ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода», доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин дар нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» дар соли 2021
Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма!
Ҳозирини гиромӣ!
Дар соли 2021 Раёсати МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» фаъолияти гуногунҷанбаи худро дар асоси сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 26 январи соли 2021 бармеоянд, суханрониашон дар маросими ифтитоҳи гимназияи №4 барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар Рӯзи дониш аз 1 сентябри соли 2021 ба роҳ монда, амалӣ гардондани нишондодҳои «Барномаи тайёр кардани мутахассисони соҳаи фарҳанг, санъат ва табъу нашр барои солҳои 2018-2022» — ро сармашқи кори худ қарор дод.
Дар давраи ҳисоботӣ Раёсати таълими донишкада дар самти фаъолияти таълимӣ як қатор тадбирҳои муҳимро дар амал татбиқ намуд. Пеш аз ҳама, барои дар сатҳи зарурӣ қабул ва баргузории раванди имтиҳонсупорӣ аз ҷониби мутахассисони Маркази тестӣ ва хизматрасонии техникии донишкада барномаи нав насб карда шуд. Сессияи санҷишу имтиҳонӣ тибқи талаботи низомномаи низоми кредитии таълим барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ташкил ва роҳандозӣ гардид.
Натиҷаи ҷамъбасти сессияи санҷишу имтиҳонӣ нишон дод, ки сатҳи сифати таълим дар донишкада нисбат ба нимсолаи зимистона ва солҳои гузашта хеле баланд шудааст. Агар сатҳи сифати таълим дар соли 2020-ум 25,1 % бошад, он дар соли 2021-ум 41,4 %-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16% зиёд мебошад.
Дар соли таҳсили 2020-2021-ум 601 донишҷӯ, 33 магистр донишкадро хатм намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 249 нафар зиёд мебошад. Пас аз натиҷагирии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи қабул 50 % иҷро гардид.
Ба донишкада аз коллеҷҳои соҳавӣ 43 нафар ва барои гирифтани таҳсилоти дуюми олӣ 20 нафар, аз ҳисоби шаҳрвандони хориҷӣ 27 нафар баъд аз гузаштани суҳбати тахассусӣ қабул карда шуданд.
Дар бахши магистратура бошад, аз ҳисоби хатмкардагон 23 нафар қабул карда шуд, ки 20 % — и нақшаро ташкил медиҳад. Соли равон ба донишкада 5 нафар докторант аз рӯи ихтисос (PhD) ва 3 нафар унвонҷӯ дохил шуд.
Фаъолияти илмии устодони донишкада асосан дар заминаи илмҳои санъатшиносӣ, фарҳангшиносӣ, педагогика, ҷомеашиносӣ, журналистика, таърих, забоншиносӣ, адабиётшиносӣ ва китобшиносӣ амалӣ мешавад.
Дар соли 2021 аз тарафи устодону омӯзгорони донишкада 5 китоби дарсӣ, 3 монография, зиёда аз 300 мақолаи илмӣ, илмӣ-оммавӣ, зиёда аз 70 барнома, дастурҳои таълимӣ, воситаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ ба нашр расиданд, ки аз фаъолияти босамари донишкада дар самти илм гувоҳӣ медиҳад.
Зикри ин нукта зарур аст, ки агар дар соли 2020 ҳамагӣ 4 мақола аз ҷониби устодони донишкада дар маҷаллаҳои хориҷ аз кишвар чоп шуда бошад, дар давраи ҳисоботӣ ин теъдод ба 44 адад расидааст. Ҳамчунин, устодони донишкада дар конфронсу семинарҳои хориҷӣ беш аз 100 маърӯзаи илмӣ карданд. Навиди фараҳбахши илмии дигар дар соли ҳисоботии 2021 нашри ду мақолаи илмӣ дар маҷаллаи илмии байналмилалии Agritech 5 – IOP (Илмҳои иқтисодӣ дар соҳаи замин ва муҳити зист, марбут ба Scopus) аз ҷониби устоди донишкада Фирдавс Арабов мебошад.
Аз самтҳои муҳимми дигар, ки барои рушду тавсеаи иқтидори илмии муассиса мусоидат менамояд, баргузории конфронсҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои илмию оммавӣ мебошад. Дар соли 2021 дар заминаи факултаҳо ва кафедраҳои умумидонишкадавӣ 27 конфронс ва семинари илмии дараҷаҳои гуногун гузаронида шуд, ки дар онҳо масъалаҳои муҳим баррасӣ гардиданд. Аз ҷумла, 26 — уми феврали соли 2021 бо ибтикори Донишкадаи давлатии фарҳанги Челябинск, Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Ӯзбекистон ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо унвони “Россия — Ӯзбекистон — Тоҷикистон. Нақши олимони ҷавон дар ҳалли масъалаҳои муҳимми соҳаи фарҳанг: таърих, инноватсия ва дурнамо” конференсияи байналмилалии илмию амалӣ тариқи онлайн баргузор гардид, ки дар кори он олимону муҳаққиқони донишкада низ иштироки фаъол доштанд. Дар ин ҳамоиши илмии сатҳи байналмилалӣ 16 маърузаи устодони донишкада ироа гардида, дар маҷмуаи китоб нашр шуданд.
Рӯзи 9-уми марти соли 2021 конференсияи илмию назариявӣ дар мавзуи «Нақши воситаҳои электронии ахбори омма дар инъикоси арзишҳои фарҳангии кишвар: мушкилот ва дурнамо» баргузор гардид, ки дар он маърӯзаҳои олимони як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии таълимӣ ва илмии ҷумҳурӣ дар ҳаҷми 32 мақола пешниҳод гардид. 12-уми марти соли 2021 конференсияи илмию назариявӣ дар мавзӯи “Роҳҳои навсозии омӯзиши назарияи мусиқӣ” доир гашт, ки дар он 18 мақолаи илмии олимони донишкада шунида шуд.
Аз 19 то 26-уми апрели соли 2021дар донишкада бахшида ба ҷашнҳои “30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)” ва “110 — солагии Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода” конференсияи илмӣ-назариявии ҳайати устодону кормандон, докторантону аспирантон ва магистрону донишҷӯён бо унвони «Ҳафаи илм» баргузор гардид, дар он 193 маърӯзаи илмӣ баррасӣ гардид.
30-юми апрели соли 2021 дар донишкада дар ҳамроҳӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон вобаста ба иҷрои дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.02.2021, №26/10-73 ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани 110-солагии Шоири халқии Тоҷикистон ва Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конфренсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ бо унвони «Нақши Мирзо Турсунзода дар рушди адабиёт ва фарҳанги миллӣ» баргузор гардид. Мақолаҳои ба кумитаи тадоркутои конференсия воридгардида дар шакли маҷмӯа бо номи “Нақши Мирзо Турсунзода дар рушди адабиёт ва фарҳанги миллӣ” рӯйи чоп омад.
Рӯзи 18-уми майи соли 2021 конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Низоми такмили ихтисос ва омодасозии китобдорон дар ҷумҳурӣ: вазъият ва дурнамо” баргузор гашт, ки дар он 31 мақолаи илмии олимони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва пажӯҳишгоҳҳои илмии ҷумҳурӣ пешниҳод гардид.
28-уми июни соли 2021 дар донишкада Конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ бо унвони “Шашмақом ва масоили мубрами рушди фарҳанги мусиқии тоҷик дар марҳалаи муосир” дар шакли он-лайн баргузор гардид. Дар ҳамоиши илмӣ дар баробари устодони донишкада, инчунин Гюлзар Маҳмудова — доктори илмҳои санъатшиносӣ, декани факултаи таърихӣ-назариявӣ, профессори кафедраи назариявии Академияи мусиқии Боку ба номи У. Гаджибелӣ, Саида Елеманова — номзади илмҳои санъатшиносӣ, профессори Консерваторияи миллии Қазоқистон ба номи Курмангази, Камчибек Дюшалиев — доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессори Консерваторияи миллии Қирғизистон ба номи К. Молдобосанова, Бахтиёр Ашуров — доктори илмҳои фалсафа оид ба санъатшиносӣ (PhD), мудири шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ-педагогии Консерваторияи давлатии Ӯзбекистон, Марина Дрожжина — доктори илмҳои санъатшиносӣ, профессори Консерваторияи давлатии Новосибирск ба номи М. И. Глинка, Шаҳноза Мирзоева — номзади илмҳои санъатшиносӣ, омӯзгори фанни мусиқӣ-назариявии Мактаби кӯдаконаи санъати ба номи Я. Флиери шаҳри Маскав иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар давраи ҳисоботӣ муаллими калони кафедраи забонҳои хориҷии донишкада Галимова Моҳинур Баротовна дар Шӯрои диссертатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз 8-уми июни соли 2021 дар мавзуи «Н. А. Крилов ва адабиёти тоҷик» (Масоили тарҷумаи масалҳои ӯ ба забони тоҷикӣ) рисолаи номзадӣ ҳимоя намуд.
Бо мақсади хубтару беҳтар намудани корҳои илмӣ ва ба низом даровардани рисолаҳои илмӣ, баланд бардоштани сатҳи илмию маърифати магистрон, докторон аз рӯи ихтисоси (PhD) ва унвонҷӯён (аспирантон) дар донишкада шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ фаъолият менамояд. Айни замон, дар шуъба 77 нафар магистр, 13 нафар докторант аз рӯи ихтисоси (PhD) ва 6 аспирант таҳсил менамояд.
Як бахши муҳимми фаъолияти донишкадаро ҳамкориҳои илмӣ ва эҷодӣ дар доираи робитаҳои байналмилалӣ ташкил менамояд. Айни замон донишкада бо 29 донишгоҳу донишкадаи кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, ҷумҳуриҳои Белорус, Украина, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Словакия шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида, дар доираи ин шартномаҳо ҳамкориҳои илмӣ, таълимӣ ва эҷодиро самаранок ба роҳ мондааст. 29 — уми январи соли 2021 ҷиҳати васеъ намудани ҳамкориҳои байналмилалӣ бо филиали Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Ӯзбекистон дар Фарғона Созишномаи ҳамкории байнидонишкадавӣ ба имзо расонида шуд. Ҳамчунин, ҷиҳати вусъат додани ҳамкориҳои байналмилалии донишкада созишномаи ҳамкорӣ бо Консерваторияи давлатии Қазон ба номи Н. Г. Жиганова, ки муҳлати амалаш ба охир расида буд, барои 5 соли оянда тамдид карда шуд.
10 — уми сентябри соли 2021 ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба филми «Ҷомӣ-Навоӣ» ва рӯйи кор овардани он ректори МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода”, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ тибқи даъвати Агентии кинематографияи Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафари корӣ анҷом дод.
Дар соли сипаришуда дар донишкада беш аз 70 маводи чопӣ оид ба чорабиниҳои фарҳангӣ, конфронсҳои илмӣ-назариявӣ, семинарҳо, ҳамоишҳо ба чоп омода гардида, аксарашон дар рӯзномаҳои бонуфузи кишвар, аз қабили “Ҷумҳурият”, “Минбари халқ”, “Садои мардум”, “Омӯзгор”, “Баҳори аҷам”, “Адабиёт ва санъат”, «Мароми пойтахт», сомонаҳои интернетии АМИТ-Ховар, Вазорати фарҳанг, Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва донишкада нашр гардиданд. Инчунин, дар давраи ҳисоботӣ маҷмуаи мақолаҳо дар шакли китоб бо унвони “Нақши Мирзо Турсунзода дар рушди адабиёт ва фарҳанги миллӣ”, китоби “Як соли дастовардҳо”, ки фарогири натиҷаҳои фаъолияти гуногунҷанбаи донишкада дар соли 2020 мебошад ва дастури таълимӣ-методии “Пайки Наврӯз”, ки дар он сенарияҳои наврӯзӣ гирд оварда шудаанд, аз чоп баромаданд.
Устодону донишҷӯёни донишкада дар озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” фаъолона ширкат варзиданд. Дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 4 нафар дар номинатсияҳои гуногун иштирок намуда, номзади илмҳои филологӣ, мудири кафедраи филология Изатзода Зулайхо дар номинатсияи «Хондан ва аз ёд кардани осори адибони ҷаҳон» сазовори ҷойи 2-юм гардид. Дар даври ниҳоии озмуни “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” донишҷӯи шуъбаи фосилавӣ Меҳроб Имомёров дар номинатсияи навозандаи эстрада сазовори ҷойи 1-ум, магистранти шуъбаи санъати мусиқӣ Нуриниссо Исрибшоева дар номинатсияи сарояндагӣ — анъанавӣ сазовори ҷойи сеюм, донишҷӯи соли дуюми факултаи санъати мусиқии мардумӣ Амриддин Мирзоев дар номинатсияи сарояндагии академӣ сазовори ҷойи сеюм ва донишҷӯи курси 2-юми шуъбаи сарояндагӣ (халқӣ) Шаҳобиддин Қурбонов дар номинатсияи сарояндагӣ — эстрада сазовори ҷойи ифтихорӣ гардиданд.
Аз 17-ум то 22-юми декабри соли 2021 дар донишкада бо мақсади баҳодиҳии маҷмуӣ ба фаъолияти илмӣ – таҳқиқотӣ ва муайянсозии рейтинги илмии ҳайати устодон, унвонҷӯёну аспирантон, докторантон аз рӯйи ихтисос (PhD) ва магистрон озмуни донишкадавӣ гузаронида шуд.
Ғолибони озмун — Арабов Фирдавс, Авғонов Алишер ва Раҳмонов Абдусаттор барои дастовардҳои илмӣ ва фаъолияти пурсамари илмӣ — таҳқиқотӣ дар соли 2021 мутаносибан бо Дипломи дараҷаи I, Дипломи дараҷаи II ва дипломи дараҷаи III, инчунин Холов Меҳриддин, Нуров Нозим, Амондуллоев Бекмурод ва Ашӯралив Муродалӣ бо Ифтихорнома сарфароз гардонда шуданд.
Бо мақсади дар амал татбиқ намудани талаботи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар факултаҳо ва хобгоҳи донишкада як қатор чорабиниҳои муҳимми тарбиявӣ, назири тарғибу ташвиқи ҷавонон дар рӯҳияи меҳанпарастӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, вохӯрӣ ва суҳбатҳои телефонӣ бо волидайни донишҷӯён, ба роҳ мондани навбатдорӣ дар факулта ва донишкада, ба роҳ мондани навбатдорӣ дар хобгоҳи донишҷӯён, назорати доимии донишҷӯёни тибқи квотаи президентӣ таҳсилкунанда ва ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо гузаронда шуданд.
Дар давраи ҳисоботӣ бо иштироки устодону донишҷӯёни донишкада силсилаи чорабиниҳои эҷодӣ баргузор гардиданд, ки дар ҷолибу хотирмон гузаштани онҳо оркестри таълимии созҳои халқӣ, хори таълимӣ, ансамблҳои Шашмақом, Фалак, созҳои халқӣ, созӣ-зарбӣ, чангнавозон, ансамбли рақсии «Бунафша» ва дигар коллективҳои эҷодии базавӣ нақши муҳим бозиданд.
Бо ибтикори роҳбарияти донишкада бахшида ба 30 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 110 — солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар саҳни муассиса гулгашт бунёд гардида, дар он нимпайкараи нави устод гузошта шуд.
Хулоса, дар давраи ҳисоботӣ Раёсати донишкада, ҳайати профессорону омӯзгорон дар баробари баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳа, муҳайё сохтани шароити мусоиди кору фаъолият, сабзу хуррамгардонии гирду атрофи донишкада ва хобгоҳи донишҷӯён, инчунин, барои дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ тарбия намудани донишҷӯён саҳми назаррас гузоштанд.