Имрӯз дар МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» бо иштироки вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия Давлат, ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯён Рӯзи дониш таҷлил карда шуд.                 Нахуст иштирокдорони ҳамоиш суханронӣ ва мулоқоти самимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо аҳли маорифи кишвар, ки чун анъанаи нек дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар маросими ифтитоҳи бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара баргузор гардид, ба таври мустақим тамошо карданд. Баъд аз тамошои суханронии Президенти мамлакат  вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзгорону шогирдони муассисаро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати  Рӯзи дониш табрику таҳният гуфта, ба онҳо сарбаландию муваффақият ва дастовардҳои нав ба нав таманно намуд.

     Мавсуф аз ҷумла зикр намуд, ки дар кишвари соҳибистиқлоли мо ҳамасола 1-уми сентябр Рӯзи Дониш ботантана ва шукӯҳи хосса таҷлил гардида, дарси аввали соли нави таҳсил аз Дарси сулҳ оғоз мегардад. Рӯзи дониш дар ҷомеаи мо аҳаммияти бузурги таърихӣ дошта, оғози соли нави таҳсил ва рамзи саъю кӯшиши дониш ва нашъунамои мамлакати азизамон мебошад. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ин рӯз ҳамчун санаи гиромидошти илму дониш ва маърифату маънавиёт таҷлил мегардад, ки пеш аз ҳама гувоҳи равшани ғамхориву таваҷҷӯҳи доимиву хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи илму маориф мебошад, ки дар ин маврид қайд менамоянд: «бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва гамхорӣ нисбат ба маориф — сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад».       Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд, ки имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти сиёсати хирадмандонаву маорифпарваронаи Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба шарофати меҳнати содиқонаи мардуми кишвар, аз ҷумла омӯзгорону устодони муҳтарами Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ба давраи сифатан нави рушди иҷтимоиву фарҳангии худ ворид гардида, дар таҳкими минбаьдаи рукнҳои давлатдорӣ, раванди созандагиву бунёдкорӣ ва тарбияи насли солиму ояндасоз кадамҳои устувор гузошта истодааст.

   Мавсуф Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода”-ро яке аз муассисаҳои калидии соҳаи фарҳангу санъати Тоҷикистон арзёбӣ намуда, дар идомаи сухани хеш зикр кард, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ маҳз бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон симои донишкада ва сатҳу сифати таълим  ба  куллӣ дигаргун гашт. Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода перомуни сулҳу субот дар кишвар ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ибрози назар намуда, таъкид кард, ки мо бояд ба қадри сулҳу оромӣ расем ва аҳамияти онро дар миёни аҳли ҷомеа, алалхусус, наврасону ҷавонон боз ҳам бештар тарғиб намоем. Дар баробари ин, пайваста ба мутолии китоб, бахусус адабиёти бадеӣ машғул шуда, сатҳи донишу маърифатамонро баланд бардорем. Зеро маҳз дониш омили муҳим барои таҳкими сулҳу субот ба шумор рафта, баҳри зиндагии шоиста, таъмини осмони софу беғубор, оромии ҷомеа ва дар маҷмуъ, барои рушду тараққиёти давлату пешрафти кишвар шароити мусоид фароҳам меорад.               Ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин дар навбати худ вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода ва ҳозиринро ба донишкада хайрамақдам гуфта, ба муносибати  Рӯзи дониш, Дарси сулҳ ва фаро расидани соли таҳсили 2023-2024 самимона табрик намуда, ба иштирокдорони чорабинӣ тани сиҳату хотири ҷамъ ва дар кору таҳсилашон муваффақиятҳои беназир орзу намуд. Ректори донишкада зимни суханронии табрикии худ, махсусан, ба онҳое, ки дар соли равон ба номи пурифтихори донишҷӯ сазовор гардида, имрӯз нахустин қадамҳои худро ба даргоҳи илму фарҳанг ва санъат гузоштанд, таҳсили хубу аъло орзу намуда, дар оянда ҳамчун кадрҳои сазовор ба воя расидан ва барои боз ҳам ободу зебо гардидани Ватани маҳбубамон саҳмгузор гаштанро таманно кард.

   Роҳбари муассиса иброз дошт, ки ҳамасола соли нави таҳсил дар тамоми муассисаҳои таълимии кишвар, аз ҷумла донишкадаи мо тибқи анъана бо Дарси сулҳ оғоз мегардад. Воқеан, сулҳ неъмати бебаҳо буда, хусусан, барои сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлол арзиши бузург дорад. Зеро мардуми мо сулҳу оромӣ ва суботи сиёсиро бо баҳои ниҳоят гарон ва бо таҳаммул кардани машаққату маҳрумиятҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба даст оварданд. Аз ин рӯ, мо бояд ба қадри сулҳу оромӣ расем ва аҳамияти онро дар миёни аҳли ҷомеа, бахусус, наврасону ҷавонон боз ҳам бештар тарғибу ташвиқ намоем. Ин нуктаи муҳим дар суханронии имрӯзаи Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш зимни маросими ифтитоҳи бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара махсус таъкид гардид.

   Гуфта шуд, ки “дар чунин шароити ниҳоят мураккабу ҳассос таҳаммулгароӣ, гуфтугӯи тамаддунҳо ва тарғибу ташвиқи андешаву афкори сулҳпарварона барои аҳли башар ниҳоят муҳим ва ҳатто ҳаётӣ мебошад. Яъне сулҳу амният, оромиву осоиш ва ҳамгироиву ҳамкорӣ дар замони муосир барои тамоми кишварҳои сайёра бояд аз ҷумлаи муҳимтарин арзишҳои ҳаёти инсонӣ дониста шаванд. Мардуми мо, ки таҷрибаи талхи ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро паси сар кардаанд, моҳияти сулҳу ваҳдат, амнияту оромӣ ва ҳамзистии осоиштаро хуб дарк менамоянд. Вазъи кунунии ҷаҳон ҳар яки моро водор месозад, ки дар кишварамон сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро боз ҳам бештар мустаҳкам гардонем ва манфиатҳои миллии худро аз таъсири пайомадҳои манфии равандҳои ҷаҳони муосир устуворона ҳифз намоем. Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳҷӯву адолатпарвар аз минбарҳои баланд борҳо эълон кардааст, ки роҳи асосӣ ва беҳтарини ҳалли ҳама гуна мухолифату низоъҳо риояи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, музокирот ва ҳалли мусолиматомези масъалаву мушкилот мебошад”.    Ректори донишкада таъкид кард, ки соҳаи маориф дар сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакат таҳти  сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти   Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  мақоми  шоиста ва муҳимро  касб менамояд.  Сарвари давлат ба ин соҳа ҳамчун омили асосии пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, онро кафили асосии баланд бардоштани рушди неруи инсонӣ медонанд.  Аз ин лиҳоз, ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони донишкадаро зарур аст, ки дар фаъолияти  ҳаррӯзаи худ барои дар амал татбиқ намудани сиёсати маорифпарваронаю фарҳангсолоронаи Пешвои миллат пайваста талош варзанд. Баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, таъминоти методию техникии раванди таҳсилот, омода намудани китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ ва дигар васоити таълимии ба талаботи рӯз ҷавобгӯ, иштироки фаъолонаи устодону донишҷӯён дар чорабиниҳои сиёсию фарҳангии сатҳи баланд, аз қабили озмунҳои ҷумҳуриявии “Тоҷикистон — Ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикон дар оинаи таърих”, фестивал-озмуни “Андалеб”   ва дигар озмунҳои сатҳашон гуногун дар меҳвари фаъолияти мо қарор дошта, дар ин самт дастовардҳои зиёд дорем.

   Қайд гардид, ки дар давоми шашмоҳаи соли ҷорӣ 23 нафар донишҷӯёни донишкада дар озмуну фестивалҳои байналмилалии Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон тариқи ғайриҳузурӣ ширкат намуда, бо диплому ифтихорномаҳои озмунҳои байналмилалӣ қадрдонӣ шуданд. Инчунин, 22-юми майи соли 2023 дар донишкада якумин Озмуни байналмилалии рушди санъати миллӣ таҳти унвони “Дӯстӣ бимонад ҷовидон” бахшида ба 50-солагии донишкада баргузор гардид, ки дар он довталабон аз Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Белорус, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ҶумҳурииТоҷикистон тариқи ҳузурӣ ва ғайриҳузурӣ бо пешниҳод намудани наворҳо иштирок намуданд. Дар кори Озмуни мазкур 29 довталаб тариқи ҳузурӣ ва 98 довталаб тариқи ғайриҳузурӣ бо пешниҳод намудани наворҳо аз рӯи номинатсияҳои пешбинишуда иштирок намуда, ғолибон аз ҷониби ҳайати ҳакамон муайян карда шуданд, ки дар байни онҳо устодон ва донишҷӯёни мо буданд.       Баъди суханронии ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин як гурӯҳ устодон, аз ҷумла Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Тағоймурод Розиқов, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Майрам Исоева  ва  Моҳрухсор Сафиева, ки тоза ба унвони баланди Ҳунарманди халқии Тоҷикистон шарафёб гардидааст, баромад карда,  ба вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин ва махсусан ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти   Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  барои таъмини шароити мусоиди корӣ ва ғамхориҳои рӯзафзун нисбат ба пешрафти соҳаи фарҳанг изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

ҚУДРАТОВ Сино