Дар таърих санаҳое ҳастанд, ки марҳалаҳои муайяни ҳаёти халқро аз ҳам ҷудо карда, нишон медиҳанд, ки миллат чиро аз cap гузаронд ва чиро интизор аст. 27-уми июни соли 1997 барои халқи тоҷик маҳз ҳамин хел сана ҳисоб меёбад. Дар ин рӯзи таърихӣ дар шаҳри Маскави Федератсияи Россия Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки роҳи миллати тоҷик ва тоҷикистониёнро ба сӯйи фардои дурахшон  ҳамвор намуд.

Ин санади таърихӣ ҳамчун рамзи пирӯзиву хушбахтӣ ба мардуми тоҷик неруву тавони нав бахшида, дар қалби ҳар як сокини кишвар шуълаи умедро ба фардои ободу осуда фурӯзон сохт. Ин рӯйдоди нодири таърихӣ дар дилу шуури шаҳрвандони кишвар ҳисси эҳтиром ба Тоҷикистони азиз ва муқаддасоти Ватанро устувор гардонда, ба онҳо эътимод бахшид, ки миллати куҳанбунёди тоҷик метавонад танҳо бо ҳамин ғояи наҷотбахш ба ободкориву созандагӣ машғул шавад ва барои ояндагон як Ватани ободу зебо ва шукуфо ба мерос гузорад. Ин дастоварди нодир ҳоло ба сифати ҷузъи таркибии ҳаёти мардуми мо дар пешрафти ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон нақши бузург дошта, моро муваззаф месозад, ки барои ҳифзу гиромидошти он беш аз ҳар вақти дигар саъю талош намоем.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муроҷиатномаи худ ба ҳамватанон, 27 июни соли 1997, аз ҷумла зикр намуда буданд:, ки “ақли солим ва хиради дурбин пирӯз шуд. Рӯзи фархундае, ки онро дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти дурдаст, дар ҳамаи оилаҳо интизор будем, фаро расид. Номаю барқияҳое, ки ба ман мерасанд, баёнгари онанд, ки халқи мо пазмони ин рӯзи саид будааст.

Бо дарназардошти ин рӯҳияи илҳомбахш ва иттиҳоди ҷовидонии миллат айни муддаост, ки рӯзи 27-уми июнро дар кишварамон Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон намоем ва ин санаи фархундаро ҳар сол ба таври умумихалқӣ ид кунем. Ба ин муносибат дар Душанбе бунёд намудани ёдгории Ваҳдати Миллиро амри хайр ва саривақтӣ мешуморам”.

Ин аст, ки ҳар сол 27 — уми июн дар саросари мамлакат Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо шукӯҳу шаҳомати хос ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз роҷеъ ба мушаххасоти ин рӯйдоди таърихӣ, ҳаводиси даҳшатбори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, нақши фарҳангиёну ҳунармандон дар таҳкими ваҳдат ва ризоияти миллӣ, бо чашми ибрат нигаристан ба гузаштаи талхи таърихи ватанӣ, гиромидошти Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба сифати иди умумимиллӣ суҳбатҳои ихтисосӣ анҷом дода мешаванд. Таҷлили ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Ваҳдати миллӣ бо арҷгузории фаъолияту осори намояндагони барӯманди фарҳанги миллӣ ва санаҳои муҳимми таърихӣ аз он ҷиҳат муҳим мебошанд, ки тавассути ин иқдом на танҳо оммаи васеъ, балки аҳли илму эҷод низ амиқтару густардатар ба дарку омӯзиши онҳо фурӯ мераванд.

Зикри як нукта хеле муҳим аст, ки барои таҳкими пояҳои ваҳдати миллӣ ва давлати соҳибистиқлол, пеш аз ҳама, бояд ба ҷавонон сабабҳои сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, оқибатҳои ногувори он, аҳаммияти сулҳу созиш ва ваҳдати миллӣ гаштаву баргашта фаҳмонда шавад, то дар зеҳни онҳо андешаи ваҳдати миллӣ ва садоқат ба ҳадафҳои умумимиллӣ амиқан ҷой гирад.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ёдоварӣ аз таърихи даврони соҳибистиқлолӣ ва истиқрори сулҳу ваҳдат, таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон таъкид дошта буданд, ки «бо гузашти солҳо мо амиқан дарк кардем, ки ваҳдати миллӣ омили муҳимтарини рушди ҷомеа, шарти асосии пешрафти иқтисод ва иҷтимоиёту фарҳанги мардуми мо ба ҳисоб меравад. Маҳз ба ҳамин хотир, мо ҳифзи истиқлолият ва ваҳдати миллиро аз ҷумлаи рисолатҳои инсонии худ мешуморем. Имрӯз бисёр зарур аст, ки мо андешаи сулҳу ваҳдатро ҳамчун рукни боэътимоди истиқлолият ба яке аз ғояҳои давлатдории миллӣ табдил диҳем ва онро миёни наврасону ҷавонон ҳамчун шарти асосии бақои амнияти ҷомеа ва пойдории давлат васеъ тарғиб кунем».

Дар остонаи ин рӯзи фархундаву муборак ҳайати профессорону устодон ва кулли кормандону донишҷӯёни МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» — ро  ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона табрику таҳният гуфта, барояшон хушбахтиву сарбаландӣ ва саодати ҳамешагии рӯзгорро таманно менамоям. Орзуманди онам, ки хуршеди сулҳу ваҳдат бар фарози Тоҷикистони соҳибистиқлол то абад фурӯзон бошад.

 

Муҳриддин НИЗОМӢ,
ректори МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва
санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода»,
доктори илмҳои филологӣ, профессор