Забони миллӣ (тоҷикӣ) аз ҷумлаи забонҳои муқтадири ҷаҳонист, ки таърихи дурударози таърихиро тай намуда, мероси бузурги ниёконро ба мо арзонӣ доштааст. Маҳз тавассути ҳамин забони ширину шево осори гаронбаҳои фарҳангӣ, маданӣ, ахлоқӣ, сиёсӣ ва адабию бадеӣ таълиф гардида, ба атрофу акнофи ҷаҳон паҳну густариш ёфтааст. Ин аст, ки меросбарони забони тоҷикӣ ҳамасола, бахусус дар замони Истиқлолияти давлатӣ Рӯзи забонро таҷлил мекунанд ва дар ин замина маҳфилу нишастҳои фарҳангию илмӣ ва эҷодӣ баргузор менамоянд.
Бо таваҷҷуҳ ба ин, 3 октябри соли 2019, соати 12:00 бо ибтикори кафедраи филология ва дар ҳамкорӣ бо мудирияти Китобхонаи илмии ДДФСТ ба номи М. Турсунзода дар доираи маҳфили илмӣ-фарҳангии “Ҷаҳони фарҳангӣ” дар толори хониши Китобхона бо ҳузури донишҷӯёну устодон ва меҳмонон маҳфили идонаи илмӣ-фарҳангӣ таҳти унвони “Забони миллӣ ва давлатдории навини тоҷикӣ” доир гардид. Маҳфил аз ду бахш – бахши назариявӣ ва қисмати эҷодӣ иборат буд.
Маҳфилро бо сухани муқаддимавӣ мудири кафедраи филология З. Мирзода ифтитоҳ намуда, бо такя ба гуфтаи Пешвои миллат таъккд кард, ки забони миллӣ симо ва пайкараи миллати тоҷик аст ва гиромидошти он вазифа ва масъулияти ҳар як соҳибзабон мебошад. Баъдан, муаллима суханро ба омӯзгори кафедраи филология Н. Нуров вогузор кард. Мавсуф дар мавзӯи “Забони миллӣ – иқтидори давлатӣ” гузориш дода, таваҷҷуҳи ҳозиринро ба таҳаввул ва татаввури забони миллӣ дар паҳнои таърихи ватанӣ ҷалб сохта, дар асоси маводи илмӣ-тҳқиқӣ ба ин нукта таъкид варзид, ки забони давлатӣ имрӯз дар пешорӯйи бархӯрдҳои тамаддунӣ ва сиёсӣ қарор дорад. Гузоришгар, ҳамчунин перомуни иқтидори забони миллӣ ва нақши он дар сохтмони давлатдории навини тоҷикӣ суҳбат карда, аз насли ҷавон-донишҷӯён даъват ба амал овард, ки дар поку беолоиш нигоҳ доштани забони давлатӣ ва ҳифзу гиромидошти мероси бузурги адабӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва таърихии миллӣ, ки тавассути ин забони муқавво таълиф гардидаанд, саҳми муносиб гузоранд.
Дар маҳфил, инчунин меҳмон аз Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон, устод Насриддиниён ширкат ва суханронӣ кард. Қисмати амалӣ ва эҷодии маҳфилро суханронӣ ва мушоараи донишҷӯёни Донишкада, минҷумла Мастонаи Файзулло (донишҷӯйи соли аввали шуъбаи осорхонашиносии факултаи фарҳангшиносӣ), Азиза Занҷирова (донишҷӯйи соли аввали факултаи фарҳангшиносӣ), Бадриддин Асроров, Ворисшоҳи Умрибой, Шаҳло Норбойзода (донишҷӯёни соли аввали шуъбаи рӯзноманигории телевизион) ташкил дод. Донишҷӯён аз тариқи ироаи гузоришҳои кӯтоҳ ва қироати ашъори ноб, ки ба мавзӯи забони миллӣ иртибот доштанд, ҳамбастагии худро дар самти ҳифзу гиромидошти ин унсури фарҳангсоз (манзур забони давлатӣ аст) ба намоиш гузоштанд. Мустақилона суол додан ва дар баҳсу мунозираҳо фаъолона ширкат варзидани донишҷӯён баёнгари он аст, ки донишҷӯйи имрӯза, ба ҳар сурат, рисолат ва вазифаи хешро дуруст дарк кардааст ва ҷиҳати рушду нумӯи забони давлатӣ саъю талош меварзад. Ҳадафи баргузории маҳфилу нишастҳо ҳам, пеш аз ҳама, ҷалби донишҷӯён ба китобхонию хирадгароист. Дар амалӣ гардидани ин навъ аҳдоф нақши маҳфилҳои илмию адабӣ, аз ҷумла маҳфили илмӣ-фарҳангии “Ҷаҳони фарҳангӣ”-и кафедраи филологияи Донишкада назаррас аст.
Ҳамин тариқ, маҳфили идона, ки ба Рӯзи забони давлатӣ ихтисос ёфта буд, дар рӯҳияи баланди хештншиносию ифтихормандӣ ҷамъбаст гардид. Дар кори маҳфил маъмурияти Китобхонаи илмии Донишкада саҳми сазовор гирифт. Маъмурияти Китобхонаи илмӣ дар долони муассиса намоиши китобҳои марбутаро ташкил дод ва қабл аз шурӯи маҳфил ширкаткунандагон аз намоиши ташкилнамудаи маъмурияти Китобхона дидан намуда, номгӯйи китобҳои зарурӣ ва нодирро, ки ба мавзӯи забон ва ҳувияти миллӣ бахшида шудаанд, ёддошт карданд.
Кафедраи филология
3 октябри соли 2019, соати 13:00