Имрӯз дар толори Шурои олимони донишкада байни Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” ва Донишкадаи давлатии кинематографияи умумироссиягии ба номи С. Герасимов (ВГИК) созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки муҳлати ҳамкориҳои мутақобилан судмандро барои панҷ соли дигар тамдид менамояд.
Созишномаи ҳамкориро ректори Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода”, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ ва ректори Донишкадаи давлатии кинематографияи умумироссиягии ба номи С. Герасимов профессор Владимир Малишев ба имзо расониданд.
Ректори донишкада доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ меҳмононро ба донишкада хайрамақдам гуфта, аз ҳамкориҳои судманди дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид намуд, ки ҷиҳати боз ҳам дар сатҳи беҳтар қарор додани ин ҳамкориҳо чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Инчунин, гуфта шуд, ки барои омода намудани мутахассисони соҳаи фарҳангу санъат бояд аз таҷрибаи ҳамдигар истифода бурда, дар асоси созишномаи ҳамкории баимзорасида сафарҳои кории устодони ҳарду тараф ба муассисаҳои якдигар анҷом дода шаванд.
Ректори Донишкадаи давлатии кинематографияи умумироссиягии ба номи С. Герасимов профессор Владимир Малишев дар навбати худ иброз дошт, ки дар замони муосир соҳаи кино яке аз соҳаҳои тарақикардаи ҷаҳон ба ҳисоб меравад ва соҳаи кинои ҳарду кишвар таърихи муштарак ва алоқамандии зич доранд. Имрӯз дар баробари он, ки техникаву технологияи наву муосир ва барномаҳои гуногуни компютерӣ барои омода намудани кино мавриди истифода қарор мегиранд, инчунин, мебояд дар муассисаҳои таълимӣ кадрҳои хуби соҳаи киносозӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнати ҷаҳонӣ омода карда шаванд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар асоси созишномаи ҳамкории баимзорасида баргузор намудани чорабиниҳои муштараки илмӣ, фарҳангӣ, маърифатӣ, эҷодӣ, омодасозӣ ва бозомӯзии кадрҳо, таҷрибаомӯзии илмӣ ва такмили ихтисоси кормандони илмӣ-педагогӣ, тайёр кардани мақолаҳои муштараки илмӣ, ташкил ва гузарондани фестивалҳо, озмунҳо, шабҳои эҷодӣ, намоишҳо ва ғайраҳоро ба таври густурда ба роҳ монанд.
ҚУДРАТОВ Сино