23-юми сентябри соли 2022 дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” бо иштироки намояндагони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Муқимзода ва Гулмаҳмад Бобозода, муовинони ректори донишкада Фарҳод Махсудзода, Баҳрулло Хайруллозода, Дилором Наимзода, устодон ва донишҷӯён бо мақсади тарғибу ташвиқи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ва саҳми арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расидан ба сулҳу субот, оромии ҷомеа, ваҳдати миллӣ ва аз парокандагӣ эмин нигоҳ доштани миллати тоҷик вохӯрии судманд баргузор гардид.
Вохӯриро бо сухани ифтитоҳӣ муовини ректори донишкада оид ба таълим Фарҳод Махсудзода ҳусни оғоз бахшида, суханро ба Прокурори калони Раёсати Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Муқимзода дод.
Азим Муқимзода андешаҳояшро дар мавзуи “Пешгирии таъсири таассубу хурофотпарастӣ ба шуури ҷавонон ва баланд бардоштани сатҳи ҷаҳонбинӣ ва ҳушёрии сиёсии ҷавонон” баён намуда, иброз дошт, ки бо бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ҷомеа ба ҷойе намерасад. Ба гуфтаи Сарвари давлат, хурофот ҷаҳолат аст ва ҷаҳолат ба инсон танҳо бадбахтӣ меорад. Бинобар ин, мо бояд наврасону ҷавононро ба фарогирии илму дониш ва касбу ҳунар пайваста талқин намоем. Зеро касе, ки илму дониш ва касбу ҳунар дорад, дар зиндагӣ ҳаргиз хору зор ва ба касе муҳтоҷ намешавад. Хотиррасон гардид, ки ҳанӯз дар солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ шаҳрвандони кишвар бо падидаи густурдаи ба сари мардум бор кардани андешаву равияҳои ифротгароиву бегона ва зӯровариву мудохила аз хориҷ рӯ ба рӯ шуданд. Сарфи назар аз ин, Ҳукумати кишвар дар такя ба ирода ва ҷонибдории мардуми Тоҷикистон аз сулҳу субот тамоми кӯшишҳоро ба харҷ дод, то муколамаи васеи миллиро ба роҳ монда, ваҳдати милливу суботи ҷомеаи худро барқарор намояд. Дар натиҷа ба мо муяссар гардид, ки хатари дар ҷомеаи кишвар паҳн шудани терроризму ифротгароии хушунатомезро бартараф карда, ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ шуруъ намоем. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон оид ба афзоиши хатари терроризм ва экстремизм дар ҷаҳони муосир гуфта буданд: «Шиддати ин хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ, мутаассифона, имрӯз ҳам паст нашудааст. Аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вақтҳои охир дастгир шудани гурӯҳҳои ҷиноятие, ки мехостанд дар минтақаҳои сарҳадӣ ва дохили Тоҷикистон амалҳои террористӣ анҷом диҳанд, гувоҳи ин гуфтаҳост. Бинобар ин, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомиро зарур аст, ки бо ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва баланд бардоштани донишу малакаи касбӣ, инчунин бо истифода аз шаклу усулҳои муосир муборизаро бар зидди терроризм ва экстремизм, зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқу муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар қонуншиканиҳо тақвият диҳанд». Дар вохӯрӣ Прокурор-криминалисти Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисоси назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмаҳмад Бобозода перомуни нуктаҳои муҳимми Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 21-уми декабри соли 2021 ибрози андеша намуда, зимнан таъкид намуд, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад. Даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд. Барои расидан ба бузургтарин дастоварди замони истиқлолият — сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ноил шудан ба зиндагии босаодати имрӯза ва бунёди Тоҷикистони навин мардуми шарафманди тоҷик мушкилоту маҳрумиятҳои ниҳоят вазнинро аз сар гузарониданд, фидокориву ҷоннисориҳо нишон доданд. Ба гуфтаи Гулмаҳмад Бобозода, дар аввали солҳои 90-уми асри гузашта, вақте ки Тоҷикистон акнун ба истиқлолият расида буд ва мардуми мо нахустин пояҳои бинои давлатдории муосири худро мегузоштанд, бадхоҳону хоинони миллати тоҷик кишвари моро ба низоъи дохилӣ, муқовимати сиёсӣ ва мухолифати мусаллаҳона гирифтор карда, дар як муддати кӯтоҳ Тоҷикистони тозаистиқлолро ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашиданд. Дар чунин шароити ниҳоят мураккабу душвори ҷамъиятиву сиёсӣ бо дастгириву пуштибонии мардуми кишвар ва талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кӯтоҳ мо мушкилоти зиёди иқтисодиву иҷтимоиро бартараф сохта, як кишвари орому босубот ва рӯ ба тараққиро бунёд намудем. Таъкид ба амал омад, ки расидан ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ва бо ҳамин роҳ аз хатари нобудӣ наҷот додани давлати тоҷикон ва аз парокандагӣ эмин нигоҳ доштани миллати тоҷик дастоварди бузургтарини таърихии мо дар замони соҳибистиқлолӣ мебошад, ки ба он маҳз ба шарофати дастгириву пуштибонии самимонаи мардуми шарифи Тоҷикистон муваффақ гардидем. Зикр гардид, ки ҷавонон ояндаи давлату миллат, қувваи пешбарандаи ҷомеа ва захираи стратегии давлату Ҳукумати мамлакат мебошанд. Онҳо дорои ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарварӣ буда, дар мубориза бо ҳама гуна хавфу хатарҳое, ки зидди давлату миллатанд, омода мебошанд ва манфиатҳои миллиро аз ҳар манфиати дигар боло медонанд. Дар шароити ноороми ҷаҳони муосир ҷавонон бояд зиракию ҳушёриро аз даст надода, дар раванди таъмин намудани суботи ҷомеа тавассути таҳким бахшидани фикру андешаи нав, бахусус ҳифзи Истиқлоли давлатӣ ва дастовардҳои он, арзишҳои бунёдии миллатсозӣ ва ватансозиву ватандорӣ саҳми назарраси худро гузоранд.
Пас аз анҷоми баромадҳо миёни иштирокчиёни вохӯрӣ оид ба мавзуҳои фавқуззикр табодули афкор сурат гирифт. Пешниҳод шуд, ки минбаъд низ чунин вохӯриҳои судманд бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дигар ниҳодҳои дахлдор гузаронда шаванд.
Додоҷон РӮЗИЕВ
Дилшод УМАРОВ