Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, 6 сентябри соли равон, бахшида ба 28 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои иловагии таълимии дуошёнаи донишкада ҷамъомади бошукӯҳ баргузор гардид. Дар он вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, муовини вазири фарҳанг Зевар Давлатзода, сардори Раёсати муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанг Музаффар Темурзода, ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯёни донишкада ширкат варзиданд.
Саҳни донишкада бо шиору овезаҳо идона оро дода шуда буд. Меҳмононро ректори донишкада, профессор Усмонзода Хайридин Усмон, ноибони ректор, декани факултаҳо ва донишҷӯён таҳти навои мусиқӣ бо гулдастаҳо истиқбол гирифтанд.
Сипас, маросими ифтитоҳи бинои иловагии таълимии дуошёна сурат гирифт. Лентаи рамзиро вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ва ректори донишкада, профессор Хайридин Усмонзода бурида, ба истифодаи расмии бинои таълимӣ оғоз бахшиданд. Баъдан, меҳмонон аз толори сабти овоз, толорҳои махсусгардондашудаи тахассусӣ- эҷодӣ, синфхонаи компютерӣ ва синфхонаҳои таълимӣ, ки бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонда шуда буданд, дидан намуда, устодону донишҷӯёнро бо соли таҳсили 2019-2020 ва ҷашни 28- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуданд.
Бахшида ба ин санаи фархунда дар Театри таълимии донишкада чорабинии вижаи фарҳангӣ баргузор гардид. Дар оғоз ректори донишкада, профессор Хайридин Усмонзода ба сухан баромада, иштирокдорони ҳамоишро ба муносибати ҷашни 28 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои иловагии таълимии дуошёна самимона муборакбод намуд. Зикр кард, ки таҷлили пуршукӯҳи ҳамасолаи Истиқлолияти давлатӣ далели эҳтироми баланди сокинони кишварамон ба ин ҷашни бузурги муқаддас дар ҳаёти ҷамъиятии давлатамон аст. Зеро маҳз ба шарофати ин рӯйдоди таърихӣ миллати мо ҳуқуқи соҳибихтиёрона муайян намудани ҳаёти ҷамъиятии худ ва шарики равандҳои гуногунҷанбаи ҷаҳони имрӯз гаштанашро ба даст овард. Барои ноил омадан ба чунин саодати беназир наслҳои гуногуни миллати куҳанбунёдамон бо кору пайкори созандаашон дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаашон саҳмгузорӣ намудаанд ва наслҳои имрӯз аз он сабақ гирифта, ин амалҳоро бо ифтихору сарфарозӣ идома мебахшанд.
Ректори донишкада дар фуроварди суханронӣ зикр сохтанд, ки мо бояд дар доираи омодагиҳо ба пешвози 50 — солагии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, ки ба 30 — солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд, барои сохтани бинои нави таълимии ҳозиразамон ва ҷавобгӯ ба талаботи санъати меъморию рамзи истиқлолияти фарҳангии кишварамон муносиб саъю талош варзем. Барои амалӣ гаштани ин нияти нек донишкада дорои қитъаи замини иловагӣ мебошад.
Мавсуф аз ҳузури муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зевар Давлатзода ва дигар шахсони расмӣ истифода намуда, хоҳиш карданд, ки бунёди бинои таълимии навро ба рӯйхати иншооти ҷашнии сохташавандаи вазорат ворид созанд. «Ин як туҳфаи муносиб дар арафаи ҷашни 50 — солагии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва 30 — солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳад шуд»,- иброз доштанд Хайридин Усмонзода.
Дар анҷом барномаи ҷолиби консертӣ дар мавзӯҳои Истиқлолият, Ваҳдат, Ватан, Модар, Сулҳ ва Дӯстӣ, дар иҷрои устодону донишҷӯён, пешкаши аҳли нишаст гардонда шуд.
Фаришта КАРИМОВА,
рӯзноманигор, коргузори ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода