Дар толори  «Арғунун»-и Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода       маҷлиси ҳисоботии  Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Оламафрӯз»-и донишкада баргузор гардид. Дар ҷаласа ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ, тавзеҳоти нуктаҳои Пайёми Пешвои муаззами миллат, тасдиқи нақшаи корӣ барои соли 2022 ва масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

     Ба ҷаласа раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Оламафрӯз» доктори илмҳои филологӣ, профессор  Низомӣ Муҳриддин Зайниддин  ҳусни ифтитоҳ бахшид. Мавсуф зикр намуд,  ки дар давраи ҳисоботӣ ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Оламафрӯз» фаъолияти худро дар асоси дастуру ҳидоятҳои Раиси Ҳизби Ҳалқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳҳмон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои оинномавию барномавии ҳизб, мутобиқи нақшаи корӣ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба роҳ монд. Дар давраи ҳисоботӣ як қатор чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ, мизҳои мудаввар ва суҳбату вохӯриҳо доир гардиданд. Маврид ба зикр аст, ки дар давраи ҳисоботӣ ҳашт маротиба нуктаҳои асосии Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ширкати доираи васеи омӯзгорону донишҷӯён ва меҳмонон дар толори консертии донишкада мавриди омӯзиши амиқ қарор гирифтанд. Дар рӯзномаҳои «Баҳори Аҷам», “Адабиёт ва санъат”, “Ҷумҳурият” ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз рафти ин чорабиниҳо гузоришҳо  ба табъ расиданд. Ректори донишкада иброз намуданд, ки Паёми Сарвари давлат ба таври алоҳида дар факултаҳои донишкада низ мавриди омӯзиш қарор гирифтанд. Дар давраи ҳисоботӣ аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Оламафрӯз» дар аксияи «Ҷавонони соҳибистеъдод- пайравони  Пешвои миллат» саҳми арзанда гузоштанд. Дар аксияи мазкур дастаҳои ҳунарӣ ва омӯзгорон низ бо номераҳои консертӣ баромад карданд. Қобили тазаккур аст аст, ки аъзои Ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Оламафрӯз» ҳамроҳи омӯзгорон ва донишҷӯёни донишкада дар аксияҳои ниҳолшинонӣ, ки бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баргузор гардид, дар чанд маҳаллаи ноҳияи Сино фаъолона ширкат варзиданд.

     Қабули аъзоён ба сафи ҳизб яке аз масъалаҳои умда ба ҳисоб меравад. Дар давраи ҳисоботӣ чанд нафар омӯзгорони ҷавони донишкада бо аризаи шахсиашон ба сафи ҳизб шомил гардиданд.

     Дар кори ҷаласа  муовини раиси Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Қурбонзода Убайдулло Маҳмадалӣ андешаронӣ намуда, фаъолияти ташкилотро дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш ҳисобид.

 

Дар охири ҷаласа ба чанд аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Оламафрӯз” Сипосномаи Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе супурда шуд.

 

Б. САЙФУЛЛОЗОДА