Имрӯз бо ҳамин унвон дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода”  чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ бахшида ба 85-солагии асосгузори кафедраи сарояндагӣ (халқӣ), Арбоби ҳунари Тоҷикистон, профессор Карим Ҳалимов ва 50-солагии таъсисёбии донишкада баргузор гардид, ки дар он чеҳраҳои саршиноси фарҳангу санъат, пайвандону шогирдони ин марди ҳунар ва ҳайати устодону донишҷӯён иштирок намуданд.      Чорабинии фарҳангиро ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ  ҳусни оғоз бахшида, меҳмонон ва пайвандону шогирдони устоди зиндаёд Карим Ҳалимовро ба донишкада хайрамақдам гуфт.

Мавсуф аз ҳаёту фаъолият ва корномаҳои профессор Карим Ҳалимов ёдовар шуда, аз ҷумла зикр намуд, ки дар таърихи инкишофи ҳар як миллату давлат бузургоне ҳастанд, ки зиндагии бобаракти хешро дар роҳи рушди фарҳангу санъат сарф намуда, сарсупурдагии худро ба халқу ватан собит намудаанд. Номи онҳо дар ҳеҷ давру замон аз хотираи мардум зудуда намешавад ва ҷойгоҳашон ҳамеша дар дилу дидаҳост. Хушбахтона, чунин шахсиятҳо дар таърихи тамаддуни миллати тоҷик кам нестанд, ки онҳо натанҳо ифтихори миллати мо, балки берун аз он низ мебошанд. Ҳар кадоми ин бузургон дар соҳаҳои гуногуни илму маърифат, сиёсат ва таърих, адабиёт, фарҳанг ва санъат чеҳраи тобноке дошта, бо осори пурқимати худ машҳури ҷаҳон шудаанд. Яке аз чунин шахсиятҳои шинохтаи соҳаи фарҳанг ва санъати кишвар Арбоби ҳунари Тоҷикистон, профессор Карим Ҳалимов мебошад, ки дар рушди фарҳанги миллӣ ва муаррифии он саҳми бориз гузоштааст.      Ин чеҳраи шинохтаи фарҳанг ва ҳунари кишвар асосгузори кафедраи сарояндагии факултаи мусиқии мардумии донишкадаи мо буда, тамоми малакаву истеъдод ва муҳаббату садоқаташро ба рушди соҳаи сарояндагиву оҳангсозӣ бахшидааст. Устод Ҳалим Каримов баъди хатми Омӯзишгоҳи мусиқии ба номи Ҳамза Ҳакимзода Ниёзии шаҳри Тошканд ва Консерваторияи давлатии шаҳри Тошканд ба номи Мухтор Ашрафӣ бо аз худ кардани фанни дирижёрӣ зери роҳбарии профессор Василева Алефтина Борисовна дар Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе (имрӯза Колеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов), Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко (имрӯза Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Садриддин Айнӣ), Филармонияи давлатии ба номи Акашариф Ҷӯраев, Кумитаи радио ва телевизион ва аз соли 1973 баъди ташкилёбии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода   то охири умр фаъолияти намуда, аз зинаҳои аввали илмӣ то дараҷаи илмии профессорӣ расида, барои хидматҳои шоён ва саҳм гузоштан дар рушди соҳаи фарҳангу санъати кишвар ба унвони Арбоби ҳунари Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

   Ректори донишкада тазаккур дод, ки профессор Карим Ҳалимовро ҳамагон ҳамчун инсони комил, ҳалиму хоксор ва оқилу доно мешинохтанду эҳтиром мекарданд. Чеҳраи намоёни ӯро дар ҷумҳурӣ ҳамчун мутахассиси шинохтаи соҳаи санъати касбии мусиқӣ, жанри санъати хорӣ ва устоди соҳибмактабу ботаҷриба мешиносанд. Устод донишу таҷриба ва истеъдоди баланди худро барои тарбияи мутахассисони ҷавон сарф намуда, дар ҷодаи касби худ фидоӣ буд. Вақте мо калимаи хорро ба забон меоварем, пеши назар симои Карим Ҳалимов ҷилвагар мешавад ва вақте номи устод Карим Ҳалимовро ба ёд меорем, дар дафтари андешаи худ бешубҳа хорро тасаввур мекунем. Зеро устод дар соҳаи жанри санъатӣ хор дар кишвар бузургтарин шахсият маҳсуб меёбад. Ӯ аввалин тоҷикписаре мебошад, ки бо ихтисоси дирижёри хор Консерваторияи давлатии шаҳри Тошканд ба номи Мухтор Ашрафиро хатм намуда, асосгузори хори бачагона ва хори омехта дар кишвари мо гаштааст.

Профессор Карим Ҳалимов дар тӯли фаъолияти касбию иҷрокунандагӣ ва илмию методии худ корҳои мондагореро ба субот расонида, аз худ осори ғании фарҳангӣ ба мерос гузоштааст. Фаъолияти иҷрокунандагӣ – эҷодии ин марди накуном ҳанӯз аз даврони донишҷӯӣ дар шаҳри Тошканд оғоз гардида, аз вазифаи роҳбари бадеии колективи ҳаваскорони санъати трести хӯрокпазии ноҳияи Октябри шаҳри Тошканд сар карда вазифаҳои пурмасъули дигарро адо намудааст. Соли 1966 бо тавсияи оҳангсози маъруф Зиёдулло Шаҳидӣ Карим Ҳалимовро ба сифати хормейстер ба ансамбли “Шашмақом”-и Кумитаи радио ва телевизион ба кор даъват мекунанд. Карим Ҳалимов зимни фаъолият дар ансамбли “Шашмақом” бо ҳофизону оҳангсозони машҳур аз қабили Барно Исҳоқова, Шоҳназар Соҳибов, Фазлиддин Шаҳобов, Аҳмад Бобоқулов, Н. Шаулов, А. Бободӯстов аз наздик шинос шуда, аз таҷрибаҳои беназири онҳо баҳравар шудааст.

Тазаккур дода шуд, ки устод Карим Ҳалимов зиёда аз 100 асари эҷодӣ офаридааст, ки фарогири жанрҳои гуногун аз қабили сурудҳои хорӣ ва фардӣ, оҳангҳо барои рубоб, сюитаҳо барои хори акапела, сюитаҳои созӣ-овозӣ, бадеҳаҳо ва ғайраҳо мебошад. Аксари сурудҳои эҷоднамудаи ин ҳунарманди нотакрор ва устоди нуктасанҷ дар хазина тилоии Хонаи радио маҳфуз буда, самараи заҳматҳо ва паёми меҳрбори ӯро ба фардоиён мебаранд. Омӯзгори асил Карим Ҳалимов ҳамзамон, зиёда аз 100 шогирдро тарбия намуда, ба дунёи фарҳангу ҳунар раҳнамун кардааст, ки аксари онҳо аз қабили Нуқра Раҳматова, Баҳодур Неъматов,Дӯстмурод Алиев, Мастона Эргашева, Шарипова Хосият, Давлатманд Холов, Хосият Ортиқова, Афзалшо Шодиев, Лола Азизова, Изатулло Самадов, Муминова Ҳаётой, Малика Саидова, Кимиё Ҷӯраева,  Кароматулло Қурбонов, Муҳаррама Шарифова,  Нарзуллоев Баҳрулло, Зарипов Хурсандмурод, Зарипов Қобилҷон ва дигарон дар байни халқ маҳбубу машҳуранд.

Зикр гардид, ки аз 72 консерти хори камеравии дар солҳои 1980-1994 баргузоргардида консертҳои бахшида ба 1400-солагии Борбади Марвазӣ ва 70-солагии ёдбуди устод Мирзо Турсунзода хотирнишин буда, далели корномаҳои беназири Карим Ҳалимов мебошанд.

Дар таронаҳои эъҷоднамудаи Карим Ҳалимов хусусан таронаҳои дар замони соҳибистиқлолӣ офаридааш таърих ва дастовардҳои Истиқлоли давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон васф шудаанд, ки аз ватандӯстӣ ва ифтихори баланди миллии ин омӯзгори асил ва ҳунарманди беназир дарак медиҳад. Ин марди шариф дар баробари доштани вазифаҳои масъул ҳамчун шахси хоксору дилсӯз, хушбаёну баландҳиммат ва ҳомии зердастон азизи шогирдону ҳамкорони хеш буд.

Сарвари донишкада дар анҷоми суханрониашзикр намуд, ки мо намояндагони фарҳангу санъат аз он ифтихор мекунем, ки давомдиҳандагони кору пайкори ин марди фарҳангпарвару миллатдӯстему чароғи равшаннамудаи ӯро бо истифода аз таҷрибаҳо ва ҳидоятҳои фарҳангсозаш равшан нигоҳ медорем.

Сипас, Ҳунарпешаи халқии  Тоҷикистон, номзади илмҳои таърих, дотсент Ҳаётой Муминова маърузаи омоданамудаашро дар мавзуи “Саҳми профессор Карим Ҳалимов дар рушди маҳорати санъати сарояндагии ансамбли бонувони рубобнавози “Чаман”” ироа намуда, аз ҷумла зикр намуд, ки Арбоби ҳунари Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Карим Ҳалимов бо воситаи суруду  оҳангҳои  ватандӯстона ва дастурҳои таълимии  худ дар ташаккул  додани  маънавиёт ва  худшиносии  миллӣ саҳми бориз гузоштааст, чунки  суруду оҳангҳои ӯ ҷавононро ба  сӯи  музаффариятҳои  бузург  ҳидоят  менамояд ва ҳисси  ватандориро афзуда,  руҳияи  миллии  онҳоро боз ҳам баландтар  бармедорад. Карим Ҳалимов дар рушди ҳунари сарояндагии бисёровоза дар ансамбли бонувони рубобнавози «Чаман» ва тарбияи мутахассисони ҷавон дар соҳаи фарҳан нақши муассир дорад.

Донишҷӯи курси 4-уми кафедраи сарояндагӣ (халқӣ) Сафармурод Ашуров дар мавзуи “Ҳаёт ва фаъолияти профессор Карим Ҳалимов” суханронӣ намуд, ки рӯзгор ва фаъолияти эҷодиву омӯзгории Карим Ҳалимовро дар бар мегирифт.

Баъдан, Ҳунарпешагони халқии  Тоҷикистон Холаҳмад Маҷидов, Ортиқи Қодир, Давлатманд Холов ва Афзалшо Шодиев аз ҳаёт ва фаъолияти профессор Карим Ҳалимов, тарзи муомилаву муносибат ва ғамхориву дастгириҳои ин марди накуном ва омӯзгори асил ёдовар шуда, аз шогирду дастпарвари чунин шахсияти нотакрори фарҳангӣ будан изҳори хушнудӣ ва ифтихормандӣ намуданд.

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ барномаи ҷолиби консертӣ бо ҳунарнамоии устодону донишҷӯёни донишкада пешкаши ҳозирин гардид, ки бештари онҳо аз эҷодиёти Арбоби ҳунари Тоҷикистон, профессор Карим Ҳалимов буданд.

ҚУДРАТОВ Сино