Устодон ва шогирдони азиз!

   23 — юми феврал дар саросари мамлакат Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии  Тоҷикистон, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллиамон мебошанд, дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва шукргузорӣ аз фазои орому осудаи Ватани озоду соҳибихтиёрамон таҷлил мегардад. Ба ин муносибат ҳамаи Шумо — устодону донишҷӯёни арҷманд, афсарону сарбозони Горди миллиро самимона табрик мегӯям.

   Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони Истиқлолияти давлатӣ ва яке аз дастовардҳои муҳимми он ба ҳисоб рафта, аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ дар назди онҳо вазифаҳои муқаддасу пуршараф — ҳимояи соҳибихтиёрӣ, таъмини сулҳу субот, ҳифзи амнияти давлат ва ҷомеа гузошта шуда буд. Яъне, ҳанӯз бисту ҳафт сол пеш ба дӯши ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат иҷрои вазифаҳое вогузор гардид, ки сарнавишти давлат, тақдири миллат ва сулҳу суботи кишвар аз ҳалли онҳо вобаста буд.

   Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар замоне таъсис ёфтанд, ки Тоҷикистони азизи мо бар асари фитнаву дасисаҳои душманони миллати тоҷик ба гирдоби мухолифатҳои шадиди сиёсӣ кашида шуда буд. Афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ (1992-1997) ва шиддат гирифтани вазъи минтақаву ҷаҳон қарзи ватандории хешро садоқатмандона иҷро намуда, дар роҳи ба эътидол овардани вазъият, таъмини сулҳу субот ва безарар гардондани гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ рисолати фарзандиву шаҳрвандии худро ба таври шоиста адо намуданд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии кишвар, баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангӣ, беҳтар гардондани шароити моддӣ — техникӣ ва боз ҳам хубтар намудани вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ пайваста ғамхорӣ зоҳир менамояд. Ин аст, ки имрӯз Артиши миллии мо ба як сохтори муташаккилу боэътимод ва неруи қодир ба ҳимояи давлат ва халқи Тоҷикистон табдил ёфтааст.

   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, аз 26 декабри соли 2019, иброз дошта буданд, ки «мо ба Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон эътимоди комил дорем ва медонем, ки онҳо минбаъд низ истиқлолияту озодии Тоҷикистони маҳбубамон, амнияти давлат ва суботу оромии мардуми моро ҳамчун сипари боэътимод ҳимоя мекунанд».

   Бо назардошти он ки сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишварро асосан ҷавонон ташкил медиҳанд, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ ва тақвияти ҳисси миллии сарбозони оянда яке аз вазифаҳои муҳимтарини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, олии касбӣ ва аҳли ҷомеа ба ҳисоб меравад. Бо ин мақсад ҳамаҷониба омӯхтани таърихи халқи тоҷик, ифтихор аз он ва гузаштагони шарафманди хеш — қаҳрамонони миллии халқамон ва дигар фарзандони сарсупурдаи миллат бисёр муҳим мебошад.

   Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз 6 феврали соли 2020 таҳти № АП-1347, дар бораи нашри китоби академик  Бобоҷон Ғафуров — «Тоҷикон» ва аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар оила туҳфа намудани он бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик, баланд бардоштани ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ содир гардид, ки онро мардуми шарифи кишвар бо хушнудӣ истиқбол гирифтанд.

   Воқеият ва вазъи ҷаҳони муосир ҳар яки мо — устодону донишҷӯёнро водор месозад, ки зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва муқаддас доштану ҳифзи арзишҳои Истиқлолияти давлатиро аз даст надиҳем. Чунки вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, зиёд гардидани равияву ташкилотҳои тундрави террористиву экстремистӣ ва дигар зуҳуроти таҳдидовари хатарнок метавонанд сулҳу субот ва ҳаёти орому осудаи мардуми кишвари моро халалдор созанд. Мутаассифона, ба узвияти гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ шомил гардидани баъзе шаҳрвандони мо ва ба задухӯрдҳои хунин дар минтақаҳои даргир ҷалб гардидани онҳо боиси нигаронии ҷиддӣ мебошад. Хушбахтона, дар донишкадаи мо чунин ҳолатҳо ба қайд гирифта нашудаанд.

   Ба ин нигоҳ накарда, масоили вобаста ба шомилшавии наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва пешгирии чунин ҳодисаҳо бояд дар меҳвари фаъолияти ҳайати профессорону устодони донишкада қарор дошта бошад. Дар ин самт ба корҳои фаҳмондадиҳӣ ва чорабиниҳои пешгирикунанда бояд таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардад. Ба шогирдонамон бояд дақиқ фаҳмонем, ки бозичаи дасти дигарон ва иҷрокунандаи иродаи доираҳои ғаразнок нашаванд. Ба таъкиди Пешвои муаззами миллат «тарбияи ҳарбиву ватандӯстӣ вазифаи танҳо афсарон нест. Дар ин кори муҳим бояд насли калонсол, падару модарон, мақомоти ҳамаи зинаҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ саҳмгузор бошанд».

   Бо итминон ба фардои дурахшони кишвар, бори дигар Шуморо ба муносибати Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, бароятон бахту иқболи нек ва рӯзгори осудаву бобаракат таманно дорам.