Рафти баргузории имтиҳонҳои давлатӣ дар факултети театр, кино ва телевизион идома дошта, хатмкунандагони шуъбаи санъати актёрӣ намоиши сеюми худро аз рӯи асари «Умед»-и Шодӣ Солеҳ дар санаи 31 май пешкаши ҳайати комиссияи имтиҳони давлатӣ гардониданд. Маврид ба зикр аст, ки хатмкунандагони шуъбаи мазкур чор намоишномаро ҳамчун кори амалӣ аз фанни маҳорати актёрӣ, омода карда, тибқи ҷадвали баргузории имтиҳонҳои давлатӣ  24 май  «Олами вуҳуш» аз рӯи асари Арбоби шоистаи санъати Тоҷикистон А. Қодиров, 27 май «Табиби зуракӣ» аз рӯи асари Ж. Б. Молиерро дар театри таълимии донишкада пешкаши ҳайати комиссияи имтиҳони давлатӣ гардониданд.  Ба рӯи саҳна овардани намоишномаи «Эдип» аз рӯи асари драматурги ҷаҳонӣ Софокл дар таърихи 3 июн дар назар дошта шудааст.

   Намоишномаи «Умед», ки имрӯз дар толори таълимии донишкада рӯи саҳна оварда  шуд, фарогири ҳаёти  имрӯзаи  ҷавонон буда, ишқу муҳаббати поку самимӣ, умед бастану боварӣ доштан  ба фардои нек, муносибат байни ҳамсолон,  тарғиби  донишу маърифат, назари нек ба бунёдкорию созандагӣ ва эҳтироми волидайнро дар бар мегирад.

   Нақши Нилуфар дар иҷрои Таманно Раҷабова ва нақши Аминҷон дар иҷрои  Саидҷон Муродов, ки қаҳрамонҳои асосии намоишнома буданд, бо маҳорати баланди касбӣ иҷро шуд.  Аз чеҳраҳои тамошобинон баръало эхсос мешуд, ки ороиши саҳна ,  мусиқӣ бо тағйир ёфтану авҷ гирифтани воқеа, инчунин  ҳолати  рӯҳии қаҳрамонон диққати онҳоро ба худ ҷалб карда, онҳоро ба андешаҳои гуногун ва хаёлҳои рангин воддор карда буд. Аз ҷумла, ҳолатҳои маъюсию ноумедӣ дар намоишнома, ки дар симои қаҳрамонҳои асосӣ —  Нилуфар —

   Т. Раҷабова, Аминҷон – С. Муродов ба хуби таҷассум ёфта буд, тамошобинро ба ҳолати қарордоштаи  бозигарон мепайваст. Тамошобин дар рафти намоиш гоҳе худро ба ҷои қаҳрамон тасаввур карда, ҳолати рӯҳиаш тағйир меёфт. Ҳамчунин дар намоишнома саҳнаҳои дилхушкунанда низ дида мешуд, ки аз ҳаёти донишҷӯи сарчашма мегирифт.

   Дар намоиши мазкур навоварӣ низ ба назар мерасид. Аз ҷумла, дар нақши падар бо касбияти баланд нақш офаридани  роҳбари бадеии курс, профессор Тағоймурод Розиқов дар ҷараёни намоишнома хеле муассир буд. Воқеан, ҳамкории устод дар саҳнаи театр эътимоди шогирдонро дучанд меафзуд.

   Рӯи саҳна овардани чунин намоишномаҳо аз як тараф касбияти донишҷӯёни соҳаро баланд бардорад, аз ҷониби дигар ҳисси зебоипарастиву ташаккули худшиносиро дар вуҷуди тамошобин инкишоф медиҳад.

Бобоҷон РАҲИМОВ, мудири

бахши  мониторинги сифати

 таҳсилоти ДДФСТ ба номи

Мирзо  Турсунзода