5-уми августи соли равон дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” бо атташеи фарҳангии навтаъйингардидаи сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон Ораш Бориз вохӯрӣ баргузор гардид.

   Ораш Бориз аз муносибатҳои фарҳангии ду кишвари ҳамҷавор изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр намуд, ки баҳри тақвияти ҳамкориҳои  мутақобилан судманд дар самтҳои омӯзиш, ҳунар, фарҳанг, сайёҳӣ ва рӯзноманигорӣ талош хоҳад кард.

   Ректори донишкада, профессор Муҳриддин Низомӣ тазаккур дод, ки дар доираи Созишномаи ҳамкорӣ  миёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва  (Донишкадаи ҳунарҳои зебои Кобул), ки 19 декабри соли 2018 ба имзо расида буд, як қатор чорабиниҳои муҳим, аз ҷумла баргузор намудани симпозиумҳо, конфронсҳо, семинарҳо, ҳамзамон табодули адабиёти илмӣ ва иштирок дар ҷашнвораҳои ҳунарӣ дар мадди назар  гирифта шудааст. Муҳриддин Низомӣ дар бораи самтҳои асосии фаъолияти донишкада маълумоти муфассал ироа дошта, зимнан тазаккур дод, ки ба тасвиб расидани санади мазкур дар тавсеаи равобити фарҳангии дуҷониба такони ҷиддӣ мебахшад.

   Муҳриддин Низомӣ ва Ораш Бориз оид ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳашон табодули афкор намуданд.

Додоҷон РӮЗИЕВ