Дар доираи таҷлили 110 — солагии Шоири халқии Тоҷикистон ва Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода имрӯз, субҳи барвақт ҳайати профессорону устодон, кормандон ва донишҷӯёни Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” ба оромгоҳи Лучоб, ба зиёрати марқади суханвари бузург, арбоби барҷастаи ҷамъиятӣ, мунодии сулҳу дӯстӣ, фарзанди шарафманди миллати тоҷик Мирзо Турсунзода рафта, дар пояи нимпайкараи ӯ гулчанбар гузоштанд.

 

Ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ бо ёдоварӣ аз устод Мирзо Турсунзода зикр намуд, ки ин фарзанди содиқи Ватан на танҳо ҳамчун шоири беҳамто, балки чун арбоби ҷамъиятию давлатӣ, публитсист, вассофи шуълавари дӯстиву бародарии халқҳо, раиси Кумитаи якдилии мамлакатҳои Осиё ва Африқо дар тамоми олами мутамаддин шуҳрати беандоза  дошт. Агар мо фаъолияту рӯзгори ин марди бузургро  аз ибтидо то охир аз назар гузаронем, равшан мебинем, ки он намунаи олии пайванди шоир бо ҳаёти халқ  мебошад.

  Ректори донишкада, ҳамзамон, тазаккур дод, ки мо соҳиби ифтихори бузург ҳастем, зеро  муассисаамон ба номи ин марди бузург гузошта шудааст. Мо бояд чун устод Мирзо Турсунзода инсондӯст, ватанпарвар, ғамхору дилсӯзи якдигар гашта, ормонҳои ин марди наҷибро дар зиндагии хеш амалӣ намоем. Устод дасту дили соф доштанд ва ҳамеша дар ҳалқаи дӯстону азизон қарор гирифта, муҳаббату боварии хурду калонро ба даст оварда буданд  Чуноне ки худашон мегӯянд:

Касе, к-ӯ боварии халқро арзанда мегардад,

Ба ҳар кас дӯстрӯ, ҳар хонаро зебанда мегардад.

Сипас як гурӯҳ донишҷӯёни донишкада аз осори устод Мирзо Турсунзода шеърҳои маҳбубу машҳурро, ки муҳтавояшон саршор аз нангу ғурури ватандорӣ, ваҳдату дӯстӣ, сулҳу осоиштагӣ ва хулқу атвори хуби инсонӣ буданд, қироат намуда, хотири фарзанди фарзонаи миллатро гиромӣ доштанд.

Додоҷон РӮЗИЕВ