Истиқлолият Тоҷикистонро ба ҷаҳон ва ҷаҳонро бо Тоҷикистон наздику қарин гардонд. Сиёсати «дарҳои кушода» ва густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд обрӯ ва мақоми Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошт.
Тоҷикистон маҳз ба шарофати истиқлолият ҳамчун узви бонуфузи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид ва дар харитаи сиёсии ҷаҳон бо ҳама махсусиятҳои давлатдории муосир арзи ҳастӣ намуд. Истиқлолияти давлатӣ дар як муддати кӯтоҳ тавонист дар афкору андешаи ҷомеа тағйироти куллӣ ворид намояд. Аз ҷумла, самтҳои гуногуни фарҳанг, махсусан фарҳанги китобу китобдорӣ дар даҳсолаи охир хеле рушду равнақ ёфт.
Таваҷҷуҳи Ҳукумати Тоҷикистон ба китобу китобдорӣ тадриҷан яке аз заминаҳои мустаҳками рушди соҳа гардид. Китобу китобдории тоҷик ҳамчун соҳаи мустақил дар замони истиқлолият рушди бемайлон намуд.
Аз як тараф барои заминаи моддиву иқтисодӣ ва ҳуқуқии рушди соҳаи мазкур Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имконоти васеъ фароҳам оварда бошад, аз ҷониби дигар дар таҳкими назариявӣ, илмӣ — методӣ ва амалии он муҳаққиқону мутахассисони соҳа саҳми бориз доранд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни маросими гузоштани хишти аввали бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон, 4 сентябри соли 2007, аз ҷумла иброз доштанд: «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди фаъолияти китобдорӣ дар мамлакат минбаъд низ тадбирҳои судманд меандешад». Ҳамчунин, Сарвари давлат дар ҳамин маросим эълон намуда буданд, ки аз ин баъд ҳар сол 4 сентябр ҳамчун «Рӯзи китоб» таҷлил карда шавад. Инак, соли 12 — ум аст, ки Рӯзи китоб дар кишвари мо таҷлил мегардад ва дар доираи ин ҷашнвора Намоишгоҳи байналмилалии китоби Душанбе низ доир мешавад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 26 декабри соли 2019, ба масъалаи китобу китобдорӣ, мутолиаи китоб, бавижа китобҳои бадеӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, таъкид карданд, ки «Китобхонаҳо бояд ба маркази муҳими илму фарҳанг табдил дода шаванд, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад».
Дар ин росто, Пешвои миллат ба вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, сохторҳои илмӣ, роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот дастур доданд, ки ба хотири баланд бардоштани сатҳи маънавиёти аҳолӣ чопи китобҳои бадеиро зиёд намуда, дар як сол хондани на камтар аз панҷ китоби бадеӣ ва ҳифзи асарҳои манзуму мансури адибони гузаштаву муосирро барои калонсолону хонандагон ба роҳ монанд ва иҷрои онро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд. Дар ин замина Президенти мамлакат аз он изҳори нигаронӣ намуданд, ки дар солҳои 2014-2019 аз ҳисоби Вазорати маориф ва илм қариб 6 миллион нусха ва аз ҳисоби Вазорати фарҳанг беш аз 2 миллион нусха китобҳои бадеӣ ба нашр расида бошанд ҳам, вале як қисми онҳо ба гардиш ворид нагардида, то ҳол дар анборҳо нигоҳдорӣ мешаванд.
Ба андешаи мо, барои хуб ба роҳ мондани фарҳанги китобу китобхонӣ, ду корро бояд анҷом дод: нахуст, таҳқиқоти ҷомеу амиқи илмӣ роҷеъ ба вазъияти китобхонӣ дар Тоҷикистон сурат бигирад, то омилҳои паст шудани сатҳи китобхонию китобдӯстӣ муайян шаванд; дувум, баъд аз анҷоми таҳқиқи ҳамаҷонибаи ин масъала бо ҷалби мутахассисони соҳаи китобдорӣ барномаи вижаи тавсеаи фарҳанги китобхониро дар ҷомеа бояд таҳия кард ва барои иҷрои он шароити мусоид фароҳам овард. Вазорату идораҳои дахлдор бояд барои тарғибу ташвиқи китобу китобхонӣ корҳои амалию таъсирбахшро анҷом диҳанд. Роҷеъ ба ин масъала дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бояд ҳафтае як соат барои мутолиаи китоб ҷудо карда шавад, то наврасону ҷавонон бо фарҳанги китобхонӣ ошно шаванд.
Бо муаррифии шахсиятҳои барӯманди миллати тоҷик, ки мавқеи китобу дониш дар зиндагии онҳо хеле барозанда аст, бояд доштани китобхонаи шахсӣ чун яке аз нишонаҳои мусбати хонаводаҳо аз ҷониби расонаҳо, бавижа телевизионҳои давлатӣ, таблиғ шаванд. Имрӯз муҳимтарин омили пешрафти ҷомеа доштани дониш ва иттилооти фаровон аст. Ин иттилооту донишҳо фақат бо роҳи мутолиаи китоб ва дигар воситаи илмию адабӣ ба даст меояд. Аз ин рӯ, роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шудаанд, ки бо мақсади зиёд кардани фонди китоб барои китобхонаҳои соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ маблағҳои зарурӣ ҷудо намоянд.
Барои хизматрасонии хуби китобхонавӣ ба қишрҳои гуногуни ҷомеа дар амал татбиқ намудани пешниҳодҳои зеринро амри воқеӣ меҳисобем:
— ба талаботи рӯз мувофиқ гардондани намуди берунӣ ва дохилии ҳамаи китобхонаҳои давлатию оммавӣ;
— дар роҳравҳо ва пештоқи китобхонаҳо насб намудани овезаҳо ва шиорҳо дар васфи китобу китобдорӣ;
— бо мутахассисони баландихтисоси соҳа таъмин намудани китобхонаҳо;
— дар китобхонаҳои марказии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ташкил намудани гӯшаҳои бахшида ба адабиёти нодир;
— ташкили овезаи китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров дар ҳар як муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, бавижа дар китобхонаи мактабӣ;
— барои ҷалби бештари хонандагон ба мутолиаи китоб дар китобхонаҳои давлатию оммавӣ ташкил намудани озмуни «Хонандаи беҳтарин»;
— таъмини пурраи китобхонаҳои давлатию оммавӣ бо технологияи муосири иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ;
— барои хизматрасонии хуби китобхонавӣ ба хонандагони осебпазир ташкил намудани китобхонаи сайёр;
— ғанӣ гардондани фонди китобхонаҳои давлатию оммавӣ бо адабиёти тозанашр.
Таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан тарғиб ва ташвиқ намоем. Пешвои миллат дар Паём иброз намуданд, ки бахусус, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои иттилоотӣ рӯ овардан ба таърих ва огоҳ будан аз аслу насаби хеш барои ҳар як фарди миллат, хусусан, насли наврасу ҷавон зарур ва ҳатмӣ мебошад.
Дар идомаи ироаи Паём Пешвои муаззами миллат ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби «Тоҷикон» — ро аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда, то ҷашни 30 — солагии истиқлолияти давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа намояд. Сарвари давлат вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг ва Академияи илмҳоро вазифадор намуданд, ки китоби мазкурро ба забонҳои байналмилалӣ тарҷума ва чоп карда, нусхаи электронии онро тавассути шабакаҳои иттилоотӣ паҳн созанд.
Фикр мекунам, ки дар шароити кунунӣ, яъне замоне, ки ҳар як фарди ҷомеа ба худшиносӣ ва ҳифзи хотираи таърихии худ беш аз пеш ниёз дорад, чопи ин шоҳасар ва дастраси тамоми мардуми кишвар гардонидани он ба густариши эҳсоси ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва болоравии сатҳи маърифатнокии ҷомеаи мо ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард.
Шоистаи зикр ва таҳсин аст, ки ҳар як иқдом ё санае, ки аз олами афкору андешаҳои сабзу созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи вуҷуд мекунад, боиси болоравии маънавиёти мардум, бахусус насли ҷавони имрӯза ва умуман қишрҳои мухталифи ҷомеа мегардад.
Ҳамзамон, Сарвари давлат пешниҳод намуданд, ки ҳар сол озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» ва «Тоҷикистон- Ватани азизи ман» миёни таълимгирандагони муассисаҳои томактабӣ, мактабҳои ибтидоӣ ва миёна, муассисаҳои олӣ ва ба ин восита ҷалб намудани ҷомеа ба китобу китобхонӣ доир карда шаванд. Дар ин баробар масъулонро муваззаф сохтанд, ки минбаъд фаъолияти хуби китобхонаҳоро дар мақомот, ташкилотҳо, муассисаю корхонаҳо ва ҷамоатҳои деҳот таҳти назорат гирифта, китобхонаҳо созанд ва онҳоро бо китобҳои бадеӣ ва тарҷумашуда аз адибони ватанию ҷаҳонӣ таъмин намоянд.
Тавре аз мушоҳидаҳо ва суҳбату вохӯриҳо бо устодону донишҷӯён бармеояд, ин иқдоми навбатии Сарвари давлат муҳим ва саривақтӣ мебошад. Зеро китоб яке аз беҳтарин офаридаҳои инсон буда, тавассути он насли имрӯза аз таҷрибаи гузаштагон баҳраманд гардида, афкору андешаи худро барои ояндагон ба мерос мегузорад. Ҳамзамон, китоб яке аз сарчашмаҳои муҳимтарини хештаншиносӣ ва ифтихори миллӣ маҳсуб меёбад.
Дар ин замина мо — кормандони Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дастуру ҳидоятҳоеро, ки аз Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, сармашқи фаъолияти хеш қарор дода, дар тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи китобхонию китобдӯстӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи худшиносию худогоҳии онҳо саҳми арзандаи худро мегузорем.
Зафари ШАРИФ,
мудири кафедраи
китобхонашиносӣ ва
библиографишиносии
ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода.