Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» бахшида ба Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки сардори раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Орифӣ Озар Баҳромзода, ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯёни донишкада маҳфили эҷодии шеъру суруд таҳти унвони “Маснавихонӣ” баргузор гардид.
Нахуст ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ меҳмонон ва аҳли нишастро ба донишкада хайрамақдам гуфта, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ табрику таҳният намуда, риштаи суханро ба сардори раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Орифӣ Озар Баҳромзода дод.
Сардори раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Орифӣ Озар Баҳромзода иштирокдорони маҳфилро ба муносибати Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ муборакбод намуда, оид ба рӯзгор ва ҷойгоҳи ин шоир, ориф ва мутафаккири бузург андешаҳояшро баён намуд. Мавсуф аз ҷумла иброз дошт, ки назми оламгир, афкору андешаи бунёдӣ ва фалсафаи инсондӯстонаи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар Шарқу Ғарб маъруф гашта, мардум дар саросари олам осори ӯро меписанданд ва мутолиа мекунанд. Осори ҷовидонаи ӯ имрӯз ба даҳҳо забони гуногуни ҷаҳон тарҷума шуда, дар интиҳои асри XX дар радифи даҳ китоби сертеъдод ва хонотарини аҳли олам қарор гирифтааст. Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашн гирифтани 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, ҳар сол дар рӯзи мавлуди ин нобиғаи беҳамто таҷлил намудани Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва баргузор намудани озмуни “Маснавихонӣ” аз сиёсати фарҳанпарваронаи Сарвари кишвар дарак медиҳанд. Мо — тоҷикон дар қатори дигар миллатҳои мутамаддини олам осори ин пири хирадро меомӯзем, ташвиқ месозем ва бо он ифтихор менамоем.
Дар қисми илмии ҳамоиш бошад, бахшида ба Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ маърузаҳои устодони донишкада оид ба рӯзгор ва осори Мавлоно ироа гардиданд.
Нахуст ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ дар мавзуи “Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва Аттори Нишопурӣ” андешаҳояшро баён намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммад ибни Баҳоуддин Муҳаммад ибни Ҳусайни Хатибии Балхӣ ба ҳайси яке аз бузургмардони фарҳанги форсизабонон ва ҷаҳон беш аз ҳаштсад сол аст, ки мардумро шефтаи рафтору гуфтору осори безаволи хеш менамояд. Ин нукта мусаллам аст, ки ҳар кӣ ба ҷид осори Мавлоноро мутолиа намояд, ҳамоно бештар мабҳути ақволу афкори пурвусъати ӯ гардида, ошиқонаю содиқона дар паи такрору талқини ашъори зебои ӯ мешавад.
Бо ин ҳама ҷои тардид нест, ки дар камолоти маънавии Мавлоно шахсиятҳои бузурги адабию ирфонии гузаштаю муосири ӯ нақши муассире доранд, ки ҳам худи Мавлоно ва ҳам муаллифони сарчашмаҳои адабию ирфонӣ ин нуктаро таъкид кардаанд. Аз миёни адибону орифони пешин беш аз ҳама Ҳаким Саноӣ ва Аттори Нишопурӣ дар зиндагию афкори Мавлоно таъсири азим доранд.
Шайх Фаридуддин Аттори Нишопурӣ орифи номвари қарни 12 баъд аз Саноӣ хидмати бузурге дар адаби ирфонии форсу тоҷик намудааст. Робитаи Мавлоно бо Аттор бино ба ривояти сарчашмаҳо ҳанӯз аз замони хурдсолии ӯ оғоз ёфтааст. Аз рӯи ривояти Давлатшоҳи Самарқандӣ ва Абдурраҳмони Ҷомӣ ҳангоме ки Мавлоно шашсола буд ва ё ба ривояти дигар чаҳордаҳсола, бо падараш Султонулуламо Баҳоуддин Муҳаммад ва аҳли оилаву ҷамъи муридон бо баҳонаи зиёрати Каъба тарки Балх намуданд ва дар роҳи Бағдод ба Нишопур ворид шуда, ба мулоқоти Шайх Аттор мушарраф шуданд. Ба қавли Давлатшоҳи Самарқандӣ, «Шайх Аттор худ ба дидани Мавлоно Баҳоуддин омад ва дар он вақт Мавлоно Ҷалолуддин кӯчак буд. Шайх Аттор китоби «Асрорнома»-ро ба ҳадя ба Мавлоно Ҷалолуддин дод ва Мавлоно Баҳоуддинро гуфт: «Зуд бошад, ки ин писари ту оташ дар сӯхтагони олам занад» Гуфтаанд, ки «Асрорнома»-и Шайх Аттор умре нақди остини Мавлоно буда, пайваста онро мутолиа мекардааст ва ба муридон низ талқин менамудааст.
Сипас муовини ректор оид ба тарбия ва иҷтимоӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Изатзода Зулайхо дар мавзуи “Тарбият ва омӯзиш аз манзари омӯзаҳои ахлоқии Маснавӣ” ва омӯзгори кафедраи филологияи тоҷик ва забонҳои хориҷӣ Наимова Фарзона дар мавзуи “Мавлоно ва эҷодиёти ӯ аз назари донишмандони Аврупо” суханронӣ карда, тавассути маърузаҳои илмии омоданамудаашон андешаҳои худро доир ба рӯзгор, осор ва таъсири Мавлоно ба адабиёти ҷаҳон баён намуданд.
Дар бахши фарҳангии маҳфил композитсияи адабӣ-мусиқии “Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст”, рақсу наво ва сурудҳои ҷолибу шуниданӣ аз осори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ зери оҳангҳои марғуб дар иҷрои устодону донишҷӯён садо доданд, ки фараҳбахшу омӯзанда буданд.
ҚУДРАТОВ Сино