Таҳти ҳамин унвон дар донишкада ба муносибати Рӯзи устод Садриддин Айнӣ бо ҳузури устодону донишҷӯён маҳфили илмию эҷодӣ баргузор гардид.
Дар бахши назариявии маҳфил гузориши илмии омӯзгори кафедра Нозим Нуров дар мавзӯи «Устод Айнӣ дар мақоми рӯшангарии миллӣ» мавриди истимоъ ва баррасӣ қарор гирифт. Гузоришгар доир ба шахсияти устод Садриддин Айнӣ ва ҷойгоҳу мақоми ӯ дар таърихи миллӣ иҷмолан иттилоъ дода, аз ҷумла таъкид кард, ки устод С. Айнӣ аз ибтидои садаи ХХ то охири умр дар масири рӯшангарии миллӣ устуворона гом бардошта, аз миллияти тоҷик дар баробари душманони қавмию сиёсӣ дифоъ кардааст. Устод рӯшангариро ба унвони меъёри зиндагӣ қарор дода, то вопасин рӯзҳои умр дар баробари беадолатии таърихӣ, ҷаҳолату таассуби мазҳабӣ ва хурофоту нодонӣ қад алам кардааст. Ин аст, ки шинохти шахсият ва омӯзиши бардавоми осори устод Айнӣ зарурати таърихию сиёсӣ, давлатӣ, иҷтимоӣ, маданӣ ва миллӣ мебошад.
Баъди анҷоми гузориш устодону донишҷӯён тариқи саволу ҷавоб ва музокира мавзӯи матраҳгардидаро баррасӣ карданд. Дар бахши музокира устодон Р. Воҳидов (мудири кафедраи режиссура), Г. Нуъмонова (мудири кафедраи нутқ ва ҳаракати саҳна), З. Мирзода (мудири кафедраи филология), С. Ғафурова, З. Иззатзода, А. Ғоибов, С. Саидиброҳимова (устодони кафедраи филология) фаъолона ширкат варзида, доир ба паҳлуҳои гуногун ва шахсияту осори устод Айнӣ изҳори назар намуданд.
Бахши эҷодии маҳфилро қироати порчаҳои насрӣ, ки аз осори устод Айнӣ баргузида шуда, аз ҷониби донишҷӯёни шуъбаи актёрӣ иҷро гардид, ташкил дод. Порчаҳои мунтахаб лаҳзаҳои муҳимми зиндагӣ ва ҳаводиси хотирмони рӯзгори миллиро фаро гирифта, аз ҷониби донишҷӯён дар сатҳи баланди эҷодӣ иҷро гардиданд.
Ба ин тартиб, гузаронидани маҳфилу нишастҳои алоҳида ба ифтихори солрӯзу зодрӯзҳои бузургони миллат тақозои замон аст ва дар ин самт минбаъд ҳам кафедраи филология аз рӯйи тавон ва имконот чорабиниҳои илмию фарҳангӣ доир хоҳад кард.
Кафедраи филология