Афзоиши равандҳои мураккаби ҳаёти маънавии ҷомеаҳои муосир таҳти шароитҳои гуногун, аз ҷумла ҷаҳонишавӣ ва маҳдуд шудани фазои таъсири арзишҳои суннатӣ дар миёни навҷавонон ва ҷавонон таваҷҷуҳи коршиносони соҳаҳои мухталифи илми фарҳангшиносиро ба худ ҷалб кардааст. Пайдоиши ин ҳодисаи ҷамъиятӣ ва омиле, ки метавонад заминасози он бошад, хеле муфассалу амиқ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Агар оила ба унвони аввалин муҳите, ки фард дар он нашъунамо меёбад, ҳисоб шавад, омилҳои монанди ихтилофи муносибатҳои волидайн, табъизи байни фарзандон, кам будани муҳаббат, ҳузур надоштани падар дар хона, ҷинояткории яке аз аъзои оила, надоштани рафтори муносиб, дарк накардани фарзандон ва ғайра метавонанд нақши муҳимме дар ба вуҷуд омадани осебҳои рафторӣ дар миёни фарзандон дошта бошад. Илова бар ин, омилҳои дигаре ҳамчун масоили иқтисодӣ, набудани таълиму тарбияи муносиб, норасоиҳои шуғл ва омили марбут ба он, мисли бекорӣ, норизоятии шуғлӣ дар ин замина мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст.

Барои таҳкими субот ва назм дар ҷомеа лозим аст, ки арзишҳои маънавии иҷтимоиро  ба  фаҳми аҳли ҷомеа расонем. Агар арзишҳои маънавӣ ҳарчи бештар дар ҷомеа ҷой дошта бошанд, ба ҳамон андоза сатҳи ҷурму қонуншиканӣ низ коста мешавад. Ба ҳамин далел, Э. Дюркгейм ҷомеашиноси  фаронсавӣ  ба  ин  масъала  таваҷҷуҳи бештар медиҳад. Дар назарияи Дюркгейм маънои бисёр амиқе нуҳуфта аст, ки агар ба он таваҷҷуҳ шавад, мушкилоти зиёде ҳал хоҳад шуд. Ӯ мегӯяд, барои шаклгирии ҷомеа ва тақвияти ҳамбастагии миёни афрод назари равоншиносӣ лозим аст, ки ба фарҳангу иштирокоти афрод, ки боиси шаклгирӣ, пойдории арзишҳо ва назм дар миёни афрод мегардад, таваҷҷуҳ шавад. Бояд ҷомеаро сохторанд намуд.  Ҳарчи сохтори иҷтимоӣ пойдортар бошад, суботи пояи арзишҳои маънавӣ ҳамон қадар пойдортар хоҳад шуд. Дар натиҷа ҷинояткорӣ ва каҷравии афрод ба ҳадди ақали худ мерасад.

Таҳқиқи ҷомеаҳои ибтидоӣ нишон медиҳад, ки дар онҳо ва гурӯҳҳои хурди иҷтимоӣ назоратҳои ғайрирасмие, ки гурӯҳҳо ва бархе аз ниҳодҳои иҷтимоӣ, ба монанди ҳамсояҳо, хонавода ва шабакаҳои хешовандӣ амал мекунанд, дар эҷоди назми иҷтимоӣ тавассути татбиқи арзишҳои маънавӣ ё ин ки вазифадор кардани одамон барои риояи онҳо кофӣ аст. Ҷорӣ кардани қонунҳои расмӣ дар миёни мардуми ибтидоӣ ва гурӯҳҳои хурд зарурияте надорад, зеро касоне, ки аз сатҳу сифати иҷрои меъёрҳои рафтори гурӯҳ назорат мекунанд, ба осонӣ қобили ташхис буда, ҷомеа метавонад бо муҷозотҳои ғайриҳуқуқӣ нисбат ба каҷрафторон вокуниш нишон диҳад. Ин равишҳои ғайрирасмии назорати иҷтимоӣ ҳангоме ки ҷомеа ҳамбаста ва муттаҳид аст, як боздорандаи қавӣ барои пешгирии рафтори инҳирофӣ буда, ғолибан муваффақиятомез аст.

Ҳангоме ки ҷомеаҳо рушд намуда, печидатар шуданд, тақсими кор густурдатар шуда, барои ҷомеаи инсонӣ зарур гардид, ки фаротар аз равишҳои ғайрирасмии назорати фарҳангию иҷтимоӣ рафта, таҳияю қабули қонунҳои расмиро рушд диҳад. Бо ин ҳол, агарчи низомҳои расмии назорати иҷтимоӣ ба вуҷуд омаданд, вале то қарни нуздаҳум муҷозотҳо ҳамчунон ба шакли танбеҳ ва бо ҳадафи интиқомҷӯӣ иҷро мешуданд. Илми ҳуқуқшиносӣ дар асри XIX  меъёрҳои ҷадиде дар бораи вайронкорӣ ва осебҳои рафторӣ ҷорӣ намуд. Ҷомеашиносон ва ҳуқуқшиносони муосир бар алайҳи як низоми истибдодии ҳуқуқӣ, ки ағлаб низоми судӣ ба таври золимона ва мутлақ муҷозотҳоеро бар афрод таҳмил мекарданд, эътироз намуданд. Онҳо нисбат ба гирифтани иқрори гуноҳкорӣ аз тариқи шиканҷаҳои ҷисмӣ ва рӯҳӣ эътироз карданд ва ҳамчунин бархе аз муҷозотҳо, ба монанди эъдомро рад намуданд. Бо ин ҳол, мактаби классикии ҷомеашиносӣ муҷозоти муносиб бо ҷурмро таъкид карда, муътақид буданд, ки он  бояд  дорои сохтори муайян ва аз ҷиҳати назарӣ ва амалӣ одилона бошад. Ба боварии ин мактаб фарде, ки анҷоми кори хаторо дар муқобили эҳтироми арзишҳои маънавии ҷомеа мемонад, сазовори муҷозот аст. Ҳамин тариқ, чунин баҳсҳо имрӯзҳо дар ҷомеаҳои дар ҳоли тағйирёбӣ қарордошта хеле пуршиддат ҷараён мегирад.

Ҳамин тавр, дар ҷомеаҳои муосир дарки тавассути фаъолияти эҷоди санадҳои гуногуни меъёрии ҳуқуқӣ, ба як низоми муайян даромадан ва эътироф гардидани арзишҳои маънавӣ ба як масъалаи рӯзмарраю муҳим табдил шудааст. Хусусан дар ҷомеаҳое, ки дар ҳоли гузариш ё ин ки трансформатсионӣ қарор доранд, дарки ҳассосияти ин масъала хеле зиёд аст. Зеро ҷомеаҳои дар ҳоли гузариш ҷомеаҳое мебошанд, ки ба далели тағйироти гуногун, маъмулан бо тазодҳои мухталиф дар сохторҳо ва зерсохторҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ ҳастанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки набудани татбиқшавӣ ва рушди ноҳамоҳанги унсурҳоии моддӣ ва ғайримоддии фарҳанг дар ин ҷомеаҳо монеаҳо ва мушкилотеро дар созгории иҷтимоӣ ба вуҷуд овардааст. Дар чунин ҷомеаҳо афрод ба сахтӣ ва бо заҳмат метавонанд худро бо муҳит созгор ва бо тағйироту дигаргуниҳои нав мутобиқ созанд.

Аз ин ҷиҳат, нобаробарӣ, беҳинҷорӣ ва ноҳинҷорӣ, кашмакашҳои мухталифи иҷтимоӣ, азхудбегонагӣ ва дар сатҳи васеътар, бесозмониву бенизомӣ дар рафтори иҷтимоии баъзе аъзои ҷомеа ва ғайра натиҷаи коҳиши таваҷҷуҳи онҳо ба риояи арзишҳои фарҳангӣ дар ҷомеа ҳастанд. Ин беназмиҳо ва бесозмониҳо метавонанд дар баъзе ҳолатҳо мунҷар ба заъфи суботи иҷтимоӣ, афзоиши осебпазириҳо ва таҳмили буҳронҳои мухталифи иҷтимоӣ шуда тавонанд. Аз ин рӯ, дар сурати набудани таваҷҷуҳ ва барномарезии саҳеҳ на танҳо амнияти миллӣ-иҷтимоӣ, балки амнияти кулли  ҷомеаро  барҳам  медиҳанд.

Тоҷикистон ба унвони як кишвари дар ҳоли тавсеа ва гузариш аз марҳилаи суннатӣ ба муосирият аз ин қоида мустаснӣ набуда, бо тағйироту дигаргуниҳои сареъу васеъе дар сохторҳои аслии худ, бахусус сохтори фарҳангӣ ва иҷтимоӣ, мувоҷеҳ аст. Дар натиҷа, осебҳо ва таҳдидоте, аз қабили бекорӣ, буҳрони ҳувият, худкушӣ, фирори мағзҳо, фақр, нобаробариҳо ва беадолатии иҷтимоӣ, фасоди молию идорӣ, ришва, хушунат алайҳи занон, вайроншавии оилаҳо, муҳоҷират ва ғайра вазъиятро мушкилтар месозанд.

Бо назардошти омилҳои дар боло зикршуда Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба эҷоди санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи ҳаёти фарҳангии ҷомеа, ки дар маҷмуъ барои ҳифз, эҳё ва ривоҷи арзишҳои маънавӣ нигаронида шудаанд, рӯй овард: «Самти дигари муҳимми эҳёи фарҳанг ин дар заминаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи фарҳанг буд, ки дар ҷомеа ҳуқуқу озодиҳои инсонро дар соҳаи фарҳанг муайян ва фаъолияти фарҳангию эҷодиро дар давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона таъмин карда тавонад. Дар ин давра, як қатор қонунҳои асосӣ дар соҳаи фарҳанг, ба монанди қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг» (1977), «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори умум», «Дар бораи табъу нашр» (1993), «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он» (1998), «Дар бораи ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ», «Дар бораи берун баровардан ва дохил кардани сарватҳои фарҳангӣ» (2001), «Дар бораи театр ва фаъолияти театрӣ» (2002), «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» (2003), «Дар бораи осорхонаҳо ва фонди осорхонаҳо» (2004), «Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ» (2006) ва ғайра қабул гардиданд. Қонунҳои қабулшуда сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳама соҳаҳои фаъолияти фарҳангӣ муайян  сохта, барои рушди фаъолияти эҷодии шаҳрвандони дохилӣ ва хориҷӣ шароити мусоид фароҳам оварданд. Қабул шудани “Консепсияи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон” (30 апрели 2005)  барои муайян намудани стратегия ва ояндабинии  рушди фарҳанги миллӣ замина гузошт. Имрӯзҳо дар шароити раванди истиқлолият чунин зарурат ба вуҷуд омад, ки бо мақсади ҳифзи сатҳи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маънавии аҳолӣ ба таҷлили ҷашну маросимҳо тағйиру иловаҳо дохил карда шаванд. Ин буд, ки 8 — уми июни соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Дар он, аз ҷумла омадааст, ки “ин қонун бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимҳоро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.” Дар қонуни мазкур вобаста ба баъзе ҷашну маросим тағйиру иловаҳо ворид карда шуд. Аз ҷумла, Моддаи 9 қонуни мазкур ба маросими хатнасур бахшида шудааст, ки дар он гуфта мешавад:

  1. Хатнасур ба таври ихтиёрӣ танҳо дар доираи оила ва бе хизматрасонии санъаткорон гузаронида мешавад.
  2. Хатна бо розигии падару модар аз рӯзи таваллуди писар то рӯзи бистуми баъди таваллуд дар муассисаҳои тиббии дахлдор бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ба таври ройгон гузаронида мешавад.
  3. Маъракаҳои номгузорӣ, гаҳворабандон, чиллагурезон, мӯйсаргирони тифл ва дигар маъракаҳои ба таваллуди кӯдак вобаста дар доираи оила, бе забҳи чорво ва хизматрасонии санъаткорон баргузор карда мешаванд.
  4. Гузаронидани маъракаи ақиқа манъ аст.
  5. Падару модар ва дигар шахсони онҳоро ивазкунанда метавонанд аз маблағҳои сарфашуда то расидан ба синни балоғат дар бонкҳо ба номи писаронашон суратҳисоб кушоянд.
  6. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки имконияти молиявӣ доранд, метавонанд бо иштироки комиссияҳои доимии маҳаллӣ хатнасури хайриявии писарони бепарастор ва аз оилаҳои камбизоатро баргузор намоянд.
  7. Тартиби гузаронидани хатнасури хайриявиро мақоми ваколатдор муайян менамояд.

             Албатта, ворид намудани чунин тағйиру иловаҳо метавонад заминаи воқеии маънавӣ дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа ворид намуда, барои рушди бемамониати кишвар мусоидат кунад. Дар бораи нақши анъанаҳои мавсимӣ дар ҳаёти тоҷикон, ки онҳо дар таҳкими анъанаҳои маънавӣ нақши калидӣ гузоштаанд, ҳаминро метавон гуфт, ки он ба мавсими кишту кор ва ҳосилғундорӣ вобастагӣ дорад. Таърихан дар байни мардуми мо истилоҳе маълум аст бо номи “Бобои деҳқон”. Дар симои ин қаҳрамон тамоми таҷрибаи деҳқонӣ, ҳосили фаровон, покизагиву поктинатӣ ва дастурхони пур аз нозу неъмат фаҳмида мешавад, ки ба мавсими кишту кор тааллуқ дорад: “Нақши қаҳрамони асосии ин ҷашнвора — Бобои Деҳқонро аз қадимулайём то имрӯз маъмулан яке аз деҳқонони обрӯманд ва пуртаҷриба иҷро мекунад. Ӯ аввалин шуда ба замини барои кишти баҳорӣ шудгоршуда, тухм мекорад ва бо ҳамин ба маъракаи кишту кори баҳорӣ оғоз мебахшад. Ин ҷашнвораро, ки аз фарҳанги қадимаи мардуми ориёинажод сарчашма гирифтааст, ба маънои аслӣ ҳамчун иди касбии деҳқонону кормандони соҳаи кишоварзӣ қабул ва тасдиқ кардан мумкин”.

Барои таъмини рушди ҳаматарафаи арзишҳои маънавии ҷомеа дар заминаи арзишҳои милливу демократӣ як қатор барномаҳои давлатӣ низ қабул гардиданд, ки барои дарёфти роҳи ҳалли муносиби масъалаҳои муҳим дар ин самт мусоидат менамоянд. Ба ин “Барномаи компютеркунонии муассисаҳои таълимии фарҳанг ва санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2010”, “Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои соҳибихтисоси соҳаи фарҳанг, санъат ва табъу нашр дар солҳои 2007-2010”, “Барномаи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015”, Барномаи инкишофи кори китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015”, “Барномаи рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015”, “Барномаи рушди кинои тоҷик”, “Барномаи ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020” ва ғайра шомиланд.

Таркиби барномаҳои рушди соҳаи фарҳанг дар худ ҷузъи муҳимми тарбияи маънавии аҳли ҷомеаро дар заминаи арзишҳои бунёдии ҷомеа ҷой додаанд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби роҳбарияти олии мамлакат ба ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар, бахусус ба рушди соҳаи фарҳанг ҳамчун таҷассумгари симои маънавии халқ, муттаҳидсозандаи неруҳои зеҳнӣ, баёнгари таърихи гузаштаву муосир, оину анъана, дигар муқаддасоти миллӣ ва ташаккулдиҳандаи ахлоқу одоби ҳамида таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Дар ин давра оину ҷашнҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангие, ки дар давоми асрҳо ягонагии маънавии мардумро ҳифз мекарданд, аз қабили Наврӯз, Меҳргон, Сада, Шашмақом, Фалак, атласу адрас, чакан ва монанди инҳо эҳё гардиданд.

Номзади илмҳои фалсафа,

омӯзгори калони  кафедраи

 фанҳои ҷомеашиносии,

МДТ “ДДФСТ

 ба номи М.Турсунзода

Зокирзода Суҳроб Ибод