Дар Китобхонаи илмии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи  Мирзо Турсунзода  бо иштироки судяи суди  ноҳияи Сино Исозода  Баҳодур, мудири бахши САҲШ-и ҳамин ноҳия Раҳмон Гулчеҳра, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Гулпарӣ  Латипова ва мудири шуъбаи кор бо занони ноҳияи мазкур Рухшона Юнусова ва устодону донишҷӯёни донишкада дар  мавзӯи «Оила ва сабабҳои пошхӯрии он» вохӯрии судманд баргузор гардид.

   Ба вохӯрӣ ноиби ректор оид ба  корҳои  тарбия ва иҷтимоӣ Дилором Сангинова  бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз  бахшид. Мавсуф ҳадафи асосии вохӯриро баён намуда, иброз дошт, ки имрӯз  дар ҷумҳӯрӣ аз сабаби паст будани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, надонистани меъёрҳои оила ва оиладорӣ бисёр оилаҳои ҷавон пош мехӯранд. Мо барои баланд бардоштаи маърифати ҳуқуқии донишҷӯён ва ба ҳамин васила пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон мунтазам вохӯрию мулоқотҳо доир намуда, муҳимияти мавзӯъро мефаҳмонем.

   Мудири шуъбаи кор бо занони ноҳияи Сино Раҳмон Гулчеҳра дар иброз намуд, ки бо сабабҳои ҷанҷолҳои оилавӣ имрӯз дар ҷумҳурӣ зиёда аз 11 000 оила пош  хӯрдааст.

  Исозода Баҳодур — судяи суди ноҳияи Сино тазаккур дод, ки сатҳи ҷинояткорӣ дар ноҳия хеле афзудааст.  Бештари ҷиноятҳо аз паст будани сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷавонон сар задааст. Таъкид кард, ки омӯзгорон, кураторон ва волидайн бояд ин масъаларо дар меҳвари фаъолияти худ қарор дода, дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои дахлдор ҷиҳати коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ мусоидат намоянд.

 

   Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Гулпарӣ Латипова таъкид кард, ки бо ҷавонон бояд бештар кор барем, сатҳи донишу маърифаташонро баланд бардорем, кӯшиш ба харҷ диҳем, ки дар чорабиниҳои сатҳи донишкадавӣ, ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва  ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат варзанд.

   Дар анҷом  иштирокдорони вохӯрӣ  ба пурсишҳои  ҳозирин  посухҳои қаноатбахш гардонданд.

Бозорбой ХОЛОВ