6 — уми октябри соли 2022 дар МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» мувофиқи нақша — чорабинии муштараки раёсати амнияти дохилии Вазорати корҳои дохилӣ дар донишкада бо иштироки муовини сардори РАД ВКД ҶТ полковники милитсия О. Сафозода, ВКО РАД ВКД ҶТ подполковники милитсия С. Б. Зуҳуров  ва устодону донишҷӯён  вохӯрӣ  баргузор гардид. Дар вохӯрӣ мавзуҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”,  пешгирии гаравидани наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва равияҳои динии ба фарҳанги миллии мо бегона, ҳодисаҳои номатлуби худкушӣ, ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва рафтори ҳамидаи инсонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

          Корманди Раёсати амнияти дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмурод Зуҳуров дар мавзуи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” андешаҳояшро баён намуда, аз ҷумла чунин иброз дошт:

          Фарде, ки худро воқеан фарзанди содиқи ин сарзамин меҳисобад ва обу хоки диёрро азиз медонад, бояд садоқату самимияти хешро бо ҳунару истеъдод, дониш ва меҳнати софдилона нишон диҳад.

          Мо ҳар амали некро, ки ба шукронаи истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ анҷом медиҳем, барои худамон, фарзандонамон, наслҳои ояндамон, Ватани азизу маҳбубамон-Тоҷикистон мекунем, зеро ин Ватан ва ин давлат азхуди мост ва онро ба ҷойи мову шумо каси дигар обод намекунад.

          Дар охир байни иштирокчиёни вохӯрӣ дар доираи мавзуҳои матраҳшуда табодули афкори судманд сурат гирифт.          Устодону  шогирдон ба як қатор саволҳо, аз ҷумла:

  1. Тавре дар маъруза зикр гардид, шомилшавии наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракат ва равияҳои бегона ба мушоҳида мерасад. Барои пешгирии ин раванди номатлуб вазорат чӣ тадбирҳо андешидааст?,
  2. Ба назари Шумо, кадом омилҳо боис гаштанд, ки сатҳи ҷинояткорӣ дар байни наврасону ҷавонон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта коҳиш ёбад?
  3. Шумо гуфтед, ки агар шаҳрванди дар муҳорибаҳои ҷангӣ иштироккарда ихтиёран ба Ватан баргашта, сидқан пушаймон шавад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад. Агар ӯ дар муҳорибаҳои ҷангӣ, пеш аз ба Ватан баргаштан, ҷиноятҳои вазнин содир карда бошад чӣ?
  4. Вазорати корҳои дохилӣ дар баробари васеъ ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар самти мубориза бо терроризму ифротгароӣ, боз чӣ иқдомҳоро рӯйи даст гирифтааст? Дар ин самт дар қонунгузории амалкунанда ягон тағйиру иловаҳо ворид гардиданд?
  • ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

 

Дилшод  УМАРОВ