медиҳанд, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ ва тақвияти ҳисси миллии сарбозони оянда яке аз вазифаҳои муҳимтарини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, олии касбӣ ва аҳли ҷомеа ба ҳисоб меравад. Бо ин мақсад ҳамаҷониба омӯхтани таърихи халқи тоҷик, ифтихор аз он ва гузаштагони шарафманди хеш — қаҳрамонони миллии халқамон ва дигар фарзандони сарсупурдаи миллат бисёр муҳим мебошад.
Воқеият ва вазъи ҷаҳони муосир ҳар яки мо — устодону донишҷӯёнро водор месозад, ки зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва муқаддас доштану ҳифзи арзишҳои Истиқлолияти давлатиро аз даст надиҳем. Чунки вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, зиёд гардидани равияву ташкилотҳои тундрави террористиву экстремистӣ ва дигар зуҳуроти таҳдидовари хатарнок метавонанд сулҳу субот ва ҳаёти орому осудаи мардуми кишвари моро халалдор созанд. Мутаассифона, ба узвияти гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ шомил гардидани баъзе шаҳрвандони мо ва ба задухӯрдҳои хунин дар минтақаҳои даргир ҷалб гардидани онҳо боиси нигаронии ҷиддӣ мебошад. Хушбахтона, дар донишкадаи мо чунин ҳолатҳо ба қайд гирифта нашудаанд.
Ба ин нигоҳ накарда, масоили вобаста ба шомилшавии наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва пешгирии чунин ҳодисаҳо бояд дар меҳвари фаъолияти ҳайати профессорону устодони донишкада қарор дошта бошад. Дар ин самт ба корҳои фаҳмондадиҳӣ ва чорабиниҳои пешгирикунанда бояд таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардад. Ба шогирдонамон бояд дақиқ фаҳмонем, ки бозичаи дасти дигарон ва иҷрокунандаи иродаи доираҳои ғаразнок нашаванд. Ба таъкиди Пешвои муаззами миллат «тарбияи ҳарбиву ватандӯстӣ вазифаи танҳо афсарон нест. Дар ин кори муҳим бояд насли калонсол, падару модарон, мақомоти ҳамаи зинаҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ саҳмгузор бошанд».
Ректори донишкада пас аз суханронии худ ба роҳбарияти Горди миллиро барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо сипосномаи донишкада қадрдонӣ намуд. Инчунин, як қатор устодони донишкада низ бо сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ барномаи ҷолиби консертӣ бо ҳунарнамоии устодону донишҷӯёни донишкада пешкаши ҳозирин гардид, ки фарогири сурудҳои ватанпарварона буда, муқаддас будани Ватан ва ваҳдату ягонагиро илқо менамуданд. Сарбозони Горди миллӣ, ки дар чорабинии идона иштирок доштанд, барномаи консертиро бо шавқи тамом ва кафкӯбиҳои бардавом тамошо карда, эҳсоси шодмонӣ ва шукргузор буданашон аз пойдории суботу амниятро дар чеҳраҳои шоди худ ҳувайдо менамуданд.
ҚУДРАТОВ Сино
ВОҲИДОВ Алиакбар