Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваҳдати миллӣ бахусус азму талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар соҳаҳо ба китобу китобдории тоҷик низ такони бузург бахшида, дар радифи он як қатор қонуну барномаҳои давлатӣ қабул шудаанд, ки дар рушду нумӯи соҳаи китобдорӣ нақши бузург гузоштанд.

  Дар ин марҳилаи нави таърихӣ фаъолияти китобдорӣ ва таҳқиқи мутолиаи китоб босуръати тоза ва мазмуну муҳтавои нав идома ёфтанд. Ҳамзамон дар замони соҳибистиқлолии кишвар Ҳукумати Ҷумҳурӣ рушди соҳаи китобдориро яке аз самтҳои умдаи сиёсати фарҳангии хеш қарор дода, дар ин росто корҳои зиёдро ба сомон расонид.

   Бо шарофати сиёсати мароифпарварона ва фарҳангдӯстонаи Пешвои миллат сатҳу сифати омодасозии мутахассисони соҳаи китобдорӣ хеле беҳтар гардида, таъминотӣ онҳо бо маводи таълимӣ бо забони давлатӣ ба маротиб афзуд.

   Бояд гуфт, ки китоби дарсӣ дар раванди омӯзиш аз муҳимтарин объекти таълимот ба шумор рафта, донишомӯзонро бо нуқтаҳои муҳими назариявию методологӣ ва истилоҳоти соҳавӣ ошно менамояд. Библиографишиносӣ аз ҷумлаи илҳоест, ки омӯзиши сохтор ва хусусияти иттилооти библиографӣ, қонуниятҳои таҳия ва ба хонанда расонидани иттилооти библиографиро меомӯзад. Дар ҷомеаи имрӯза бо пешрафти илму техника ва технологияи иттилоотӣ ҳар як соҳа дар ҳоли рушд ва шаклдигаркунӣ қарор доранд, ки фаъолияти библиографӣ дар китобхонаҳо низ аз ин раванд бетараф нест.

   Библиографони касбии ватанӣ имрӯзҳо баҳри рушду пешрафти ин соҳа ва мутобиқ гардонидани самтҳои афзалиятноки фаъолияти библиографии китобхонаҳо бо талаботи рӯзафзуни ҷомеа талош ба харҷ медиҳанд. Дар ин раванд саҳми мутахассисони варзидаи библиографияи тоҷик, устодони кафедраи Китобхонашиносӣ ва библиографишиносии Муассисаи давлатии таълимии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода Гадобег Маҳмудов ва Қурбон Ғуломзода хеле назаррас мебошанд. Ишора намудан ба маврид аст, ки муҳаққиқони соҳа дар баробари масъулияти хизматӣ, доимо дар андешаю таҳлил ва навовариҳои фаъолияти библиографӣ буда вобаста ба проблемаҳои соҳа фарзияҳои худро пешниҳод менамоянд.

   Ҷадидтарин таълифоти устодони кафедра Гадобег Маҳмудов ва Қурбон Ғуломзода дар самти омӯзиши фаъолияти библиографӣ  китоби дарсии “Библиографишиносӣ” буда, зери назари доктори илмҳои фалсафа, профессор,  узви вобастаи АИ ҶТ Усмонзода Хайридин Усмон ба нашр расидаст.

   Дар дебочаи китоб омадааст, ки муаллифон зимни таҳияи ин асар бештар аз осори илмии олимони соҳаи библиографишиносии рус ва библиографишиносони тоҷик истифода шудааст ва ба донишҷӯёну омӯзгорон ва мутахассисони соҳа пешниҳод мешавад. Зеро, асари мазкур ба  масъалаҳои назариявии библиографишиносӣ: аз ҷумла мафҳумҳо ва истилоҳоти бунёдии библиографишиносӣ, ки заминаи назариявӣ ва методологии силсилаҳои фанҳои библиографиро ташкил медиҳанд, пешбинӣ шудааст.

   Омӯзиши китоби “Библиографишиносӣ” ба хонандаи худ имкон медиҳад, ки оид ба масоили назарияи библиография ва равандҳои библиографии китобхонаҳо, аз ҷумла махсусияти созмондиҳӣ ва истифодабарии дастгоҳи маълумотдиҳӣ-библиографӣ, услуби таҳияи дастурҳои библиографӣ, хизматрасонии библиографӣ ва шаклҳои он дар шароити рушди иттилоотӣ дар фаъолияти библиографии китобхонаҳо ва таълими фанҳои библиографии соҳавӣ тасаввуроти амиқ пайдо намояд.

  Хонандагон метавонанд барои дарёфти бештари маълумот ва мутолиаи китоб ба Китобхонаи илмии ДДФСТ ба номи М.Турсунзода муроҷиат намоянд.

 Зафари ШАРИФ ва Сайзароб НОДИРОВ,
омӯзгорони кафедраи “Китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ”-и Муассисаи далатии таълимии “ДДФСТ ба номи М.Турсунзода”

 

Чоп кунед