(Гузориши иҷмолӣ аз ҷараёни баргузории маҳфили «Ҷаҳони фарҳангӣ» — и кафедраи филология ба муносибати 111-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода)
Дар доираи нақша – чорабиниҳои донишкада ва кафедраи филология 05.05.2022, соати 10:00 дар синфхонаи №20 бо ҳузури устодону донишҷӯён маҳфили илмию эҷодӣ таҳти унвони «Устод Турсунзода – сарвати миллати мо» баргузор гардид.
Маҳфилро бо сухани муқаддимотӣ садри маҳфил Нозим Нуров ифтитоҳ намуда, дар бораи шахсият ва мақоми сиёсӣ, адабӣ, иҷтимоӣ ва мадании устод Турсунзода иҷмолан таваққуф намуда, аз ҷумла, тазаккур дод, ки мавсуф на танҳо дар қаламрави Шӯравии собиқ, балки дар фазо ва муҳитҳои фарошӯравӣ соҳибнуфуз буд.
Устод Турсунзода то имрӯз дар мақоми сарвати миллӣ маҳбубият дорад ва миллати тоҷик бо ин чеҳраи истисноии адабию сиёсӣ ва фарҳангӣ ифтихор мекунад.
Гузашта аз ин, мутолиа ва омӯзиши мероси устод Турсунзода дар шинохти авзои сиёсию геополитикии минтақа ва ҷаҳон ҳатто имрӯз барои мо кумак мекунад. Ин аст, ки мо вазифадорем, ки ҳамчун меросбарони фарҳанги миллӣ дар муаррифии Турсунзода ва насли Турсунзода саҳми муносиб бигирем.
Баъдан, тибқи барномаи маҳфил сухан ба донишҷӯи соли аввали ихтисоси менеҷменти робитаҳои фарҳангии факултаи фарҳангшиносӣ Маҳина Нуралиева дода шуд. Номбурда дар мавзуи “Устод Турснузода – сарвати миллӣ” гузориши илмӣ ироа намуд. Дар гузориш паҳлуҳои гуногуни шахсияти устод Турсунзода мавриди баррасӣ қарор гирифта, гузоришгар ин симои адабию сиёсии даврро ба унвони сарвати миллию мардумии тоҷик ва тоҷикистониён муаррифӣ кард.
Сипас, декани факултаи санъати театрӣ Собир Боев дар мавриди мероси устод Турсунзода мухтасаран сухан карда, порчаеро аз достони “Писари ватан”-и шоир таҳти унвони “Шараф чизи таҷовузнопазир аст” қироат намуд.
Ба ин тартиб, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, устод Тағоймурод Розиқ, Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, мудири кафедраи режиссура ва продюссерӣ Рустам Воҳидов хотироту ёддоштҳояшонро роҷеъ ба устод Турсунзода бо самимияти хос нақл карданд. Дар ин робита, ҳамчунин, устодони кафедраи филология А.Ғоибов, С.Ғафурова, З.Иззатзода ва устоди кафедраи режиссура ва продюссерӣ Санавбар Мирмуллоева изҳори назар намуданд.
Бахши эҷодии маҳфил бо қироати ашъори устод Турсунзода аз ҷониби донишҷӯёни факултаҳои донишкада ҷараён гирифт.
Маҳфилро бо сухани ихтитомӣ садри маҳфил Нозим Нурзода ҷамъбаст намуда, аз ҳозирин, махсусан, донишҷӯён даъват ба амал овард, ки дар омӯзиши осори бузургони миллат аз ҷумла, устод Турсунзода фориғболиву саҳлангорӣ накунанд.
Ҳамчунин, ҳозирини маҳфил пешниҳод карданд, ки ҷашни парвардагони мактаби адабии Мирзо Турсунзода устодон Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ санаи 20-уми май дар “Оромгоҳи Лучоб”-и пойтахт бо ҳузури гуруҳи мунтахаби донишҷӯён ва устодон гузаронида шавад. Хулоса, маҳфил дар рӯҳияи баланди ифтихороти миллӣ баргузор гардид.
Кафедраи филология
05.05.2022