Имрӯз бо ташаббуси кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносии факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода маҳфили илмии «Муҳаққиқони ҷавон» дар мавзӯи «Зарурати такмили ихтисоси китобдорон дар замони муосир: вазъ ва дурнамо» баргузор гардид.
Ба кори маҳфил декани факулта, профессор Б. Холов бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшид. Мавсуф қайд намуд, ки тибқи нақша маротибаи чаҳорум аст, ки маҳфили илмии «Муҳаққиқони ҷавон»-и кафедра дар синфхонаи бо технологияи муосири иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ муҷаҳҳаз гардонидашуда баргузор мегардад. Ҳадафи асосии баргузории маҳфил, ҷалби донишҷӯён ба пажӯҳиши корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ мебошад.
Роҳбари маҳфил номзади илмҳои таърих М. Мамадазимова дар баромадашон қайд намуданд, ки китобу китобхона на танҳо дар тарбияи хушахлоқии наврасону ҷавонон саҳмгузоранд, балки дар пешгирии онҳо аз ҳар гуна гароишу ҳаракатҳо ва рафторҳои ношоиста саҳми сазовор доранд.
[metaslider id=2480]
Дар такия ба ин андеша, месазад қайд намуд, ки Давлату Ҳукумати мамлакат барои рушди соҳаи китобдорӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳолии кишвар пайваста тадбирҳои муассир меандешанд. Далели равшани гуфтаҳои боло ин дар иқдоми пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи соли ҷорӣ баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ…” мебошад.
Дотсенти кафедра Маҳмудов Гадобег дар маърӯзаашон таъкид намуданд, ки омодасозии мутахассисони касбӣ ҳамеша дар маркази таваҷҷӯҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, беҳтар намудани сатҳу сифат ва ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани он ба сифати яке аз вазифаҳои муҳимтарин пазируфта шудааст. Зеро аз сатҳу сифати таълим ва касбияти мутахассисони баландихтисос, иҷрои бомуваффақияти бисёр вазифаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ вобаста буда, аз муассисаҳои олии соҳа нисбати тарбияи мутахассисон ҳисси баланди масъулиятро талаб менамояд. Ҳамзамон дар қатори омодасозии мутахассисон ба такмилу бозомӯзии онҳо андешаҳо баён намуд.
Сиёсати кадрии соҳаи китобдорӣ тақозо мекунад, ки имрӯз бо омода намудани мутахассисони вобаста ба талаботи замона ҷавобгӯ буда, равона карда шавад. Дуруст аст, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ норасогии кадрҳои соҳаи китобдорӣ ҳалли худро ёфта истодааст, вале масъалаи ғайритахассус фаъолият намудани аксари кормандони китобхонаҳо ҳанӯз ҳам боқӣ мондааст. Имрӯз муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии соҳаи китобдории ҷумҳурӣ дар тайёр намудани мутахассисон барои китобхонаҳои давлатӣ-оммавӣ ба қадри имкон саҳм мегузорад. Бо назардошти пешрафти босуръати илму техника ва технологияи муосир низоми такмили ихтисос имкон медиҳад, ки китобдори имрӯза бо шаклу услубҳои нави хизматрасонӣ ва истифодаи навгониҳои технологияи муосир бештар ошноӣ пайдо намуда ва ин заминаи воқеии баланд бардоштани сифати фаъолияти касбиро татбиқ менамояд. Китобхонаҳои муосир беш аз ҳарвақта ба мутахассисони ҳирфаӣ ниёзи бештар доранд, зеро эҳтиёҷоти ҷомеа босуръат ва зуд тағйир меёбанд, воридшавии технологияи муосир, пайдошудани барандаҳои нави иттилоотӣ омилҳои муҳими он ба ҳисоб меравад.
Айни замон дар назди Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.турсунзода факултаи такмили ихтисос фаъолият мекунад, ки дар бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони китобхонаҳои давлатӣ-оммавӣ то андозае саҳм гузошта истодааст. Ва дар муддати панҷ соли охир 350 нафар кормандони китобхонаҳо савияи дониши худро такмил додаанд. Дар ин курсҳо барнома ва фанҳое бояд мавриди омӯзиш қарор гиранд, ки бештар самти амалии истифодаи навгониҳои китобдорӣ-иттилоотӣ ва интерактивиро фарогир бошад.
Дар охир байни иштирокчиёни маҳфил, музокираҳо сурат гирифт.
Зафари ШАРИФ,
мудири кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносии
ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода