Имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» бо иштироки устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессорон — Урватулло Тоиров, Мисбоҳиддини Нарзиқул, Бадриддин Мақсудов, Абдулло Юлдошев, намояндаи Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе Абдувалӣ Абдураҳмонзода, муовини директори Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе Баҳром Назаров, ҳайати устодону донишҷӯён ва намояндагони васоити ахбори омма Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил карда шуд.

    Саҳни муассиса ва Наврӯзгоҳ базмгоҳи бузургеро мемонд, ки бо шиору овезаҳои “Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ муборак бод, ҳамватанони азиз!”, “Наврӯз шуд ҷаҳонӣ”, “Наврӯз муборак бод!” ва дигар шиорҳои ҳувияти миллидошта оро дода  шудааст. Кафедра ва факултаҳо бошанд, дар ду тарафи роҳрави донишкада суфраҳои идӣ густурдаанду  дар гӯшаҳои вижа дастовардҳои таълимӣ-методӣ, илмӣ ва эҷодии устодону донишҷӯёнро ба намоиш гузоштаанд.   Ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ меҳмонон ва ҷамъи ҳозиринро бо шукргузорӣ аз сулҳу ваҳдати миллӣ  ва дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ  бо Ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки дар зеҳну тафаккури миллати тамаддунофари тоҷик ҷойгоҳи махсус дорад, бо беҳтарин ва самимитарин таманниёт табрику муборакбод намуда, барояшон саломатию сарбаландӣ, шодкомию хуррамӣ, саодатмандию нусрат, рӯзгори пурфайзу баракат орзу намуд. Мавсуф зикр кард, ки Наврӯз яке аз ҷашнҳои маъруф ва бошукӯҳтарини халқҳои ориёӣ, алалхусус форсизабон буда, аз сапедадами фарҳангу тамаддуни ориёӣ то ба имрӯз, новобаста ба вазъи сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва идеологии давраҳои таърихӣ, дар байни мардуми мо бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мешавад.  Ҳатто шикасту нокомиҳо аз ҷониби ақвоми мухталиф ба ҳеҷ ваҷҳ натавонистаанд, чизе аз бузургию шаҳомати ин ҷашнро кам кунанд. Баръакс, Наврӯз ба мисли дарахти барӯманди ҳамешасабзе бо гузашти солҳо бар умқи қалбҳои халқҳои эронитабор решаҳояшро устувор карда, беш аз пеш қавитару пурбортар гардида, ҳамзамон ба ҷашни миллии халқҳои дигар кишварњо низ табдил ёфтааст.     Муҳриддин Низомӣ хотирнишон сохт, ки маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ ва ба мақоми сарварии Тоҷикистон омадани фарзонафарзанде, чун Эмомалӣ Раҳмон тамоми анъана ва суннатҳои ниёгонамон, назири Наврӯз дубора эҳё гардида, миллати куҳанбунёди тоҷик аз ҳастӣ ва мақоми волои хеш дар арсаи байналмилалӣ ба оламиён бори дигар мужда расонд. Саъю  талошҳо ва заҳматҳои пайвастаи Пешвои миллат буданд, ки тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун миллати тамаддунофар, халқи сулҳдӯсту ваҳдатофар ва кишвари ташаббускору бунёдкор шинохтанд ва эътироф карданд.

      Дар ин самт, махсусан таваҷҷуҳ ва хидматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба Наврӯз ва таҷлили бошукӯҳи он арзандаву сутуданист. Зеро маҳз бо ташаббуси Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо ҷонибдории  кишварҳои Эрон, Афғонистон, Туркия, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон, Ҳиндустон, Озарбойҷон, Мақдуния, Албания ва дигар давлатҳои Ховари Миёна Ќатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид  қабул  шуда, дар он 21-уми март Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон  гардид. Ин аст, ки ҳоло ҷуғрофияи таҷлили Наврӯз аз ғарби сарзамини Чин оғоз шуда, то Осиёи Марказӣ, Ҳинд, Қафқозу Русия, Аврупои Шарқӣ, Туркия, кишварҳои Араб ва Африқои Шимолӣ доман густурдааст. Яъне, Наврӯз ҳоло ба ҷузъи тамаддуни башарӣ табдил ёфтааст.     

   Ректори донишкада пас аз ироаи сухани табрикӣ ҳамроҳ бо намояндаи Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе Абдувалӣ Абдураҳмонзода ғолибони озмуни байналмилалии “Осиёи Марказӣ истеъдод меҷӯяд” Навҷавон Бадиров ва Меҳроб Талбизода, инчунин як қатор устодону донишҷӯёнро, ки дар фестивали ҷумҳуриявии телевизионии ҳаҷвнигорон таҳти унвони “Биё бо ҳам механдем” иштирок намуда, ҷойҳои ифтихориро ба даст оварда буданд, бо сипосномаву ифтихорномаҳо сарфароз гардониданд. Фестивали мазкур бо ибтикори  Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷиқистон бо мақсади рушди соҳаи ҳаҷву мутоиба роҳандозӣ шуда буд.  Намояндаи Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе ҳозиринро ба Иди байналмилалии Наврӯз муборакбод намуда, зикр кард, ки иштироки васеи устодону донишҷӯён ва пирӯзии онҳо дар фестивал аз саъю талошҳои доимии Раёсати донишкада ва омӯзгорон дар роҳи рушди соҳаи фарҳанг дарак медиҳад. Сипас барномаи идона, ки таҳти роҳбарии муовини ректор оид ба корҳои эҷодӣ Баҳрулло Хайруллозода омода шуда буд, пешкаши ҳозирин гардонида шуд. Аҳли  ҳунари муассиса аз ҷумла Дилбар Шарипова, Фазила Каримова, гулдухтарони ансамбли “Бунафша” ва дигарон  бо суруду рақс ва таронаҳои наврӯзӣ хотири ширкаткунандагони ин ҷашни бостониро болида гардонданд.

         Дар интиҳои чорабинии идона ректори донишкада Муҳриддин Низомӣ бори дигар иштирокдорони чорабинӣ ва аҳли ҳунарро ба муносибати фарорасии Наврӯзи байналмилалӣ табрик намуда, таъкид кард, ки бо ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ойину ҷашнҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангие, ки ваҳдату ягонагии маънавии мардумро таҳким мебахшанд, ба Феҳристи мероси Созмони Милали Муттаҳид ворид гардида, бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегарданд. Яке аз чунин ҷашнҳои фархунда Наврӯзи хуҷастапай аст, ки моро ба истиқрори сулҳу ваҳдат, якдигарфаҳмӣ, барафрохтани чароғи дӯстиву рафоқат, ба ҷо овардани амалҳои хайру савоб, худшиносиву худогоҳӣ ҳидоят менамояд.

Додоҷон РӮЗИЕВ,

Сино ҚУДРАТОВ