Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” бо иштироки доираи васеи устодону донишҷӯён ва меҳмонон ба ифтихори ҷашни бисёр мубораку фараҳбахш — Рӯзи модар чорабинии фарҳангӣ баргузор гашта, ин иди барои ҳамагон азиз бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил карда шуд.        Ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ чорабиниро бо сухани шодбошӣ ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла иброз дошт, ки модарон тараннумгари зебоӣ, нигаҳдорандаи меҳру муҳаббат ва идомабахши анъанаҳои неки гузаштагонамон ҳастанд, онҳо дар замири фарзандон меҳри Ватан, падару модар, эҳтироми калонсолон ва арҷ гузоштан ба инсониятро ҷой медиҳандд ва онҳоро чун боғбони насли одамӣ парвариш менамоянд. Мавсуф таъкид кард, ки Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро ҳамчун боргоҳи мубораки маърифату фарҳанг ва санъату зебоӣ дар саросари кишвар эътироф мекунанд ва кору фаъолият намудани бонувон дар ин даргоҳ фоли нек буда, гувоҳи фарҳангпарвариву зебоипарастии модари фархундаи тоҷик мебошад.

   Зикр гардид, ки Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерӯбахши рӯҳу ҷон буда, маҳз ба ҳамин хотир, мардуми шарафманди тоҷик ва умуман, аҳли башар ба Модар – намоди саодат, ки беҳамтову ҷовидона аст, арҷ мегузоранд, бузургии ӯро ситоиш менамоянд ва дар наздаш ҳамеша аз таҳти дил бо муҳаббати соф сари таъзим фуруд меоранд.

   Роҳбари муассиса аз нақши созандаи бонувони кишвар, ки пайваста аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври хосса таъкид  мегардад, ёдовар шуда, дар сатҳи давлатӣ ва бо тантанаву шукӯҳи хосса ҷашн гирифтани Рӯзи модарро нишонаи эътибору эҳтироми зиёди Роҳбари давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба модарону занон арзёбӣ намуд.    Ректори донишкада инчунин тазаккур дод, ки ҳамагон огоҳем, ки дар мамлакати мо бонувон дар тамоми корҳои соҳавӣ фаъол буда, барои пешрафти ҷомеа ва давлат баробари мардон талош менамоянд. Дар донишкадаи мо низ бахши аъзами бонувон кору фаъолият менамоянд, ки дар вазифаҳои пурмасъул ифои вазифа доранд. Бархе аз бонувони  донишкадаи мо номзади илм, дотсент, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон ва Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон мебошанд, ки ифтихори мо ва ватани азизамон ҳастанд.  Бонувону донишҷӯдухтарони мо дар озмунҳои гуногуни сатҳи донишкадавӣ, ноҳиявӣ ва шаҳрию ҷумҳуриявӣ ширкат варзида ғолибият ба даст меоварданд, ки боиси таҳсин аст. Аз ҷумла, ансамбли “Бонувон” — и  донишкада дар озмуни шаҳрии “Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе” дар номинатсияи беҳтарин суруди гурӯҳӣ дар васфи пойтахт ва Сарвиноз Холова, ки ба ҳайати ансабли номбурда шомил аст, дар номинатсияи беҳтарин суруди якка дар васфи пойтахт ҳунарнамоӣ карда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.  

    Сипас, намояндаи Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон Амирхон Шохонов бонувони собиқадори донишкадаро бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуд. Аз ҷониби Раёсати донишкада низ як қатор омӯзгорону кормандони муваффақ аз ҳисоби бонувон барои саҳми бориз гузоштан дар тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳаҳои фарҳанг ва санъат, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстию меҳанпарастӣ, хештаншиносию худогоҳӣ, гиромидошти арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани савияи ғоявию ахлоқӣ ва завқи бадеӣ-эстетикии  донишҷӯёну мутахассисони ҷавони соҳа бо сипосномаҳо  сарфароз гардонда шуданд.

   Дар фароварди ҳамоиш барномаи ҷолиби консертӣ дар иҷрои устодону донишҷӯёни донишкада пешкаши ҳозирин гардонда шуд.

ҚУДРАТОВ Сино