30-юми сентябри соли 2022 Дар толори “Арғунун”-и Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва Рӯзи омӯзгорон бо иштироки ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯён баргузор гардид.           Нахуст ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ аҳли нишастро бо иди касбии омӯзгорон табрику таҳният гуфта, зикр намуд, ки баланд бардоштани сатҳи маърифати мардум, азхудкунии имкониятҳои нави технологӣ ва умуман рушди иҷтимоӣ мустақиман аз сатҳи маърифат, ташкили ҷараёни мураттабу хушсифати таълиму тарбия  ва донишу малакаи омӯзгор вобастагии калон дорад. Аз ин лиҳоз, бо боварӣ ба иқтидори зеҳнӣ ва донишу хиради омӯзгорон дар анҷоми ин рисолати пуршараф Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон таъкид карданд, ки: «Пешаи омӯзгорӣ муқаддастарин касби рӯи олам аст. Бедории фикр, покизагии ахлоқ ва ташаккули ақлонии инсон маҳсули ранҷу машаққати омӯзгорон аст. Муаллим ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он мебошад. Вай донишу заковат, гармии дили худро бедареғ ба фарзандони халқ медиҳад ва худро хушбахт мешуморад». Сарвари давлат дар ҷойи дигар фармудаанд: «Ояндаи мамлакат аз фаъолияти омӯзгор ва рушди илму маориф вобастагии зиёд дорад. Дар хотир бояд дошт, ки танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро пайдо намояд».

       Ректори донишкада пас аз ироаи сухани табрикӣ  як қатор устодони донишкадаро бахшида ба Рӯзи омӯзгорон бо ифтихорномаю сипосномаҳои Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони, фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва Раёсати донишкада сарфароз гардонд.

       Дар қисми илмии ҳамоиш  бошад, бахшида ба Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ  маърузаҳои устодони донишкада оид ба рӯзгор ва осори  Мавлоно ироа гардиданд.        Нахуст ректори донишкада дар мавзуи  “Мафҳуми “най” аз дидгоҳи Абдурраҳмони Ҷомӣ” андешаҳояшро баён намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки назми оламгир, афкору андешаи бунёдӣ ва фалсафаи инсондӯстонаи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар Шарқу Ғарб маъруф гашта, мардум дар саросари олам осори ӯро меписанданд ва мутолиа мекунанд. Ӯ масъалаҳои умдаи умумибашарӣ, фарҳанги инсондӯстӣ ва дигар паҳлуҳои муҳими ҳаётро чунон дурандешонаву воқеъбинона тафсиру баён кардааст, ки имрӯз низ ҷавобгӯи ниёзу ормонҳои ҷаҳони муосир мебошад. Асарҳои гаронбаҳои Мавлоно — «Маснавии маънавӣ», «Девони кабир», «Фиҳи мо фиҳи», «Мавоизи маҷолиси саъба» ва «Мактубот» падидаҳои нотакрор ва саршор аз арзишҳои тоҷиконаи мардуми Хуросони Бузург мебошанд.

      Осори ҷовидонаи ӯ имрӯз ба даҳҳо забони гуногуни ҷаҳон тарҷума шуда, дар интиҳои асри XX дар радифи даҳ китоби сертеъдод ва хонотарини аҳли олам қарор гирифтааст. Мо — тоҷикон дар қатори дигар миллатҳои мутамаддини олам осори ин пири хирадро меомӯзем, ташвиқ месозем ва бо он ифтихор менамоем.       Зикр гардид, ки шоирону нависандагон ва адабиётшиносони зиёде, чи ватаниву чи хориҷӣ, нуқтаи назари худро оид ба паҳлуҳои гуногуни осори бадеии Малоно баён намуда, ӯро яке аз шоҳсутунҳои қасри беназири адабиёти мо унвон намудаанд, ки яке аз онҳо Абдурраҳмони Ҷомӣ мебошад. Ҷомӣ дар шинохти «Маснавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ  ба он муваффақ шуд, ки ба ду байти  оғози он шарҳе нависад. «Рисолаи ноия» ва ё «Шарҳи байтайни маснавӣ»-и Ҷомӣ рисолаи мухтасари омехта ба назму наср аст, ки шарҳи ду байти авали «Маснавӣ»-ро фаро мегирад. Ин асар дорои аҳамияти баланде дар шинохти «Маснавӣ» -и Мавлоност, зеро аксари шореҳони «Маснавӣ», ки баъди асри 15 ба шарҳи «Маснавӣ» камар бастаанд, ба он такя кардаанд.  Агарчи пеш аз Мавлоно Ҷомӣ дар осори худи Мавлонои Рум ва пайравони ӯ шаммае аз истилоҳоту таъбироти марбут ба “Маснавӣ” ва бахусус мафҳуми най шарҳу тавзеҳ ёфтаанд ва шореҳоне, чун Аҳмади Румӣ, Камолуддин Ҳусайни Хоразмӣ ва Мавлоно Яъқуби Чархӣ  ба шарҳу тафсири “Маснавӣ” пардохтаанд, вале Ҷомӣ фақат ба ду байти аввали “Маснавӣ” шарҳ навиштааст, ки ин шарҳи мухтасари ӯ, бешубҳа, таъсири азиме ба шарҳҳои асримиёнагӣ ва асрҳои охир доштааст.

     Сипас муовини ректор оид ба илм ва рушди инноватсионӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Аминӣ Алишер дар мавзуи “Корбурди истилоҳоти мусиқӣ дар шеъри Мавлоно” маърузаи омоданамудаашро ироа намуда, иброз дошт , ки мусиқӣ назди Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ аз мақому эътибори махсусе бархӯрдор буда, Мавлоно дар ҷаҳонбинӣ ва осори худ аз паҳлуҳои гуногун ба мусиқӣ назар доштааст. Мавлоно аз сӯйе мусиқии илмӣ ва аз сӯйи дигар мусиқии амалиро хуб медонистааст. Ба роҳатӣ метавон ба ин нукта таъкид кард, ки дар адабиёти форсии тоҷикӣ ҳеч шоире ба андозаи Мавлоно ба мусиқӣ иртибот надоштааст. Ҳунар, табъи халлоқ ва завқи хориқулодае, ки Мавлоно доштааст, боис гардадидааст, ки ӯ ба бештар аз 55 вазн шеър бисарояд. Ваҷуди истилоҳот, номи созҳо ва дигар мақулаҳои илми мусиқӣ дар “Девони Кабир” ва “Маснавии маънавӣ” баёнгари табаҳҳури комили Мавлоно аз илми мусиқӣ мебошад.

     Муаллими калони кафедраи филологияи тоҷик ва забонҳои хориҷӣ Абдувоҳид Ғоибов дар мавзуи “Ростиву росткорӣ аз дидгоҳи Ҷалолиддини Балхӣ” маъруза намуда, зикр сохт, ки Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ аз зумраи шуароест, ки тамоми ашъораш моломоли андешаҳои ноб, дӯстиву бародарӣ, некиву некукорӣ, хусусан ростиву ростгӯйӣ буда, гаштаву баргашта ба ин мавзуъ  рӯ меорад. Нахуст, дар бораи сохти бештари ин абёт таъкид кардан зарур аст, ки он бо қофияи аа, бб, вв, яъне бо қофияи маснавӣ дар вазни пуркорбурди тоҷикӣ, яъне рамали мусаддаси маҳзуф эҷод гардидааст.Маврид ба зикр аст, ки аксари абёти ин шоири маҳбуб бо ҳамин вазн аст. Вожаи маҳбуб ба ин шоири дилогоҳ аз гуфтаҳои аксарияти онҳое ҳаст, ки боре бо эҷоди пурарзиши ӯ ошноӣ пайдо кардаву байте чанд аз бар намудаанд:

Ростӣ пеш ор, ё хомӯш кун,

В-он гаҳе раҳмат бубину нӯш кун.

Ростонро ҳоҷати савганд нест,

З-он, ки эшонро ду чашми равшанест.

     Ба гуфтаи Абдувоҳид Ғоибов,     дар ағлаби  гуфтаҳо, ки  доир ба ростиву ростгӯӣ  сухан меравад ва дар ҳар ҷо ки вожаи сухан дарҷ шуда бошад, он ҷо, албатта,  вожаи ростӣ ва сидқ, ширинсуханӣ, инчунин васфи он низ омадааст:

Нори хандон боғро хандон кунад,

Суҳбати мардонат аз мардон кунад.

Талх аз ширинлабон хуш мешавад,

Хор аз гулзор дилкаш мешавад.

    Дар бахши фарҳангии ҳамоиш композитсияи адабӣ-мусиқии “Навои ҳамдилӣ” пешкаши ҳозирин гардонда шуд. Ҳамзамон, рақсу наво, суруду оҳангҳои ҷолибу шуниданӣ, назири “Савти муноҷот”, “Самоъ”, “Муаллим”, “Биё-биё”, “Навои дил”, “Маслиҳат нест” ва “Мурам дар остинотун” аз ҷоиби устодону донишҷӯён садо доданд.

 

Додоҷон РӮЗИЕВ,

 Синои АБУАЛӢ,

Дилшод УМАРОВ