Устодон, кормандон ва донишҷӯёни гиромӣ!
Бо истифода аз фурсати муносиб Шуморо бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рамзи садоқат ва вафодорӣ ба Ватан, Президент ва миллат буда, ҳамасола дар сатҳи баланди ташкиливу ғоявӣ баргузор намудани он нишонаи шукргузорӣ аз озодиву соҳибихтиёрӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои давлатдориву соҳибистиқлолӣ арзёбӣ мегардад, самимона табрику муборакбод менамоям. Ин ҷашни ҳумоюн ба таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстию меҳанпарастӣ ва тавсеаи маърифати сиёсии шаҳрвандон таъсири мусбат гузошта, иттиҳоду ҳамбастагӣ ва андешаи давлатмеҳвариро дар ниҳоди мардум тақвият мебахшад.
Доштани ҷашне ба мисли Рӯзи Президент, роҳбари миллию мардумӣ ормони чандсадсолаи миллати мо буда, маҳз Иҷлосияи тақдирсози ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шароитеро фароҳам овард, ки мо соҳиби ин ҷашни воқеан умумимиллӣ гардидем. Зеро пас аз бо заковати фитрии вакилони мардумӣ ба вазифаи Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон пояҳои давлатдории навини миллии мо устувор шуда, зимоми кишвари моро фарзанди фарзона ва арзанда ба даст гирифт. Хусусан, ин раванд аз соли 1994, баъди бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вусъати тоза гирифт.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти барҷастаи таърихӣ мебошанд, ки дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ, бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳоӣ бахшида, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намуданд. Корномаҳои бузурги даврони соҳибистиқлолӣ ба фаъолияти сиёсиву роҳбарии Сарвари давлат робитаи мустақим дошта, муносиботи ҳасана ва ҳамкориҳои фарогири Тоҷикистон бо кишварҳои сершумори оламро дар доираи манофеи миллӣ таҳким бахшид.
Имрӯзҳо мо ба шарофати сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат зери роҳбарии ин абармарди кишварсоз парчами фарҳангу санъати мамлакатро парафшон нигоҳ медорем ва аз рисолате, ки бар дӯш дорем, ифтихор мекунем.
Устодон, кормандон ва донишҷӯёни гиромӣ!
Дар охир ба ҳамаи Шумо сарбаландиву саодат ва фаъолияти пурсамарро баҳри боз ҳам рушд намудани соҳаи фарҳангу санъати кишвар таманно дорам.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод!