Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баҳри рушду пешрафти тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа шароити созгоре замина гузошт. Ин буд, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар радифи самтҳои гуногуни илму маърифат ба соҳаи китобдорӣ ва масъалаҳои рушди нашри китобҳои таълимӣ дар ҷумҳурӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд. Бояд гуфт, ки китоби дарсӣ дар раванди омӯзиш аз муҳимтарин объекти таълимот ба шумор меравад. Зикр намудан ба маврид аст, дар даврони соҳибистиқлолии кишвар рушди таҳияи маводи таълимӣ аз ҷумла нашри китобҳои дарсӣ рӯ ба беҳбуди ниҳодааст.

   Раёсати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода барои дар амал татбиқ намудани сиёсати фарҳангии кишвар ва дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сурҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат дар самти маърифатноккунии ҷавонон ва мутахассисони оянда пайваста тадбирҳои муассир меандешанд. Ташкил ва баргузории озмун ва маҳфилҳои шеъру сурудхонӣ дар байни донишҷӯён, такмили фонди китобии китобхона бо адабиёти тозанашр ва ғайра, аз ҷумлаи табдирҳое мебошанд, ки таҳти дастуру ҳидоятҳои Ректори Донишкада, доктори илмҳои фалсафа, узви вобастаи АИ ҶТ Усмонзода Хайриддин Усмон доиман амалӣ мегарданд.

   Ҳамчунин, ишора намудан ба маврид аст, ки саҳми сарвари Донишкада дар ғанӣ гардонидани фонди китобии китобхна баҳри боз ҳам беҳтару хубтар ба роҳ мондани раванди таълим назаррас аст.

   Мудирияти Китобхонаи илмии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ба таваҷҷуҳи тамоми донишҷӯён ва омӯзгорон мераснад, ки бо ташабуси Раёсати Донишкада як силсила китобҳои дарсиро, ки аз ҷониби мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои донишоҷӯёни факултетҳои ғайриихтисосии муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар тавсия шуда ва ба тозагӣ рӯйи чоп омадаанд, пениҳод менамояд. Бояд қайд кард, ки тамоми аз ин китобҳо дар асоси барномаҳои таълимӣ таҳия гардидаанд, ки тафсилоти номгӯйи китобҳо чунинанд:

СИЁСАТШИНОСӢ

(китоби дарсӣ)


   Аз рӯи нигориш ва маълумотҳои муҳаққиқон илмҳои сиёсӣ таърихи зиёда аз дуҳазорсола доранд, вале ҳамчун фанни мустақили таълимӣ дар мамолики ғарб тӯли садсоли охир омӯзонида мешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши илми сиёсатшиносӣ ҳамчун фанни таълимӣ пас аз ба даст омадани истиқлолияти сиёсӣ дар сохтори Муассисаҳои таълимии макотиби олӣ роҳандози гардид. Бояд қайд кард, ки дар замони имрӯза донистани фанни сиёсатшиносӣ яке аз омилҳои муҳими маърифатнокии умумии ҳар як нафар, бахусус мутахассисони оянда махсуб меёбад.

   Омӯзиши фанни мазкур яке аз воситахои муҳимтарини иҷтимоикунонии шахс ва ташаккули маданияти сиёсӣ ба шумор меравад. Муҳимтарин ҷанбаи фанни сиёсатшиносӣ муайян намудани моҳияти фаъолияти сиёсӣ мебошад. Фанни мазкур барои донишҷуён методологияи таҳлили ҳаёти сиёсӣ, ҷаҳонбинии васеъ ва алоқамандии донишҳои сиёсиро фароҳам меоварад. Ҳамчунин, фанни сиёсатшиносӣ дар раванди таълиму тарбия дар зеҳну тафаккури донишҷуён худшиносию худогоҳии миллӣ ва зиракии сиёсиро устувор менамояд.

   Китоби мазкур дар асоси нақшаи таълимӣ ва барномаи таълимӣ барои факултетҳои гайриихтисосии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат омода шудааст. Муаллифон ба методика ва усулҳои таълими илмҳои сиёсӣ такя намуда, сарчашмаҳои илмии гуногунро мавриди истифода қарор додаанд. Махсусан, инъикоси равандҳои сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баъзе мавзуъҳои нав бори нахуст барои донишҷӯён пешниҳод мегарданд.

ДИНШИНОСӢ

(китоби дарсӣ)

    Дар таҳсилоти олии касбӣ фанни диншиносӣ дар аксари ҷумҳуриҳои собиқ шуравӣ чун фанни таълимӣ ҷорӣ гардидааст. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол низ таълими ин фан ба роҳ монда шуда, стандарта фаннӣ ба барномаи он муқаррар шуданд. Китоби дарсии «Диншиносӣ» дар асоси хамин стандарт ва барномаи қабулшуда омода гардидааст. Умед аст, ки донишҷуён дониши заруриро дар бораи дин аз ин китоб ҳосил мекунанд ва китоби мазкур ба ташаккули андешаи илмии онҳо оид ба дин кумак менамояд.

   Китоби мазкур масъалаҳои муҳими диншиносиро фаро шрифта, моҳияти динро ҳамчун зухуроти ҷамъиятӣ ба таври комплексӣ аз назари илмӣ-фалсафӣ равшан месозад. Дар он назарияҳои диншиносӣ, алалхусус соҳаҳои диншиносии муосир — фалсафаи дин, сотсиологияи дин, психологияи дин, феноменологияи дин, таърихи дин шарҳу баёни худро пайдо кардаанд. Он талаботи методологиям муосири диншиносӣ ва меъёри таълими ин фанро дар бар гирифтааст.

   Китоби мазкур барои донишҷуён ва онҳое, ки ба масъалаҳои диншиносӣ таваҷҷуҳ доранд, тавсия карда мешавад.

СОТСИОЛОГИЯ

(китоби дарсӣ)

   Бори аввал “Сотсиология” ба ҳайси китоби дарсии мукаммал барои донишчуёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз тарафи олимони шинохтаи ҷумҳурӣ таҳия ва ба хонандагон пешнихрд мегардад. Дар китоби мазкур мафҳуми сотсиология, таърихи пайдоиш ва рушд, назарияҳо ва амалияи сотсиология, методҳои тадқиқоти сотсиологӣ ва муҳиммияти омӯзиши ин фан барои донишҷуён мавриди таҳлилу омузиш қарор гирифтааст.

   Китоби дарсии «Сотсиология» барои истифода ба донишҷуёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, магистрону аспирантон ва институтҳои такмили ихтисоси соҳавӣ, марказҳои тадқиқотҳои сотсиологӣ, мутахассисони касбӣ ва доираи васеи хонандагон пешниҳод мешавад.

   Боварӣ дорем, ки китоби мазкур аз ҷониби муҳаққиқони соҳа, донишҷуён, омузгорон ва кулли ҳаводорон баҳри ба даст овардани донишҳои васеъ оид ба ҳаёти ҷоме, хуб қабул мегардад.

АХЛОҚ ВА ЗЕБОИШНОСӢ

(китоби дарсӣ)

   Шиносоӣ бо илми ахлоқ — бо таърих ва саволҳои азалии он — барои хар як инсони оқил, барои беҳтару амиктар шинохтани худ ва дигарон, барои дидани ҳодисаҳо ва дар амал татбиқ намудани озодиҳои худ шарт ва зарур мебошад. Дар китоб андешаҳои мутафаккирон дар бораи масоили гуногуни ахлоқ ва зебоишиносӣ: пайдоиш, инкишоф, ташаккул ва таҳаввули андешаҳои ахлоқӣ ва зебоишиносӣ (мактабҳо, ҷараёнҳо), ҳунар ва гуруҳбандии он, категорияҳо аз марҳалаҳои аввалини инкшиофи таърихии он дар тамаддунҳои Шарқ ва Юнони Қадим, Аврупо cap карда, сайри таърихии он дар байни халқҳои гуногуни олам аз қадим то замони муосир маълумоти зарурӣ фароҳам омадааст. Китоб аз се қисмати асосӣ — ахлоқ, ахлоқӣ амалӣ ва зебоишиносӣ иборат буда, донишҷуёнро бо мавзӯъҳои дар барномаи таълимии пешбинишудаи ин фанҳо шинос менамояд.

   Як ҷиҳати фарқкунандаи китоби дарсӣ дар он аст, ки муаллифон кушиш намудаанд, ки таваҷҷуҳи хонандагонро бештар бо андешаҳои ахлоқӣ ва зебоишиносии мутафаккирони машҳури олам ва аз ҷумла, тоҷику форс ҷалб намоянд. Ишора намудан ба маврид аст, ки мавзӯҳои дар ин китоб оварда мантикан ба ду қисмат: таърихӣ ва назариявӣ ҷудо мешаванд. Қисмати таърихӣ тибқи мантиқи инкишофи ин илмҳо тавассути мушкилоти ахлоқӣ ва зебоишиносие, ки инсон дар сайри камолот ва худшиносии худ бо онҳо рӯ ба рӯ омадааст, мураттаб шудаанд. Дар қисмати дувум мушкилоти ахлокӣ ва зебоишиносӣ тибқи раванди инкишофи таърихии онҳо пешниҳод гардидаанд.

АСОСҲОИ ОМОДАГӢ БА ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА ВА МУДОФИАИ ҒРАЖДАНӢ

(китоби дарсӣ)

   Китоби дарсии «Асосҳои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ» дар асоси барномаи омода намудан ва омузонидани донишҷуёни мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода гардидааст. Дар он ба тариқи мухтасар маълумот оид ба омилҳои асосии пайдошавии офатҳои табиӣ ва дигар офатҳои бавуқуъомада, тавсифи онҳо, амалиёти аҳолӣ ҳангоми хатари ин гуна ҳодисоти характери тибиӣ ва техногенӣ дошта, инчунин маълумоти умумӣ оид ба воситаҳои имрузаи зарбазан ва амалиётҳои аҳолӣ дар ин мавридҳо оварда шудааст.

   Китоби дарсии “Асосҳои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ” яке аз фанҳои асосӣ барои омода намудан ва омузонидани донишҷуёни шуъбаҳои рӯзонаи мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст. Таълими фанни мазкур бо дарназардошти вазифаҳои махсуси системаи ягонаи давлатии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода, инчунин системаи мудофиаи гражданӣ дар мактабҳои олӣ чун иншооти иқтисодӣ ҳал шуда, бо истифодаи заминаи таълимӣ ташкил карда мешавад.

КОНСЕПСИЯҲОИ ТАБИАТШИНОСИИ МУОСИР

(китоби дарсӣ)

   Табиатшиносӣ маҷмуи илмҳо дар бораи ҳодисаҳо ва қонунҳои табиат мебошад. Калимаи «табиатшиносӣ» аз калимаӣои «табиат» ва «шинохт» гирифта шуда, маънои донистани табиатро дорад. Дар замони ҳозира дойр ба соҳаи табиатшиносӣ маводи илмии хеле зиёде мавҷуд мебошад ва баёни онҳо дар ин фанни таълимӣ имконнопазир аст. Бинобар ин танҳо консепсияҳои табиатшиносии муосирро баррасӣ менамоем.

   Китоби дарсии ҳозир дар асоси лексияҳое, ки муаллифон дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мехонанд, навишта шудааст. Он мувофиқи стандартҳои давла­тии маълумоти касбӣ барои ихтисосҳои иқтисодию гумани­тарию ҳуқуқшиносии мактабҳои олӣ мураттаб гаштааст. Мақсади китоби дарсӣ ба донишҷуён дастрас намудани консепсияҳои асосии табиатшиносӣ ва нишондодани ягонагии қонунҳои амалкунандаи ҷамъияту табиат мебошад.

   Дар асари мазкур барои мустаҳкам намудани дараҷаи азхудкунии маводҳои таълимӣ дар охири мавзӯъҳо саволҳо барои такрор оварда шудаанд.

ЭКОЛОГИЯ

(китоби дарсӣ)

   Экология яке аз соҳаҳои муҳимми илми биология буда, муносибати мавҷудоти зиндаро байни ҳамдигар ва ба муҳити зист, ҳамчунин муносибати инсонро ба биосфера меомузад. Дар баробари ин илми экология масъалаҳои пажуҳиш, идора ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиатро муайян карда, асоси донишҳои таъминкунандаи мувозинати экологии табиат ва ҷомеа мебошад.

   Омухтани захираҳои таби­ат ва муносибати оқилона ба истифодаи онҳо боиси пешрафти зиндагии шоиста мегардад. Аз ин рӯ, таълими фанни экология барои муҳассилини ҳамаи зинаҳои таҳсилот, бахусус донишҷуёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ зарур дониста мешавад.

   Китоби “Экология” дар асоси барномаи таълимии фанни экология барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи таҳсилоти олии касбӣ таҳия шудааст.

   Умедвор ҳастем, ки ин асари таълимии «Экология» барои хонандаи муҳтарам писанд омада, дар пайдо намудани маълумоти зарурӣ дойр ба вазъи табиату сарватҳои он ва аз бар кардани донишҳои экологӣ кумак мерасонад.

ГЕОГРАФИЯИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН БО АСОСҲОИ ДЕМОГРАФИИ ОН

(китоби дарсӣ)

   Омузиши фанни «Географияи иқтисодии Тоҷикистон бо асосҳои демографии он», ниҳоят муҳим мебошад, зеро он дар баробари дигар фанҳои ҳатмии таълимӣ, дар нақшаи таълимии муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ворид гардидааст. Мақсади омузиши фанни “Географияи иқтисодии Тоҷикистон бо асосҳои демографии он” ҳамчун илм ба донишҷуён додани донишҳои географӣ оид ба табиат ва сарватҳои табиӣ, ахолӣ ва захираҳои мехнатӣ, инкишофи хоҷагии халқ ва окилона истифода бурдани сарватхои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист дар ҳудуди ҷумҳурӣ мебошад.

   Китоби мазкур дар асоси тағйироти куллие, ки дар раванди гузариш ба муносибатҳои нави иқтисодию иҷтимоии мамлакат ба назар мерасанд, навишта шуда, барои донишҷуёни ғайриихтисоси муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки дар шароити низоми кредитӣ таълим мегиранд, пешбинӣ шуда, дар асоси “Барномаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ” таҳия шудааст.

ИНФОРМАТИКА:иборат аз 2 қисм

(китоби дарсӣ)

   Информатика илмест, ки доир ба хосиятҳои иттилоот ва қонуниятҳои равандҳои иттилоотӣ баҳс мекунад.

   Имруз ягон ҷабҳаи зиядагиро бе истифодаи воситаҳои электронӣ тасаввур кардан мумкин неет. Дигаргуниҳои ҷаҳони муосир аз он дарак медиҳанд, ки инсоният ба ҷомеаи итгилоотӣ наздик гардидааст. Олами компютер ва системаҳои иттилоотӣ мунтазам рушд ёфта, тахайюлоти дирӯзаи моро ба воқеият табдил дода истодаанд.

   Донишҷӯён дар равадди омӯзиш ва таълим аз рӯи китоби дарсии “Информатика” онҳо ба объектҳои асосии информатика — иттилоот, компютер, системаи амалиётӣ ва барномаи татбиқӣ бо диди нав баҳо дода, технологияҳои коркарди матн, адад, график, савту садо, истифодаи Интернет, почтаи электронӣ, ҳифзи иттилоот ва қоидаҳои зист дар ҷомеаи иттилоотиро аз нигоҳи касбӣ ба роҳ хоҳанд монд.

   Дар китоб маводди зиёди назариявӣ дойр ба иттилоот ва ҷомеаи иҷтимоӣ-иттилоотӣ пешкаш шудааст. Вобаста ба он ки шумо бо иттилоот чӣ гуна кор карда метавонед, на танҳо ояндаи худ, балки ояндаи миллат ва мамлакатро муайян хоҳед кард.

ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

(китоби дарсӣ)

   Китоби дарсии “Забони тоҷикӣ” дар асоси барномаи таълими барои донишҷӯёни гуруҳҳои тоҷикиии ихтисосҳои ғайрифилологии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ навишта шуда, масоили сайри таърихии забони тоҷикӣ, ҷойгоҳи сухан дар ҷомеа ва мушкилоти имлоро фаро гирифтааст.

   Устодону донишҷӯён барои дастрасӣ ба ин китобҳо метавонанд ба Китобхонаи илмии Донишкада муроҷиат намоянд ва худро дар рӯйхати аъзогии доимии китобхона ба қайд гиранд.

   Инчунин, маъмурияти Китобхонаи илмии Донишкада тасмим гирифтааст, ки тамоми аз ин китобҳои дарсиро бо шакли электронӣ баргардон намуда, дар захираи электронии китобхона ҷойгир намояд. То имрӯз аз ҷониби кормандони китобхона як қисми аз ин китобҳо ба шакли элетронӣ баргардон шудаанд.

   Замонае фаро расидааст, ки доир ба ҳар як риштаи илм китобхонаҳо дар алоҳидагӣ бунёд гардидаанд ва роҷеъ ба ҳар як масъала ва саволҳо китобҳо ба нашр мерасанду метавонем талаботи худро қонеъ гардонем. Бинобар ин насли ҷавони имрӯзаро зарур аст бештар омӯзанду амал намоянд ва роњи китобхона ва интихоби адабиётро дониста бошанд. Чунки роҳе, ки моро сӯй андешаи неку олами  рӯҳӣ  ва  ғоявию  ахлоқӣ ҳидоят месозад ин мутолиаи китоб аст.

  Сайзароб Надиров, мудири Китобхонаи илмии

ДДФСТ ба номи
Мирзо Турсунзода

 

Чоп кунед